Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақте гуфт, узви Иттифоқ намешавӣ, зарфи пур аз бензинро ба сару рӯям рехтам." САДО


Ҳасан Юсуфи Файзбахш ва муқоваи яке аз китобҳояш. Акси аввал аз Китобхонаи миллӣ ва дувум аз нашрияи "Тоҷикистон"

Ҳасан Юсуфи Файзбахш, рӯзноманигор ва адиби 70-солаи тоҷик, пас аз он ки пешниҳодашро барои қабул ба узвияти Иттифоқи нависандагон рад кардаанд, қасди худсӯзӣ намудааст. Як намояндаи Иттифоқи адибон гуфт, шахсони синнашон аз 55 болоро ба узвият намепазиранд ва бинобар ин дархости Файзбахш рад шуд. Мақомоти милиса гуфтанд, аз ҳодиса хабар доранд, аммо ба сабаби набудани таркиби ҷиноят дар он парванда накушоданд.

БАЪД АЗ 2 МОҲ

Ҳодиса рӯзи 24-уми сентябри имсол дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рух додааст. Охири ҳафта нашрияи "Тоҷикистон" дар ин бора мақола нашр кард. Ҳасан Юсуфи Файзбахш мегӯяд, то ин муддат дар ҳолати сахти афсурдагӣ буд ва натавонист матбуотро аз ҳодиса хабардор кунад. Ҳоло низ, мегӯяд ӯ, зери назорати пизишкон дар хона табобат мегирад.

Ӯ рӯзи 19-уми ноябр бо гузашти тақрибан ду моҳ аз ҳодиса ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки чаро мехост худсӯзӣ кунад, гуфт, "ин эътироз ва ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба беназмиҳо дар Иттифоқи нависандагон буд".

Вай иддао дорад, ки ҳашт сол инҷониб барои узв шудан ба ин созмони адабӣ санадҳояшро пешниҳод мекунад, аммо ҳар дафъа ҷавоби рад мегирад. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мегӯяд, шахсони аз 55-сола боло ба узвият қабул намешаванд ва як сабаби радди номзадии Файзбахш ҳамин аст.

Чаро Ҳасан Юсуфи Файзбахш худро сӯзонданӣ шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00
Линки мустақим

"АЗ РОҲ ЗАРФИ БЕНЗИНРО ГИРИФТАМ..."

Аммо Ҳасан Юсуфи Файзбахш мегӯяд, моҳи сентябри бояд номзадияшро дар ҷаласаи раёсат пешбарӣ мекарданд. "Аммо пеш аз ҷаласа ба ман занг зада гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои шумо аз бастаи ҳуҷҷатҳои онҳое, ки барои узв шудан ба иттифоқ пешниҳод шудааст, алоҳида гузошта шуд. Ман шиму костюмеро, ки барои ширкат дар ҷаласаи раёсат бояд мепӯшидам, ба бар карда ва аз роҳ ду зарфи 1,5-литрӣ бензин харидаму ба назди Низом Қосим рафтам. Сабаб пурсидам. Вақте гуфт, то замоне ман ҳастам, ту узви иттифоқ намешавӣ, дар ҳолати шок афтодам ва як зарфи пур аз бензинро ба сару рӯям рехтам."

Феълан тасдиқи ҷузъиёти суҳбатҳо ва бахусус ҳарфҳои раиси Иттифоқи нависандагон аз манобеи дигар ғайриимкон аст. Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, аз суҳбат дар ин мавзуъ худдорӣ кард ва рӯзи 19-уми ноябр кӯтоҳ ҷавоб дод, ки "аз ин чиз хабар надорад". Рӯзи 20-уми ноябр занги мо ба ӯ беҷавоб монд.

Низом Қосим
Низом Қосим

ШАРҲИ НАМОЯНДАИ ИТТИФОҚ

Ҳасан Юсуфи Файзбахш, рӯзноманигору адиби тоҷик даъво дорад, ки ӯро бештар ҷавоби роҳбарият ба хашм овардааст. "Агар аъзои раёсат чунин тасмим мегирифтанд ва дар ҷаласа эълон мекарданд, ҳеч гоҳ чунин кор намекардам", -- афзуд ӯ.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон тасдиқ кард, ки чунин ҳодиса рух додааст: "Дар воқеъ ин шахс барои узвият дар Иттифоқ ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод карда буд, аммо ба далели синнаш пазируфта нашуд. Бо ин вуҷуд, номи ӯро пешниҳод карда будем, аммо фикрҳои гуногун дар бораи эҷодиёташ пайдо шуд. Баъд раис гуфтанд, ки камтар сабр кунем, шояд дертар пешниҳод мекунем."

Ба қавли Ато Мирхоҷа, ин тасмим боис ба асабонияти нависанда шуда ва ӯ талоши худсӯзӣ кардааст, аммо маъмурони милиса монеаш шудаанд. "На ҳама вақт шахсони пешниҳодшуда барои узвият ба ин ниҳоди адабӣ пазируфта мешаванд, аммо набояд чунин бархӯрд кард", - мегӯяд ӯ.

Ато Мирхоҷа
Ато Мирхоҷа

"ДАР РАФТОРАШОН ТАРКИБИ ҶИНОЯТ НАБУД"

Ҳасан Юсуфи Файзбахш тасдиқ кард, ки милисаҳо монеи худсӯзии ӯ шудаанд ва сипас барои ташхиси вазъи равониаш ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд. Пас аз чаҳор рӯз пизишкон гуфтаанд, ки ӯ бемори равонӣ нест ва дар ҳолати "аффект" чунин рафтор кардааст.

Рӯзноманигору адиби тоҷик нақл кард, ки баъди ин қазия ду моҳ дар бемористон аз илтиҳоби шуш ва дарди дил низ табобат гирифт ва ҳоло дар хона зери назорати пизишкон аст.

Ӯ аз он нигарон аст, ки маъмурони милиса ҳарчанд аз ҳодиса хабар доштанд, "коре накардаанд". Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, онҳо ҳодисаро таҳқиқ карданд, вале ба сабаби он ки дар ҳаракатҳои ду тараф таркиби ҷиноят набуд, парванда накушоданд. "Баҳс мешавад ва милисаро даъват мекунанд. Дар ҳақиқат, дар даст зарфи бензин доштааст, аммо оташзанӣ ва латукӯб набудааст”, -- шарҳ дод ӯ.

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ КИСТ?

Ҳасан Юсуфи Файзбахш иддао дорад, ки 17 китоб ва беш аз 500 мақола навиштааст. "Фариштаи наҷот", "Қасоси арӯс" ва "Карим Девона, ман ва ҳамдеҳагон" аз китобҳои ӯст. Вай соли 2015 барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар бахши матбуот шудааст.

Мегӯяд, хуб медонад, ки узвият дар Иттифоқи нависандагон ба ғайр аз унвони фахрӣ чизи дигар намедиҳад, аммо ба қавли худаш, мехост “ба низоми бюрократӣ дар ин созмони эҷодӣ поён диҳад”.

Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Соли 2018 ихроҷи чанд узви собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баҳси зиёдеро ба по карда буд. “Поккорӣ" дар сафи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон баъд аз интихоби Низом Қосим ба мақоми раиси созмони эҷодӣ шуруъ шуд.

Дар тӯли ин муддат даҳҳо узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон аз сафи он хориҷ карда шуданд. Вале бархе аз адибон гуфтанд, онҳоро бесабаб ё танҳо барои дидгоҳҳои мутафовиташон аз узвият берун карданд, вагарна маҷмӯаи шеъриву достонҳояшон нашр шуда, писанди хонандагон гардидааст.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG