Муҳаққиқони ин созмон мегӯянд, дар соли гузашта мақомот ҳамоно ҳуқуқшиносони мустақил, журналистон ва аъзои оилаҳои фаъолони сиёсиро, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, ҳадаф қарор доданд. Вале мақомдорони тоҷик, аз ҷумла идораи Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон арзёбиҳои ин созмонро беасос номида, интиқодҳои ҳомиёни ҳуқуқро “яктарафа ва боэҳсос” номидаанд.
Дар маҷмӯъ, гузориши имсолаи HRW ба низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизисон, ишғоли Афғонистон аз ҷониби “Толибон”-у дар пай аз ҷумла ба Тоҷикистон рӯ овардани ҳазорҳо паноҳҷӯён ва нақши боризи ҷомеаи мадании кишвар дар муқобила бо COVID-19 аз назари мурооти ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ кардааст. Вале муҳимтарин хулосааш ин аст, ки дар соли гузашта маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ дар ин кишвар идома кард, аз ҷумла, масдудкунии интернетсайтҳои хабаррасон ва мунаққиди ҳукумат, мушкилоти шиканҷа дар боздоштгоҳу азияти аъзои созмонҳои мухолифон, мисли Ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ давом доштааст.
Омбудсмен: “Гузориш боэҳсос навишта шудааст”
Вале бархе намояндагони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла идораи Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон чунин арзёбиро беасос ва дур аз воқеият медонанд. Суҳайлӣ Қодирӣ, намояндаи Омбудсмен ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузориши нави Созмони Дидбони ҳуқуқи башар аллакай шинос шудааст ва онро якҷониба меҳисобад. Қодирӣ мегӯяд:
"Арзёбии ин созмон аз мавқеи расмии мақомоти давлатии Тоҷиистон ба куллӣ фарқ дорад. Дар он сарчашмаҳои асосноки иттилоъ нишон дода намешавад, маълумот яктарафа ва боэҳсосот навишта шудааст".
Қодирӣ ба мисолҳои мушаххаси мавриди норизоияташ аз гузориши HRW ишора накард, танҳо гуфт, ки созмон “назари мақомоти тоҷикро напурсид” ва дар гузориш “дастовардҳои 30 соли охири Тоҷикистон ба эътибор гирифта нашудаст”.
Дониёр Набиев, Иззат Амон, ҳукмҳои сиёсӣ ва шиканҷа
Вале HRW, ки худро созмони мустақили нозири мурооти ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон меномад, аз чанд маврид ёдовар шудааст. Яке – парвандаи Дониёр Набиеви 80-сола аст, ки поёни соли 2020 бо иттиҳоми кӯмак ба созмони экстремистӣ боздошт шуда, ним сол дар зиндон пуштисар кард. Набиев, ки барои кӯмакаш ба зиндониҳои сиёсӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд, баъди озод шуданаш ҳеҷ гоҳ барои сӯҳбат бо матубот омодагӣ нишон надод ва маълум нест, ки дар ҳабсу зиндон чӣ таҷрибае пуштисар кардааст.
Парвандаи пурсарусадои Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик намунаи дигаре аз поймолшавиҳои ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар соли 2021 будааст. HRW таъкид намудааст, ки "ӯ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро интиқод карда буд, дар Маскав рабуда ва иҷборан ба Тоҷикистон баргардонида шуд". Чунин иддаоро мақомоти Тоҷикистон рад мекунанд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2021 дар ҷараёни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Иззат Амон барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия ба Душанбе ихроҷ ё депортатсия шудааст. Бо ин ки шарҳи расмиву ғайрирасмии вазъи Иззат Амон аз ҳам тафовут дорад, воқеият ин аст, ки ӯ бо гумони қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд ва парвандаи ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд.
Боздошти пайвастаи сокинон ба иттиҳоми "Салафия", мурофиаҳои пӯшидаи гумонбарон ва аз роҳи шиканҷа гирифтани эътирофи гуноҳ чун мавридҳои дигари поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши тозаи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар таъкид шудааст. Дар ин замина аз қазияи шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, як сокини шаҳри Турсунзода ёдоварӣ ва гуфта мешавад, ки се афсари пулис барои гирифтани шаҳодати бардурӯғ ӯро шиканҷа намудаанд ва танҳо пас аз боздошти қотили аслӣ раҳояш намудаанд. Мақомот гуфтанд, милисаҳоеро, ки дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров даст доштанд, ҷазо додаанд.
Мурофиаи пӯшида ва аз роҳи шиканҷа гирифтани эътирофи гуноҳ дар парвандаи 18 тан аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки ба гумони узвият дар созмони мамнӯи "Салафия" айбдор мешуданд, дар гузориши HRW ҳам ёд шудааст. Дар доираи ин парванда сокинони деҳаи Хистеварз, аз ҷумла як марди маъюб ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд ва додгоҳ гуфт, ки гуноҳи ин афрод дар мурофиаи додгоҳӣ исботи худро ёфтааст ва чун “ далели шайъӣ телефонҳои ҳамроҳ гирифта шуд”. Вакилони дифои маҳкумшудаҳо гуфтанд, шикояти аксар маҳкумшудаҳо аз болои ҳукм ва талоши исботи бегуноҳиашон ношунида монд.
