Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди "ҷанҷол". Ҳабибуллоҳ Нозириро аз сафи адибон берун карданд


Ҳабибуллоҳ Нозирӣ аз оғози солҳои навадум узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон буд

Шоир Ҳабибуллоҳ Нозирӣ, сардабири маҷаллаи “Тоҷикистон”, ки тобистони имсол раҳбарияти Иттиҳоди нависандагонро ба бемасъулиятӣ ва ҷудоиандозӣ айбдор карда буд, аз саффи ин созмони эҷодӣ берун андохта шудааст. Мақомот то ба ҳол далели расмии ихроҷи Ҳабибуллоҳ Нозириро шарҳ надодаанд. Худаш мегӯяд, ки дар ин бора огоҳӣ надорад.

Мехоҳам, нафарони дигаре интихоб шаванд, ки ба фоидаи адабиёти тоҷик хидмат кунанд. Раҳбарияти феълӣ барои таблиғ ва пешрафти адабиёти тоҷик наметавонад, ҳеч коре анҷом бидиҳад

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, 30-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим дар ҷаласаи ду рӯзи қабл гирифта шуд. Оқои Мирхоҷа нагуфт, ки ба чӣ сабаб Ҳабибуллоҳ Нозириро аз саффи Иттиҳоди нависандагон берун кардаанд, аммо зоҳиран ин масъала ба “ҷанҷоли” миёни Ҳабибуллоҳ Нозирӣ ва раҳбарияти Иттиҳоди нависандагон дар тобистони имсол бармегардад.

Он замон, дар пайи ихроҷи чанде аз аъзои Иттиҳоди нависандагон, аз ҷумла табиб Муллозуҳур Тоҳирӣ, Ҳабибуллоҳ Нозирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ раҳбарияти Иттиҳоди адибонро ба бемасъулиятӣ айбдор кард.

Дар ин бора бештар бихонед: "Шӯриш" дар киштии адибони ихроҷшуда

Ато Мирхоҷа
Ато Мирхоҷа

Худи Ҳабибуллоҳ Нозирӣ рӯзи 30-юми декабр дар як посухи хаттӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, расман аз қатъи узвияташ дар Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон хабар надорад, аммо айни замон гуфт, “аз дасти онон ҳар кор меояд.”

Ҳабибуллоҳ Нозирӣ, сардабири пешини нашрияи “Адабиёт ва санъат”, нашрияи расмии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, дар оғози солҳои 90-ум ба узвияти ин созмони эҷодӣ пазируфта шудааст. Вай моҳи июли имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо наҳваи кори раҳбарияти кунунии Иттиҳоди нависандагон розӣ нест.

“Мехоҳам, нафарони дигаре интихоб шаванд, ки ба фоидаи адабиёти тоҷик хидмат кунанд. Раҳбарияти феълӣ барои таблиғ ва пешрафти адабиёти тоҷик наметавонанд, ҳеч коре анҷом бидиҳад”, - афзуд ӯ.

Дар ин замина: Иттифоқи нависандагон аз адибони “тасодуфӣ” пок мешавад

“Поккорӣ” дар саффи аъзои Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ду соли пеш, баъд аз интихоби Низом Қосим ба мақоми раиси ин созмони эҷодӣ шуруъ шуд. Дар тӯли ин муддат беш аз 40 узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон ба далели сазовор набудан аз саффи он хориҷ карда шуданд. Гуфта мешавад, онҳо эҷодкороне ҳастанд, ки солҳои зиёд узвияти ин созмони адабиро дошта, чандин китоби худро ба нашр расондаанд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис шуда, дар солҳои мухталиф раҳбарии онро адибони саршиносе ба мисли Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Мӯъмин Қаноат бар ӯҳда доштанд.

Дар бештаре аз кишварҳои пасошӯравӣ дар пайи ихтилофҳо дар Иттифоқи нависандагон ҳоло чанд созмонҳои адибон пайдо шудаанд ва соҳибназарон такрори чунин эҳтимол дар Тоҷикистонро низ баъид намедонанд.

Узвият дар Иттифоқи нависандагон пеш аз ҳама як унвони ифтихорӣ барои адибони тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ба маънои эътирофи ҳунари нависандагӣ ё шоирии онҳо дар сатҳи давлат аст ва дар панҷ сол як маротиба барои ҳар адиб шонс медиҳад, ки аз ҳисоби ҳукумат як асари худро нашр кунанд. Феълан Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон беш аз 400 узв дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG