Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 соли КДАМ. Нақш ва таъсири он ба зиндагии сокинони Тоҷикистон чист?


Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон
Сӣ сол пеш, 28-уми декабри соли 1991, дар Душанбе рӯзи кормандони амнияти миллии Тоҷикистон эълон гардид. Ҷонибдорони ҳукумат ба нақши КДАМ дар таъмини субот, вале мухолифон дар саркӯби дигарандешон таъкид мекунанд. Коршиносон ба ин назаранд, ки ин ниҳод ҳамчун меросбари КГБ-и Шӯравӣ дорои ҳаққи тафтишоти муқаддамотӣ (пешакӣ), иттилоотӣ, фаъолиятҳои фавриву ҷустуҷӯӣ ва ҷосусӣ буда, оҳиста-оҳиста бар тамоми бахшҳои зиндагии ҷомеа таъсир гузоштааст.

Дар сӣ соли фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон чаҳор маротиба роҳбарияти ин ниҳод иваз шуда, ҳайати афсарон, имкониятҳои фаннӣ (техникӣ) ва таъсири ин ниҳод бар зиндагии мардум хеле тағйир кард. Як нишонаи таъсири КДАМ ин аст, ки дар муддати 11 сол ин ниҳод зери роҳбарии як нафар – генерал-полковник Саймумин Ятимов мебошад. Ӯ яке аз мансабдори таъсиргузор аст, ки бо роҳбарияти сиёсии кишвар робитаи хонаводагӣ надорад.

Аҷибаш ин ки, ба назари ман, ин сохтор маҳз дар давраи Ятимов дар самтгириҳои худкомаи кишвар нақши марказӣ бозидааст.
Эдвард Лемон

Коршиносони байнулмилалӣ ва мухолифони ҳукумат дар Душанбе аз он шикоят мекунанд, ки маҳз бо таъйини ӯ дар соли 2010 раванди шадид шудани назорати давлат бар дин, мухолифон, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Назаре, ки мақомот на эътироф ва на рад мекунанд.

Қонун ва воқеият

Фаъолияти КДАМ-ро қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон” танзим мекунад. Кумита бар асоси ин қонун дар доираи салоҳияти худ сиёсати таъмини манофеи миллӣ ва ҳифозат аз марзҳои давлатиро пиёда карда, таъмини амнияти шахсӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ ва ғайраро амалӣ мекунад. Қонун ин ниҳодро вазифадор мекунад, ки бар асоси усули қонунмандӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инсондӯстӣ, баробарӣ дар назди қонун ва бетарафӣ фаъолият кунад.

Усулҳое, ки Тоҷикистон, аз ҷумла КДАМ барои нақзи онҳо ҳамвора мавриди интиқод қарор мегирад.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

“Хадамоти амнияти миллӣ дар Тоҷикистон давоми ду даҳсолаи гузашта нуфузи худро тақрибан дар ҳар як соҳаи ҷамъиятӣ тавсеа додаанд – аз дину мазҳаб то матбуот, аз сарҳади давлатӣ то зиндонҳо ва дар ҳама шаклҳои фаъолиятҳои иқтисодӣ пайомадҳои он барои шаҳрвадони Тоҷикистон харобиовар шудааст. Вақте нирӯҳои полиси Тоҷикистон ба худсарона боздошт кардани журналистон, мухолифони сулҳомез ва диндорон даст мезананд, маъмурони амниятии Тоҷикистон дар пешсафи саркӯбҳои ҳуқуқи башар истода, ба амалиёти бебандубору одамрабоӣ, гоҳе берун аз қаламрави Тоҷикистон – дар Русия, Туркия ва Эрон – даст мезананд. Дар дохили кишвар хадамоти амниятӣ назорати сартосариро ба роҳ монда, созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистонро тарс додаанд, дар натиҷа созмонҳои зиёди маданӣ ва матбуоти мустақил баста шуданд,” - мегӯяд коршиноси мустақили ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ва профессори Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ Стив Свердлов.

Ин коршинос ба фишор бар хешовандони мухолифин, ки барои тарки Тоҷикистон маҷбур мешаванд ва вуҷуди зиндониёни сиёсӣ ишора мекунад, ки Душанбе аз озод карданашон сарпечӣ мекунад.

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон тибқи маъмул танқид кардани худро нодида мегиранд ва боздоштҳоро мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои дигар мешуморанд.

Маҳдудият бар фаъолият

Аз соли 2015 даҳҳо расонаи мустақил, аз ҷумла “Озодагон”, “Нигоҳ”, “Суғд”, “Факты и комментарии”, “Нури зиндагӣ”, “Ҷомеа”, “Миллат”, хабаргузориҳои “Тоҷнюс” ва “Озодагон” фаъолияти худро қатъ карданд.

Бино ба шохис ё индекси байнулмилалии озодии матбуот дар моҳи апрели соли 2021, мақомоти Тоҷикистон бо пайравӣ аз равиши Русия ва баҳонаи бемории COVID-19 дастрасии хабарнигоронро ба иттилоъ ва кор дар ҷойи ҳодиса маҳдуд карданд. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз менависад, “ҳама гуна иттилои “бардурӯғ” ё “нодуруст” дар мавриди бемориҳои сироятӣ дар ин кишвар метавонад, боиси ҷарима ё 15 шабонарӯз боздошт гардад”.

