Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари собиқ: Ман ифротгаро нестам. Додгоҳ: Ҳастӣ!


Муҳриддин Эмомов

Вакили дифои Мӯҳриддин Эмомов, афсари зиндонии тоҷик ҳукми ӯро ғайриқонунӣ номида, аз болои он ба додгоҳи зинаи болои шикоят бурдааст.

Масъулони Додгоҳ мегӯянд, ҳукм дар доираи қонун содир шудааст.

Муҳриддин Эмомов, ки дар гузашта дар Оҷонсии мубориза ба зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Вазорати умури дохилӣ кор кардааст, охири моҳи октябр бо гуноҳи чопи навиштаҳои ифротгароӣ ба шаш соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ солҳо дар Туркия буд ва пайвандонаш мегӯянд, бо ваъдаи афв ба ватан баргашта буд.

Майдабӣ Худоёрова, модари ӯ, ки дар Туркия мебошад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, наздиконашонро дар ба мурофиаи писараш роҳ надодаанд.

Як манбаъ аз додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони судшаванда ба мурофиаи ниҳоӣ даъват шуда буданд, вале наомаданд.

Файзалӣ Музаффаров, вакили мудофеи Муҳриддин Эмомов рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, матни ҳукми зерҳимояшро рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта дастрас кардааст ва ҳамроҳи зерҳимояаш ин ҳукмро ғайриқонунӣ шуморида, алайҳи он ба зинаи болоӣ ариза пешниҳод карданд. Ӯ гуфт, Муҳриддин аз додгоҳ хост, ки эълони ҳукмро бинобар иштирок надоштани наздиконаш дар додгоҳ ба рӯзи дигар гузоранд, вале додгоҳ ин хоҳишро нодида гирифт.

Дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҳукм нисбат ба ӯ одилона буд. Ба гуфтаи манбаъ, айбдоркунандаи давлатӣ барои чопи матлабҳои ифротгароӣ дар шабакаҳои интернетӣ аз додгоҳ талаби 7 солу шаш моҳи зиндонро карда буд, вале додрас ӯро ба шаш сол маҳкум кард.

Файзалӣ Музаффаров, вакили мудофеъ мегӯяд, додгоҳ барои эълони ин айб ҳеҷ далеле пешниҳод накард. “Муҳриддин дар вақти эълони ҳукмаш аз суд дархост кард, ки наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаашро ба вай нишон диҳанд ва гуноҳашро собит кунанд, вале нишон надоданд. Ӯ гуноҳро ба гардан нагирифтааст”,-- мегӯяд вакили мудофеъ.

Дар додгоҳ гуфтанд, ифротгароии ӯ собит шудааст.

Хешу табори Муҳриддин Эмомов мегӯянд, ӯ зери фишор буд ва аз афташ латтукуб шудааст. Робия Эмомова, хоҳари ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 2-уми ноябр дар Боздоштгоҳи мувақатии КДАМ бо Мӯҳриддин вохӯрдаанд ва дар чеҳраи ӯ осори шиканҷа намудор буд. “Вақте вай гап мезад, як чашмаш дуруст кушода намешуд ва дастонаш меларзиданд. Нақл кард, ки гуноҳро ба гардан нагирифтааст ва дар мурофиа ба ӯ сухани охир дода нашуду ҳукмро содир карданд.”--гуфт ӯ.

Муҳриддин Эмомов аз соли 2015 то 2020 дар Туркия кору зиндагӣ мекард, аммо ба хонаводааш иҷозаи берун рафтан аз кишвар дода нашуд.

Эмомов то замони рафтан ба Туркия дар Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва Раёсати умури дохилии пойтахт кор кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, Муҳриддин Эмомов 7-уми июли соли равон дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз тарафи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд. Ҷое ки, ба қавли онҳо, "ҳамроҳи оилааш зиндагии оддӣ дошт"ва барои таъмини зану фарзандон ошхонаеро ба кор андохта буд.

Мақомоти амниятӣ ӯро барои гуё рух додани як дуздӣ дар ошхона дастгир карданд, вале дертар барои ба дигарон фиристодани матлабе дар Интернет муттаҳам намудаанд. Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 307, қисми 2 (тундгароӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) парванда кушода буданд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG