Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як сомонаи гуруҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро баст


Мақомоти Русия "Паём.нет", сомонаи вобаста ба гуруҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро бастаанд.

Дастрасӣ ба вебсайти 24.kg низ дар Русия дастнорас шуд.

Тарҳи "Роскомсвобода" мегӯяд, ҳарду сомона барои нашри матлабҳо дар бораи ҷанги Украина дастнорас шуданд.

Ин лоиҳа аз қавли "Роскомнадзор" ё Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқаи Русия навишт, "Паём.нет"-ро барои ду матлаб дар бораи ҷанги Украина масдуд карданд.

Гузориши аввал дар бораи эҳтимоли мавҷи дуюми сафарбарӣ (мобилизатсия) ва фиристодани зиндониён ба ҷанг будааст.

Сабаби дигари баста шудани сомонаи “Паём.нет”, суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раиси созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллӣ ба тарафдорӣ аз Украина гуфта мешавад.

"Роскомсвобода" навишт, қарор дар бораи бастани сомонаи “Паём.нет” дар Русия, 31-уми майи соли 2023 қабул шуд.

Ба навиштаи ҳамин манбаъ, сомонаи 24.kg (Қирғизистон) барои чор хабараш дар моҳи октябри соли 2022 дар ҳудуди Русия дастнорас гардид.

"Ин хабарҳо дар бораи ҷанги Украина буданд ва дар бораи тирпаронии нерӯҳои Русия, талафоти ғайринизомиён, таҳримҳо алайҳи Маскав ва мобилизатсия нақл мекарданд. Қарор дар бораи бастани ин саҳифаҳо моҳи ноябри соли 2022 қабул шуда, он танҳо 12-уми сентябри имсол иҷро шуд," -- навиштааст лоиҳаи "Роскомсвобода".

Дар ҳарду ҳолат на саҳифаҳои алоҳида, балки кулли сомона дар ҳудуди Русия баста шудааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси тартиби идораи "Роскомнадзор", ширкатҳо бояд саҳифаҳои алоҳидаро дастнорас кунанд.

Баъд аз таҷовузи Русия ба хоки Украина, мақомоти рус даҳҳо сомонаро барои нашри матлабҳое, ки барояшон писанд нест, бастанд. Аз ҷумла, ба ҳамин далел вебсайти Радиои Озодӣ ҳам дар ҳудуди ин кишвар моҳҳо боз дастнорас аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG