Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиҳо "алтернатива"-и Иттифоқи нависандагонро сохтанд. САДО


Муллозуҳур Тоҳирӣ
Муллозуҳур Тоҳирӣ

Чанд узви собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки ихроҷашон соли гузашта баҳси зиёдро ба по карда буд, созмони нави адабии худро таъсис доданд. Ҷаласаи нахустини "Иттиҳодияи байналмилалии нависандагон ва табибон" рӯзи 18-уми апрел дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Иттиҳоди норозиён аз Иттиҳоди адибон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00
Линки мустақим

Онҳое, ки ин иттиҳодияро таъсис доданд, муваффақ мебуданд, аз сафи Иттифоқи нависандагон хориҷ намешуданд
Низом Қосим

Раёсати ин созмонро, ки моҳи марти имсол дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабтином шудааст, пизишк Муллозуҳур Тоҳирӣ бар уҳда дорад. Тоҳирӣ низ соли гузашта бар асоси як қарори Иттифоқи нависандагон аз сафи ин созмони эҷодӣ берун карда шуд.

Муллозуҳур Тоҳирӣ рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан 80 нафар ба узвияти созмони нави эҷодӣ пазируфта шудаанд, ки дар миёнашон даҳ узви собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ ҳаст. Ӯ дар мавриди инки чаро дар унвони созмон калимаи табибон ҳам ҷой дода шудааст, гуфт, "тамоми нависанда бояд пизишк ҳам бошад".

Иттифоқи нависандагон аз адибони “тасодуфӣ” пок мешавад

"Мо нашрияи худро бо номи "Солимӣ ва дарозумрӣ" нашр кардем. Ҳоло маҷаллаи “Тиб ва табобат”-ро таъсис додем, ки дар се моҳ як дафъа чоп хоҳад шуд. Нашриёти тибро сабтином мекунем ва китобҳоро тавассути он нашр хоҳем кард. Диди иттиҳодияи мо дигар аст", - афзуд ӯ.

Гули Зард
Гули Зард

Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, ки барои тарғиби “ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ” аз узвияти Иттиҳоди нависандагон хориҷ шуда буд, ба ҳайси муовини Муллозуҳур Тоҳирӣ интихоб шудааст. Гули Зард дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 18-уми апрел аввалин ҷаласаи кории созмон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. “Низомнома ва шеваи кори ҷамъияти нав муаррифӣ хоҳад шуд», - гуфт ӯ.

"Бӯсаҳо"-и Гули Зард ӯро аз Иттифоқи нависандагон берун кард

Аммо Низом Қосим, раҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба муваффақияти кори созмон шубҳа дорад. Ӯ рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "онҳо ҳам ҳақ доранд, созмони худро ташкил диҳанд, чунки шаҳрвандони як кишвари демократӣ ҳастанд. Аммо агар онҳое, ки ин иттиҳодияро таъсис доданд, муваффақ мебуданд, аз сафи Иттифоқи нависандагон хориҷ намешуданд."

Низом Қосим
Низом Қосим

“Поккорӣ” дар сафи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ду соли пеш, баъд аз интихоби Низом Қосим ба мақоми раиси ин созмони эҷодӣ шуруъ шуд. Дар тӯли ин муддат даҳҳо узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон ба далели сазовор набудан аз сафи он хориҷ карда шуданд. Гуфта мешавад, онҳо эҷодкороне ҳастанд, ки солҳои зиёд узвияти ин созмони адабиро дошта, чандин китоби худро ба нашр расондаанд.

XS
SM
MD
LG