Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир аз Чин қарз гирифтанӣ нестанд


Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, қарзи кишвар аз Чин 1 миллиарду 39 миллион доллар мебошад ва ин маблағ қариб 34 дарсади қарзи хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин маблағи қарз аз "Эксимбонк"-и Чин мебошад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, феълан ягон созишнома барои гирифтани қарз аз Чин рӯйи миз нест. Аммо Қаҳҳорзода инро истисно накард, ки барои кишвар агар зарур шавад, мумкин боз аз Чин ё кишварҳои дигар қарз дарёфт кунанд.

"Мо бо ҳама кишварҳо ҳамкорӣ дорем. Давлате нест, ки бе ҷалби қарз иқтисоди худро пеш барад. Қарзҳо имтиёзнок бошад чаро ҷалб накунем? Чин аст, Русия аст. Чаро ҷалб накунем?",-афзуд вазири молия.

Қарзи зиёд гирифтани Душанбе аз Пекин нигаронии бархе коршиносонро ба миён овардааст. Чун ин гуруҳ мегӯянд, Тоҷикистон бо гирифтани қарзи зиёд зери таъсири Чин мемонад. Аммо мақомот инро рад карда мегӯянд, ҳамкории онҳо бо Пекин аз ҷумла гирифтани қарзҳо шаффоф аст.

Тибқи омори расмӣ, қарзи пурраи хориҷии кишвар то аввали имсол ба 3,3 миллиард доллар расидааст, ки 37,6 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ расидааст.

Ба гуфтаи Вазири молия, баъди Чин қарзи бештари Тоҷикистон аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аст. Файзиддин Қаҳҳорзода омори қарз аз БАТР-ро зикр накард, танҳо гуфт, маблағҳои қарзи гирифтан аз ин бонк барои рушди обёрӣ дар кишвар ва коркарди партовҳои сахти маишӣ равона шудаанд. Вазири молия гуфт, Тоҷикистон дар пардохти қарзи хориҷиаш феълан мушкил надорад.

XS
SM
MD
LG