Ин созмон инчунин мегӯяд: ҳадафи мақомот маҷбур кардани хабарнигорон ба худсензура ҳангоми бозтоби мавзӯи COVID-19 ва расонидани иттилоъ, ки сарчашмааш мақомоти расмӣ намебошад.

Мақомоти Тоҷикистон роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои даст доштан дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, ки онро кӯшиши табаддулоти Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини Вазорати дифоъ, муттаҳам карданд. Тамоми аъзои роҳбарии ҲНИТ боздошт шуда, ду муовини он Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон кард. Роҳбарияти ҲНИТ иттиҳоми даст доштан дар талоши табаддулотро қотеона рад мекунад. Наздикони зиндониён ва созмонҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқ аз шиканҷаи доимӣ дар зиндонҳо хабар медиҳанд.

Мақомот соли 2015 бо ҳадафи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм Маркази ягонаи коммуникатсионӣ таъсис доданд. Барои ин марказ аз буҷаи давлат 50 миллион доллар ҷудо гардид ва он барои ҳукумат ва ниҳодҳои истихборотӣ имкони бемаҳдуди назорати ҳама гуна иртиботот дар кишварро фароҳам овард. Акнун идораи истихборот метавонад, мустақим ҳамаи муколамаҳоро гӯш ва интернетро назорат карда, ширкатҳо ва корбаронро худихтиёрӣ аз ҳаққи истифодаи интернет маҳрум кунад.

Моҳи октябри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иловаҳоро ба қонун “Дар бораи идораҳои амнияти миллӣ”-ро ба тасвиб расонд. Он замон Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ба кормандони амнияти давлатӣ ҳақ дода шавад, дар мавридҳои истиноӣ бе ризоияти шаҳрвандон ва ҳукми додгоҳ ба хонаҳои мардум ворид шаванд. Аммо, пас аз як сол ин тағйирот лағв шуд.

“Нақши марказии КДАМ

Эдвард Лемон, коршиноси умури Осиёи Марказӣ аз Донишгоҳи Техас мегӯяд, КДАМ-и Тоҷикистон ҳамчун садо пайваста низоми сиёсии кишварро аз таҳдидҳо огоҳ мекунад ва ба ин тартиб дар савқ додани режим ба сӯи махфикорӣ нақши меҳварӣ иҷро кардааст.

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

“Аҷибаш ин ки, ба назари ман, ин сохтор маҳз дар давраи Ятимов дар самтгириҳои худкомаи кишвар нақши марказӣ бозидааст. Аз он замон мо шоҳиди он шудем, ки ҳизби пештози оппозитсионии наҳзати исломӣ террористӣ эълон шуд, шумори зиёди намояндагони мухолифон ҳабс гардиданд, маъракаи зидди онҳое, ки аз ҳад зиёд мазҳабӣ арзёбӣ мешуданд, ба роҳ монда шуд, журналистон, донишмандон, гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар ва дигарон таҳти фишор қарор гирифтанд”, - таъкид мекунад коршинос.

Аммо, ба бовари як сиёсатшинос аз Душанбе, ки нахост номаш нашр шавад, нақши КДАМ-ро метавон аз ду назар баҳогузорӣ кард. “Барои мухолифон ва рақибони ҳукумати феълӣ нақши КДАМ метавонад, хусусияти харобиовар дошта бошад. Аммо, аз назари ҳукумат ин ниҳод нақши худро муаассир иҷро кардааст, чунки амалан режимро аз ҳама гуна хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ эмин нигоҳ доштааст. Вале, то куҷо ин сохтор давом хоҳад дошт, суоли дигаре аст,” – мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Чӣ пайомад дошта метавонад?

Ба бовари Эдвард Лемон, дар солҳои наздик КДАМ мақоми назарраси худро ҳифз хоҳад кард, ки имкони интиқод аз амалкардҳои ҳукуматро боз ҳам коҳиш медиҳад.

Сиёсатшинос аз Душанбе мегӯяд, фаъолияти хадамоти махсуси Тоҷикистон метавонад, дар кӯтоҳмуддат суботро таъмин кунад. “Таърих нишон медиҳад, ки вусъат ёфтани фаъолияти чунин ниҳодҳо боиси марг ва ё тарки кишвар кардани нухбагони ҷомеа мешавад. Ин раванд сабабгори нобудии андешаҳои алтернативӣ ва чашмандоз ба ояндаи кишвар мегардад. Дар ниҳоят онҳое, ки дар бунёди чунин низом даст доранд, худ қурбони он мешаванд,” -- мегӯяд коршинос.

Ӯ афзуд созиш ва гуфтугӯ бо мухолифон ва эҷоди фазо барои зуҳури нухбагони дигарандеш рӯйкарди созанда хоҳад буд, ки дар дарозмуддат барои таъмини субот мусоидат хоҳад кард.

Соли 2017 эътилофи иборат аз 23 созмони ғайридавлатӣ бо шумули “Хонаи озодӣ”, “Дидбони ҳуқуқи башар”, “Freedom Now ва “Шаффофияти Байналмилал” аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати молияи Амрико хоста буданд, алайҳи 15 мансабдор ва тоҷирони кишварҳои гуногун, ки ба нақзи ҳуқуқи башар ва фасоди молӣ муттаҳам шудаанд, таҳрим эълом кунанд. Аз Тоҷикистон Саймумин Ятимов, раиси КДАМ дар ин феҳрист қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG