Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон аз Эрон хостааст, ба Русия дрон нафиристад


Эммануэл Макрон ва Иброҳим Раисӣ
Эммануэл Макрон ва Иброҳим Раисӣ

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса, ба ҳамтои эронияш Иброҳим Раисӣ дар бораи оқибатҳои фиристодани дрон ё ҳавопаймои бесарнишин ба Русия ҳушдор додааст.

Дафтари матбуотии Макрон гуфт, ӯ рӯзи 10-уми июн бо Раисӣ телефонӣ гап зад.

Ба иттилои манбаъ, президенти Фаронса хостааст, Эрон фиристодани кумакро ба Русия дар ҷанг зидди Украина "фавран бас кунад".

Бритониё, Фаронса, Олмон, Иёлоти Муттаҳида ва Украина мегӯянд, интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Русия хилофи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз соли 2015 аст.

Русия дар ҷанги зидди Украина аз ҳавопаймоҳои бесарнишини сохти Эрон зиёд истифода мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG