Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роскомнадзор" аз расонаи қазоқӣ хост, матлабро дар бораи ҷанги Украина пок кунад


"Новый репортёр" мегӯяд, "Роскомнадзор"-и Русия хабаргузории қазоқии "NewTimes.kz"-ро огаҳ кардааст, ки матлаб дар бораи ҷанги Украина ва таҳримҳои нави Ғарб алайҳи Москваро аз сомонааш ҳазф кунад.

Ба гуфтаи муҳаррири "NewTimes.kz" Дмитрий Ким, ин ниҳоди Русия матлаби онҳоро 14 апрел "хилофи қонунгузорӣ дар бораи расонаҳо" номидааст.

"Истиноди мушаххас нишон дода шудааст. Сухан аз таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо буд ва мо дар ин матн ба Бӣ-Бӣ-Сӣ истинод оварда будем. Аз огаҳиномаи "Роскомнадзор" бар меояд, ки маълумоти матлаби мо дар бораи "амалиёти вижа"-и Русия нодуруст будааст", - изҳор дошт муҳаррир.

Ба гуфтаи Ким, "Роскомнадзор" дар огаҳиномааш талаб карда, ки матлаб фавран пок карда шавад ва дар сурати иҷро нашудани ин талаб дастрасӣ ба сомонаи хабаргузорӣ маҳдуд мешавад.

Муҳаррири хабаргузории қазоқӣ афзуд, ки баъди дарёфти огаҳинома матлабро пок карданд.

XS
SM
MD
LG