Даҳ сол пеш, 8-уми июни 2012, ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин, Чин ваъда дода буд, ки сармоягузориро ба иқтисоди Тоҷикистон як миллиард доллар бештар мекунад. Аз он замон то кунун муносибати ду кишвар наздикии бесобиқаеро таҷриба мекунад. Мақомот аз натиҷаҳои он қонеъ ҳастанд, вале баъзе аз сокинону коршиносон нигаронанд.
Он сафари Эмомалӣ Раҳмон бо имзо шудани даҳҳо қарордоди байнидавлатӣ дар хотираҳо мондааст. Чин сохтани корхонаи гармидиҳии Душанбе ва корхонаи семент дар ноҳияи Шаҳритусро ба уҳда гирифт.
Бо гузашти 10 сол аз имзо шудани ин қарордод, Чин тақрибан дар тамоми бахшҳо дар Тоҷикистон ҳузур ёфтааст. Мизони сармоягузории Чин дар Тоҷикистон аз марзи 3 миллиард доллар гузашта, қарзи хориҷии Душанбе дар назди Пекин 1 миллиарду 123 миллион долларро ташкил медиҳад.
Аз зерсохтор то хоҷагии деҳот
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин бо иҷрои тарҳҳое ба мисли бунёди роҳҳо, нақбҳо, истгоҳҳо ва хатти барқ шуруъ шуда, бо сохтмони иншооти муҳиме чун бинои порлумону ҳукумат идома меёбад.
Ширкатҳои бузурги Чин аз ҳисоби қарзҳои ин кишвар роҳҳои Душанбе-Чаноқ (410 км), Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб, Душанбе-Турсунзода, нақбҳои “Шаҳристон”, “Дӯстӣ”, “Хатлон”, “Озодӣ”, роҳҳои марказии Душанбе, нақб ва роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Қӯрғонтеппа, роҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол, Айнӣ-Панҷакент ва ғайраро сохтанд.
ТВЕА, яке аз ширкатҳои бузурги Чин, хати барқи “Ҷануб-Шимол”, “Хатлон-Лолазор” ва корхонаи гармидиҳии Душанберо сохту дар ивази он иҷозатномаи коркарди маъдани “Дуоба” ва “Қумарғи боло”-ро дар ноҳияи Айнӣ ба даст овард.
Даҳҳо ширкати чинӣ ба истихроҷи маъдан машғуланд. Корхонаи муштараки истихроҷи тиллои “Зарафшон” ба ширкати “Zijin Mining”, “Покрӯд” ба ширкати “China Nonferrous Gold Limited” ва кони истихроҷи “Якҷилва” дар дасти ширкати “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед” аст.
Ҳузури ширкатҳои чинӣ дар арсаи хоҷагии қишлоқ ва кишоварзӣ низ мушоҳида мешавад. Дар вилояти Хатлон ширкатҳое ба монанди “Синзян инхай” ва “Хай Ли” садҳо гектар заминро барои 50 сол ба иҷора гирифта, дар ҳоли тавсеи киштзорҳо ҳастанд.
Дар умум, бештар аз 300 ширкат ва ташкилоти чинӣ дар иқтисоди Тоҷикистон умдатан дар истихроҷи маъдан ба монанди тилло ва ангишт, саноати химия, истеҳсоли семент, барқ, кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ ва арсаҳои дигар сармоягузорӣ мекунанд.
Вижагиҳои ҳамкорӣ
Қарзҳои чинӣ бо имтиёзи 2-3 дарсадии солона ба муҳлати 20 сол дода мешаванд. Аммо, қоидатан шарти гирифтани онҳо ин аст, ки тарҳҳо бояд тавассути ширкатҳои чинӣ иҷро шаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чин дар ивази "гарм кардан"-и Душанбе ба истихроҷи тилло дар як кони Тоҷикистон оғоз кардааст. ВИДЕОҒайр аз ин, коршиносон мегӯянд, Пекин қарзҳоро бар ивази дастрасӣ ба конҳои маъдан медиҳад. Таҳти ин шарт буд, ки ширкати ТВЕА корхонаи гармидиҳии Душанберо сохт ва ба кони истихроҷи «Дуоба» ва «Қумарғи боло» дар ноҳияи Айнӣ соҳиб шуд. Ҷузъиёти ин додугирифт мисли қарордодҳои дигар аз мардум пинҳон мондааст.
