Пайвандҳои дастрасӣ

Гулрухсор: “Искандари Хатлонӣ 12 кило китоб нанавишт, аммо хуб навишт” ВИДЕО


Аксҳои Искандари Хатлонӣ

Дар рӯзи 63-солагии Искандари Хатлонӣ, шоир ва журналисти маъруфи тоҷик, аз ӯ ба унвони ватансарои камназир ва шоири фаротар аз Тоҷикистон ном бурда шуд. Дар 46 соли зиндагӣ ин адиби тоҷик бо осори дар шумора начандон бузурги худ марзи кишварҳои форсзабонро убур кард ва қалби ҳамватану ҳамзабононро тасхир кард.

Ман шуморе аз шеърҳои Искандари Хатлониро дар маҷаллаи "Ошно" дар Теҳрон чоп кардам. Як шеъре дошт дар нақди ҷанги Эрон ва Ироқ. Он шеър ҳар ду тарафро мавриди интиқод қарор дода буд.
Латифи Пидром

Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик, рӯзи 12-уми октябр дар як маҳфили бахшида ба ёди Искандари Хатлонӣ гуфт, ин шоири тоҷик кило-кило китоб нанавишт, аммо аз худ шеърҳои мондагор гузошт. Ӯ гуфт, "се китоби Искандар чоп шудааст, ки агар ҳамаи онро якҷоя кунем, сад саҳифа намешавад. Яъне, гап дар 12-15 китоб нест. Ҳозир мо китобҳоро бо кило бармекашем. Кӯшиш мекунанд, ки китоб ақаллан 12 кило бошад. Намунаашро ҳам дар Иттифоқи нависандагон дорем."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, аммо шеъри каму хуби Искандари Хатлонӣ мояи ифтихор аст ва онҳоро дар кишвари дигари форсзабон дар китобҳои дарсӣ ҷой додаанд. "Искандар тавонист, ки аз худ як шеър монад. Ман намедонам аз ман як шеър мемонад, ё не. Имрӯз дар адабиёти дарсии кишварҳои ҳамзабон бачаҳо шеъри ӯро мехонанд, дар донишгоҳҳо мехонанд", - афзуд ӯ.

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

Бахши аслии рӯзгори шоирии Искандар дар хориҷ аз Тоҷикистон, дар Эрону Афғонистон ва Русия пушти сар шуд. Ашъору китобҳояш низ берун аз Ватан нашр мешуд. Ҳатто шеърҳои сиёсии Искандар, ки боис ба дардисари ноширон гашта буд.

Латифи Пидром, шоир ва сиёсатмадори афғон, гуфт, "ман шуморе аз шеърҳои Искандари Хатлониро дар маҷаллаи "Ошно" дар Теҳрон чоп кардам. Як шеъре дошт дар нақди ҷанги Эрон ва Ироқ. Он шеър ҳар ду тарафро мавриди интиқод қарор дода буд. Ман он шеърро он замон чоп кардам. Баъдан бархе аз дӯстон гуфтанд, ки ин шеър бисёр сиёсӣ буд ва беҳтар буд, ки чоп намекардед."

Латифи Пидром
Латифи Пидром

Вуруди Искандари Хатлониро ба дунё шеъри форсӣ кори соддаву осон намедонанд. Аҳли фарҳанг аз тасвирҳои содда, пурмаънӣ ва зебои ӯ дар ашъораш тавсиф мекунанд.

Замоне ки Искандари Хатлонӣ дар ду радиои хориҷии Би-би-сӣ ва Озодӣ кор мекард, мухлисону шунавандаи зиёде берун аз Тоҷикистон, бахусус дар кишварҳои ҳавзаи забони форсӣ дошт. Маҳз ҳунару касбияти ӯ тоҷиконро дар хориҷи кишвар муаррифӣ мекард.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи СССР гуфт, “соли 1993 бо гуруҳи журналистон ба Эрон рафта будем. Мо нав аз итоати Шӯравӣ берун омада будем. Аз мо зиёд мепурсиданд, ки моли куҷо ҳастед? Мегуфтем, Тоҷикистон. Намедонистанд. Самарқанду Бухоро мегуфтем, баъзеашон намефаҳмиданд. Дар як ҷой нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфтам, ки моли Хатлон ҳастем. Фурӯшанда аз ҷояш бархосту гуфт, ки пас ту ҳамдиёри Искандари Хатлонӣ ҳастӣ? Чун гуфтам, ки ҳастам, аз ҷо бархост ва ба атрофиён муроҷиат кард.”

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

Искандари Хатлонӣ дар мушкилтарин ва пуртаҳаввултарин рӯзҳои ҷомеаи Тоҷикистон зиндагӣ дошт. Дарди миллат ва сарзамини модарӣ дар ашъори Искандар то охирин лаҳзаҳои зиндагиаш эҳсос мешавад. Ҳарчанд солҳои тӯлонӣ ва охирин лаҳзаи зиндагиаш берун аз ватан пушти сар шуд.

Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев 12-уми октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ рӯзи 21-уми сентябри соли 2000-ум, дар 46-солагӣ, дар манзилаш дар Маскав ба қатл расонда шуд. То кунун омилони қатли шоири тозагӯ ва хабарнигоре хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би-би-сӣ гузориш медод, пайдо ва муҷозот нашудааст.

Аксҳои бештар аз бойгонии хонаводагии Искандари Хатлонӣ:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG