Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Дубай шаш шаҳрванди 25 то 36-солаи Тоҷикистонро дар ғорату ҳамла ба макони зисти хонаводае дар ин шаҳри тиҷоратии Иморти Муттаҳидаи Араб гунаҳгор номида, ҳар яки онҳоро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ин дуюмин ҳолати муҷозоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар додгоҳи таҷдиди назари Дубай барои содир кардани ҷиноят дар ин кишвар аст, ки ҳафтаи ҷорӣ эълон мешавад. Маҳкумшудаҳо 30 рӯз мӯҳлат доранд, ки аз болои ин ҳукм шикоят кунанд. То ин лаҳзаҳо назари маҳкумшудаҳову вакилони онҳо ба ин парванда дар даст нест.
Ба навиштаи вебсайти www.thenationalnews.com, ки парвандаҳои ҷиноиро пайгирӣ мекунад, додгоҳ гуфтааст, ки мардони ниқобпӯш шаби Соли нави 2021-22 ба хонаи як хонаводае дар маҳаллаи Ал-Баршаи Дубай ҳамла карда, дар ҳаҷми умумии то 1 миллион дирҳам ё муодили 300 ҳазор доллари амрикоӣ ҷавоҳироту пул ва дигар чизҳои гаронбаҳоро бо худ бурданд. Ба ҳангоми ғоратгарӣ аъзои хонаводаро, ки хурдсолтаринашон духтарчаи панҷсола ва як шоҳиди дигари ин ҷиноят будааст, бо корду болға таҳдид кардаанд.
Полиси Дубай, ки гуфтааст, ҳамлагаронро дар 24 соат ошкор ва чор нафарашонро боздошт кардааст, маълум кардааст, ки онҳо чанд рӯз пеш аз содир шудани ҷиноят аз Тоҷикистон ба Дубай рафта буданд. Дар ҳоле, ки чор нафар пушти панҷара ҳастанд, ду нафарашон аз кишвар фирор карда тавонистанд, омадааст дар хабар.
Ин хабар дар ҳолест, ки ҳафтаи ҷорӣ се ҷавони тоҷики аз 18 то 35-сола барои одамрабоӣ ва таҳдид ба як марди чинӣ бо фармоиши як зани чинии дигар ба шаш моҳи зиндон маҳкум шуданд.
Дар ҳарду ҳолат ҳам додгоҳ амр додааст, ки айбдоршудаҳо баъди адои ҷазои зиндон ва пардохти ҳаҷми ҷарима ба ватан истирдод шаванд.
Хабарҳо дар бораи эҳтимоли қонуншикании шаҳрвандони Тоҷикистон дар Дубай ва дигар минтақаҳои Имороти Муттаҳидаи Араб, ки макони маъруфи тиҷорату савдо ва туризм мебошад, зиёд нашр мешавад, ҳарчанд омори дақиқи тоҷикистониҳои зиндонӣ дар ин кишвар дар даст нест.
Рӯзи 20-уми август телефони консулгарии Тоҷикистон дар Дубайро касе набардошт.
Вале бино ба таҳқиқоти мухталифи ҳомиёни ҳуқуқ, ин кишвар ба феҳристи давлатҳое ворид мешавад, ки шумори бештарини зиндониҳои хориҷиро дорад. То июни соли 2022 шумори хориҷиҳои зиндонӣ дар ин кишвари арабӣ 88 дарсадро ташкил медод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Се тоҷикистониро барои одамрабоӣ дар Дубай ба зиндон андохтандСамарқанд, Дубай ё хона. Сокинон барои истироҳат куҷо мераванд? ВИДЕО"Ҳафт сол пеш баромаду рафт." Зумрад Абдураҳимова бо кӯдаконаш куҷо шуд? ВИДЕОТоҷикистон 7 шаҳрванди зиндониашро аз Қазоқистон қабул накард. Онҳо ба ҳамкорӣ бо "Шаҳомат" айбдорандМаҳбуси фирории тоҷик дар Русия боздошт шудааст