Низом Қосимро барои панҷ соли дигар раиси Иттифоқи адибони Тоҷикистон интихоб карданд.
Ӯ бори аввал соли 2015 ба ин мақом расид ва бо иддаои он ки баъзе аз шоирону нависандагон тасодуфӣ узви созмони адабӣ шудаанд, ба поккорӣ оғоз намуд. Аммо баъзе аз адибон гуфтанд, онҳоро бесабаб ва ё танҳо барои дидгоҳҳои мутафовиташон (фарқкунанда) аз узвият берун карданд.
Интихоби дигарбораи Низом Қосим рӯзи 23-юми декабр дар анҷумани 15-уми Иттифоқи адибон ва бидуни рақиб сурат гирифт. Дар ҳоле ки дар анҷуман беш аз 200 шоиру нависанда иштирок доштанд.
Низом Қосим 62-сола аст ва дар гузашта ду навбат вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Солҳои 2006 – 2010 ҳамчун мудири телевизиони давлатии "Баҳористон" низ кор кардааст.
Иттиҳоди адибони Тоҷикистон созмони зери назорат ва ҳимояти молии давлат аст. Мухолифон аъзои онро ба таблиғи густардаи ҳукумату кори он ва чашмпӯшӣ ба мушкилоти иҷтимоие ба монанди муҳоҷирату бекорӣ муттаҳам мекунанд, вале масъулон мегӯянд, онҳо асарҳои дархӯри замон меофаранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Низом Қосим бори дигар Раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Вақте гуфт, узви Иттифоқ намешавӣ, зарфи пур аз бензинро ба сару рӯям рехтам." САДО“Шоҳи Сармаддеҳ”--ро дар зодгоҳаш дафн мекунанд, чун "халқӣ" набуд. ВИДЕОҲамосаи шеър ва дард. Ҳушдорҳои вогузоштаи Мӯъмин Қаноат"Виҷдони хобидаи миллат". Вазъи зиёиён дар Тоҷикистон ва минтақаЗафари Сӯфӣ: "Ихроҷи ман аз Иттиҳодияи адибон фоҷеа нест, аммо ноҳаққӣ аст"Абдуфаттоҳ Шарифзода: "Президент мадҳу саноро дӯст намедорад"Гули Зард аз Низом Қосим ва ду нафари дигар 150 000 сомонӣ ҷуброн хостНорозиҳо "алтернатива"-и Иттифоқи нависандагонро сохтанд. САДО"Шӯриш" дар киштии адибони ихроҷшуда. ВИДЕО, САДОН.Қосим: "Дар 5 сол назму насри назаррас надидам"