Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи муттаҳам дар куштори Руфайда рӯзҳои наздик ба додгоҳ меравад


Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон.
Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон.

Додситонии куллии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи шахси муттаҳам ба куштори ноболиғ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ду банди Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуд. Руфайда Иноятоваи 8-сола рӯзи 4-уми июл нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасадашро аз дохили ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, алайҳи шахси гумонбар ба қатли Руфайда бо "иттиҳомҳои таҷовуз ба номуси духтари баръало ба 14-солагӣ нарасида" ва "одамкушӣ", парванда боз шудааст. Аз рӯи ин иттиҳом ба Гадоев Раҳматулло то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Додситони кулл афзуд, ин қазия зери назорати ӯ қарор дорад ва "нисбати шахси гунаҳкор, ки ҷинояти ваҳшиёнаро содир кардааст, чора андешида мешавад".

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, парвандаи мазкур рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол мешавад. Додситони кулл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, нисбати модари Раҳматулло Гадоев, гумонбари асосӣ парванда оғоз нашудааст. Ҳол онки наздикони Руфайда мегӯянд, модари Раҳматулло Гадоев дар рӯпуш кардани ҷинояти писараш даст дорад. Назари Гадоев ва вакили дифоаш то ҳол ба ин қазия маълум нест.

Кушта шудани Руфайда Иноятова, сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ вокунишҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Баъд аз ин воқеа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Маҷлиси миллӣ талаб кард ки ҷазо барои дастдарозӣ нисбати ноболиғон шадидтар шавад.

XS
SM
MD
LG