Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи қатли Руфайдаро паси дарҳои баста баррасӣ мекунанд


Қатли Руфайда вокунишҳои зиёдро ба миён оварда буд
Қатли Руфайда вокунишҳои зиёдро ба миён оварда буд

Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз се моҳи қатли Руфайдаи 8-сола ба баррасии ин парванда оғоз кард.

Валиҷон Иноятов, падари Руфайда 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, нахустин муҳокимаи қатли духтараш имрӯз баргузор мешавад. Ба гуфтаи Иноятов, сарфи назар аз дархости онҳо, ҷаласаи додгоҳ паси дарҳои баста ҷараён мегирад.

Куштану пора кардани ҷасади Руфайда рӯзи 4-уми июли имсол дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ соати 14-и он рӯз “барои қазои ҳоҷат ба манзили бибиаш рафт” ва ҳамин тавр нопадид шуд. Як рӯз пас ҷасади Руфайдаро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд.

Мақомот бо гумони қатли ин ноболиғ, Раҳматулло Гадоеви 30-соларо боздошт кардаанд, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебарад. Назари Гадоев ва вакили дифоаш ба ин қазия то ҳол маълум нест.

Кушта шудани Руфайда Иноятова, сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ вокунишҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Баъд аз ин воқеа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз порлумони кишвар талаб кард ки ҷазо барои озори ноболиғон шадидтар шавад. Вазорати адлия моҳи июл хабар дод, ки дар Кодекси нави ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсӣ сахттар мешавад.

XS
SM
MD
LG