Ҳукми муттаҳам дар қатли Руфайдаи 8-сола эълон мешавад

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи муттаҳам дар қатли Руфайдаи 8-соларо ба анҷом расондааст. Дар назар аст, ки ҳукми додгоҳ имрӯз эълон шавад. Мурофиа паси дарҳои баста гузашт ва ҳеч тарафе дар бораи ҷузъиёти он намехоҳанд суҳбат кунанд.

Як ширкатдори мурофиа бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта додгоҳ сухани охирини айборшаванда ва вакили дифои онҳоро шунид ва ба хонаи машваратӣ рафт. Додрас гуфтааст, имрӯз 19-уми октябр ҳукми худро эълон хоҳанд кард.

Руфайдаи Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 4 июли соли равон аз назди манзилашон нопадид шуд ва як рӯз баъд ҷасади пора-пора шудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд. Дар қатли ин ноболиғ ҳамсояи 30-солаи онҳо Раҳматулло Гадоев гумонбар дониста мешавад. Аммо бо гузашти сеюмин моҳ аз ин ҳодиса назари Гадоев ва вакили дифоаш ба ин қазия то ҳол маълум нест.

Қатли Руфайда вокунишҳои зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва онҳо талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар кишвар пурзӯр шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Парвандаи қатли Руфайдаро паси дарҳои баста баррасӣ мекунандПарвандаи муттаҳам дар куштори Руфайда рӯзҳои наздик ба додгоҳ меравадТаъини ҷазои сахттар метавонад, аз такрори қазияи Руфайда пешгирӣ кунад? ВИДЕО"Сараш аз тан ҷудо буд." Қатли Руфайдаи 8-сола баҳси озори кӯдаконро дубора доғ кард. ВИДЕО