«Ба гумони ғолиб қарордодҳо аз ҷониби Чин махфӣ шудаанд. Ин шеваи бастани қарордод андешаҳои гуногунро ба миён меорад, чунки дар Шри Ланка ва кишварҳои африқоӣ дар қарордодҳо гуфта шудааст, ки дар сурати напардохтани қарз Чин метавонад, ба иншооти гуногун дастрасӣ пайдо кунад», -- мегӯяд як сиёсатшиноси тоҷик, ки нахост номаш фош шавад.
Ин коршинос инчунин ба қарзи афзояндаи Тоҷикистон дар назди Чин ишора кард, ки дар оянда боис ба вобастагии бештари Тоҷикистон аз ин кишвар хоҳад шуд.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон 34 дарсади қарзи хориҷии Тоҷикистон, яъне 1,39 миллиард доллар, дар назди Чин аст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврали имсол гуфт, феълан ягон созишнома барои гирифтани қарз аз Чин рӯйи миз нест, вале "агар зарур шавад, мумкин боз аз Чин ё кишварҳои дигар қарз дарёфт кунанд".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир аз Чин қарз гирифтанӣ нестандФаъолшавӣ дар арсаи амниятӣ
Амният арсаи нисбатан ҷадиде барои ҳамкории Душанбе ва Пекин шудааст, ки қаблан дар ихтиёри Маскав буд. Бо гузашти замон Чин дар ин арса низ ба сармоягузорӣ пардохтааст. Пекин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 4 қисми низомӣ ва маркази таълимӣ ва дар Душанбе “Хонаи афсарон” сохт. Моҳи ноябри соли 2019 Маркази мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ифтитоҳ гардид.
Ба ҷуз ин, тибқи иттилои гуногун, Чин дар водии Вахони ВМКБ пойгоҳи низомӣ дорад, ки вуҷуди он то ҳанӯз махфӣ нигоҳ дошта шудааст. Пентагон ё Вазорати дифои Амрико дар як гузориш ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида моҳи сентябри 2020 ишора кардааст, ки "Чин талош дорад, дар хориҷ аз марзҳои худ пойгоҳҳо ва зарфиятҳои логистикии пешрафта бунёд кунад, ки Артиши озодибахши Чинро барои ҳифзи нерӯи низомӣ дар фосилаҳои дур қодир бисозад".
Тоҷикистон ба унвони яке аз 12 кишвар зикр шудааст, ки Чин онро ба унвони як гузина (интихоб) дар назар гирифтааст. Артиши озодибахши Чин расман танҳо дар кишвари Ҷибутӣ пойгоҳи низомӣ дорад.
Як назар аз Душанбе
Ҳукумати Тоҷикистон Чинро “шарики боэътимод” меномад. Барои мисол, Худойбердӣ Холиқназаров соли 2017 замони роҳбари Маркази тадқиқоти стратгеии Тоҷикистон буданаш гуфта буд, “Чин ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо кардааст. Ҳамаи қарордодҳое, ки байни кишварҳо имзо мешаванд, Чин барои иҷроӣ шудани онҳо ҳамаи талошҳои мумкинро мекунад...ва ба пешрафти кишвари мо мусоидат мекунад”.
Азиз Нуруллоев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд ҳар қадаре, ки дар Тоҷикистон низоми истибдодӣ шадидтар мешавад, ҳамон қадар наздик шудан бо Чин зарурат пайдо мекунад. “Тавсеаи робита бо Ғарб ба далели пасрафти ҳамаи меъёрҳои демократӣ боз ҳам душвортар мешавад. Русия ба сабаби ҷанг бо Украина ва таҳримҳои Ғарб зарфиятҳои бештареро аз даст медиҳад. Пекин амалан шарики аслии Душанбе аст. Аммо ин шарикӣ бо чӣ меанҷомад, вақт нишон хоҳад дод,” – гуфт ҳамсуҳбати мо.