Сафари Макрон ба Олмон лағв шуд

Президенти Фаронса, Эммануел Макрон, ба далели бетартибиҳо дар ин кишвар сафари расмияш ба Олмонро лағв кард. Қарор буд нахустин сафари кории ӯ ба Олмон рӯзҳои 2 то 4-уми июл баргузор шавад.

Дар Фаронса чанд рӯз боз эътирозу бетартибиҳо идома доранд. Ин бетартибиҳо баъди он сар заданд, ки пулис як навраси 17-соларо парронд.

Бар асоси иттилои Қасри Елисей, Макрон рӯзи 1 - уми июл бо раҳбари Олмон, Франк-Валтер Штайнмайер, гуфтугӯи телефонӣ дошт. “Раиси ҷумҳур хабар дод, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъи дохилӣ, мехоҳад дар кишвар бимонад. Аз ин рӯ ҳарду президент машварат карданд, ки мулоқотро дар Олмон ба ягон санаи дигар гузаронанд.”- омадааст дар хабар.

То шаби якуми июл дар саросари Фаронса беш аз 1300 касро дастгир кардаанд. Рӯзи шанбе дар шаҳри Нантер, воқеъ дар ғарби Порис, маросими дафни навраси 17 сола баргузор шуд. Ӯ рӯзи 27-уми июн кушта шуд.

Ба иттилои пулис, наврас пушти фармони мошин ба пулис итоат накард ва дар натиҷа паронда шуд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки як пулис ронандаро ба нишон гирифтааст. Вақте мошин ҳаракат мекунад, пулис тир мекушояд ва тир ба синаи наврас мерасад.

Ин ҳодиса дар Фаронса сару садои зиёде ба по кард. Эътирозгарон пулиси фаронсаро ба хушунат ва нажодпарастӣ муттаҳам карданд. Дар маросими дафни навраси кушташуда садҳо нафар ҷамъ омадаанд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, аз ин ҳодиса нигарон шудааст ва ҳамзамон аз сокинон даъват кард, ки хушунатро бас ва оромиро ҳифз кунанд.