HRW дар гузориши худ инчунин ба шароити зиндонҳои Тоҷикистон ҳам муроҷиат кардааст. Созмон мегӯяд, "маҳбасҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба қадри кофӣ муҷаҳҳаз нестанд ва аз ҳад зиёд пуранд ва бо маҳбусон пайваста бадрафторӣ сурат мегирад". Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, 1700 маҳбусро тобистони соли 2021 ба зиндони наве дар ҳудуди ноҳияи Ёвон интиқол доданд, ки шароиташ мутобиқ ба меъёрҳо мебошад. Созмонҳои маҳаллии ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, вуҷуди бадарафторӣ ва шиканҷа аз ҷониби мақомот маъмулан рад мешавад ваё дар ҳолатҳои истисноии эътирофи чунин ҳолатҳо кам андар кам бо ҷалби масъулони озордиҳанда ба ҷавобогарӣ меанҷоманд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мушкили аққалиятҳои ҷинсӣ, манъи ҳиҷоб ва хизмати “хирсона”
HRW ба вазъи намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ ҳам дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки шуморашон дар ин кишвар садҳо нафар гуфта мешавад. Ба навиштаи ин созмон, ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон бо табъиз рӯ ба рӯянд ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо як масъалаи ҳассос боқӣ мондааст. Дар вокуниш ба ин бахши гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар Суҳайлӣ Қодирӣ, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Радиои Озодӣ гуфт: " Инро мо қобили қабул намешуморем, яъне инҳо ҷанбаъҳоеянд, ки, пеш аз ҳама, ба ахлоқи миллати мо ҷавобгуй нест".
HRW мегӯяд, соли 2021 мақомот дар Тоҷикистон ҳамоно талош карданд ҳиҷобпӯшии занонро манъ карда риши мардонро назорат кунанд ва бо ин роҳ озодиҳои динӣ ё эътиқодро шадидан маҳдуд кардааст. Вале ба назари Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон, ин гуна арзёбии Дидбони Ҳуқуқи Башар наметавонад баёнгари вазъи воқеии озодиҳои динӣ дар кишвар бошад. Афшин Муқим мегӯяд: "Зеро ин як чизи нисбӣ аст, ки зоҳиран аз рӯи ахбори расонаҳо гирифта шудааст ва ахбори расонаҳоро мо гуфта наметавонем, ки ҳамагӣ шаффоф инъикос шудааст".
Ба навиштаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳоеро, ки интиқод мекунанд, масдуд карда, рӯзноманигорону блогерҳо барои андешаҳои интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Саъдӣ Маҳдӣ, раиси Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, як идораи тобеи ҳукумати Тоҷикистон ин интиқодро ноодилона меҳисобад.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "сомонаҳое, ки ба тарғиби терроризму зери по гузоштани манофеи миллӣ машғуланд, масдуд бошанд беҳтар..." Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон арзёбиҳои Дидбони Ҳуқуқи Башарро воқеӣ хонда, таъкид намуд, ки "масдудияти сомонаҳои интернетӣ маъмулан ғайриқонунӣ сурат мегирад ва ин "хизмати хирсона"-и мақомот ба ҳукумати Тоҷикистон аст".
Мушкили дастрасии хабарнигорони Радиои Озодӣ ба аккредитатсия ва таҳдид барои қатъи идомаи кор низ дар гузориши созмон зикр ва таъкид шудааст, ки чунин амали мақомот бар хилофи қонун аст. Масалан, то поёни соли 2021 мақомот ба камиаш ба ҳашт хабарнигор дар додани аккредитатсияи кор дар Радиои Озодӣ посухи рад додаанд.
Дар ҳоле ки намояндагони мақомот бо арзёбиҳои созмони ҳомии ҳуқуқи инсон розӣ нестанд, ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ҳар як ҳодисаи дар ин гузориш ёдшуда бар асоси манобеи боэътимод таҳия шудааст ва бозгӯкунандаи воқеияти кишвар мебошад. Ӯ гуфт: "Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла масъулон оид ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар дохилу берун аз кишвар маниторинг мегузаронанд, равандҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва матлабҳояшон боэътимод аст".
Вале бисёр коршиносон мегӯянд, набуди эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва мушкилоти тӯлонимуддат дар ин бахш метавонад боиси эҷоди бӯҳрон шавад, онгуна, ки оғози моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон мушоҳида шуд. Сийнат Султоналиева, намояндаи Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд аз озодии баён дар кишвар ҳимоят ва таъқиби мухолифонро қатъ кунанд. Ӯ афзуд, дар Тоҷикистон ҳамчунин ба шиканҷаи маҳбусон бояд хотима диҳанд, маҳдудсозии озодиҳои диниро хотима дода талошҳо барои ҳимояи ҳуқуқи занону кӯдакон ва маълулонро таъмин созанд.
Вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷиистон дар гузашта низ борҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша иддаои бадтар шудани вазъи озодиҳо дар кишварро рад мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Даъвати AI ва HRW ба мурооти ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон 30 соли КДАМ. Нақш ва таъсири он ба зиндагии сокинони Тоҷикистон чист?Омбудсмени тоҷик аз ҳамтои русаш таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони дар Иркутск боздоштшударо тақозо кард Раҳмон дар паёми худ чӣ гуфт ва чӣ нагуфт? ВИДЕО