Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёвуш: "Маро... ҳамсафар нагирифтанд" ВИДЕО


Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоири тоҷики муқими Қирғизистон

Сиёвуш Ҷунайдӣ – шоири тоҷики муқими Қирғизистон – дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз ба Тоҷикистон омадааст ва рӯзи 23 март бо Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат шуд. Сиёвуш соли гузашта низ ба ҳайси намояндаи Иттиҳоди нависандагони Қирғизистон ба Тоҷикистон омада буд. Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ бо номи "Ғамгинтар аз борон" дар соли 2004 ба нашр расида буд.

Парандаҳо ҳама рафтанд, парандаҳои мусофир, Зи ман, зи ёри заминии худ хабар нагирифтанд...

Радиои Озодӣ: Сиёвуш, медонем, ки имсол ба фарқ аз соли гузашта ба ҷашни Наврӯз расман даъват нашудаед, вале ба ҳар сурат омадани Шумо ба Тоҷикистон ба баҳору Наврӯз рост омадааст, хуш омадед.

Сиёвуш: “Ин баҳор бемории бародарам маро ба Тоҷикистон кашонд. Ба ҳар ҳол, дар ин баҳор ва Наврӯз дар кишвар ҳастам ва хеле хушҳолам.”

Навори видеоии суҳбат дар инҷост:

Радиои Озодӣ: Иди Наврӯз дар Тоҷикистон се рӯз боз ҷараён дорад. Вақте ба барномаи телевизионҳои кишвар нигоҳ мекунем, такрор ба такрор дар бораи “ҷаҳонӣ шудани Наврӯз” зикр мекунанд. Назари Шумо ба ҷаҳонӣ шудан чӣ аст?

Сиёвуш: “Ман ба унвони як тоҷик хушҳол ҳастам, ки Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ шудаву шиносоӣ шудааст. Вале бо ин вуҷуд барои ман масъалаи ҷаҳонӣ шудани Наврӯз чанд суолро халқ кардааст. Вақте ин ҷашни вижаи мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон буд, ҳоло мубтакирони ин ҷашн дар ЮНЕСКО ба мисли Озарбойҷону Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия ва соири кишварҳои дигар дониста шудаанд. Вақте аз ин ид таҷлил мекунанд, худро соҳиби Наврӯз медонанд. Ин фикр дар зеҳнам мечархад, ки худое нахоста Наврӯз ҳам рӯзе ба баҳс кашида шавад, ки соҳиби аслиаш кист ва мансуб ба кадом сарзамин аст.

Парандаҳо ҳама рафтанд, парандаҳои мусофир,

Зи ман, зи ёри заминии худ хабар нагирифтанд,

Маро, ки ҳамсафари хуб метавонам буд,

Ба хеш ҳамсафар нагирифтанд.

Ва рӯҳи хастаи ман, ин парандаи маҳбус,

Ба пушти панҷараи мижаҳо тапиду гирист,

Ки чор фасл варо болбаста медонам,

Ки як умр боядаш инҷо даруни панҷара зист."

Сиёвуш Ҷунайдӣ
Сиёвуш Ҷунайдӣ

Радиои Озодӣ: Ин шеъри Шумо ба зеҳни шунаванда як шеъри Нодири Нодирпурро меорад, ки мегӯяд “Ай бенаво дарахт, к-аз ёди осмону замин ҳарду рафтаӣ, Оё зи хеш хабар надорӣ магар, мурғони баргҳои ту як-як паридаанд”. Яъне мехоҳам бигӯям манзур аз ин шеъри “Муҳоҷир” масъалаи муҷоҳират аст, ё чизи дигар?

Сиёвуш: “На, ин тавр нест. Ин шеър қабл аз муҳоҷирату хонабардӯшиҳо навишта шудааст ва ҳанӯз ҳеҷ ҳамватани мо тасаввур намекард, ки масъалаи муҳоҷирати корӣ пеш меояд. Ин шеър баъди онки як хонанда онро оҳанг баст ва иҷро намуд, маъруф шуд ва баъзе ҳамин тавр бардошт карданд. Ман ҳам наметавонам мухолифат кунам.”

Радиои Озодӣ: Вақте шеърҳои Шуморо мехонӣ, бештар калимаву ибораҳое ба мисли муҳоҷир, борон, ғам, соя, танҳоӣ ва торикӣ ба чашм мехӯрад. Шояд ба хотири он аст, ки чандин сол боз дар Бишкек, берун аз кишвар, ба сар мебаред?

Қирғизҳо баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ба далоили мухталиф идеологияи миллии худро бар мабнои демократия сохтаанд. Демократияи ғарбӣ (албатта, демократия шарқиву ғарбӣ намешавад). Яъне, Қирғизистон таҷрибаи ғарбиро ҳадафи миллии худ барои расидан ба ҷомеаи озоду рифоҳ интихоб кардааст.

Сиёвуш: “Ман ба Бишкек барои муҳоҷират нарафта будам. Онҷоро барои муҳоҷират интихоб накардаам, балки он кишвар маро интихоб кард. Ман бисёр мадюни Қирғизистон ҳастам. Қирғизҳо мардуми меҳмондӯст ҳастанд, ки ин ҳама сол ман дар онҷо ба сар мебарам. Қаблан дар Русия будам ва як дӯстам маро аз Бишкек даъват кард. Ман омадам ва фарзандонамро ҳам аз Тоҷикистон бурдам. Ҳоло фарзандонам дар ҳамонҷо таҳсил мекунанд. Тоҷикистон ҳам наздик аст ва озодона равуо дорам.”

Радиои Озодӣ: Бо доираҳои адабии Бишкек, бо Иттиҳоди нависандагони онҷо иртибот доред?

Сиёвуш: “Медонед, ниҳоде ҳамчун Иттифоқи нависандагон дар як ё ду кишвари Шӯравии собиқ боқӣ мондааст. Дигар ҳамчунин ниҳоде дар ҳеҷ давлат вуҷуд надорад. Ин кори савоби ин кишварҳост, ки иттифоқҳои худро ҳифз кардаанд. Иқтисоди бозорӣ таҳаммули ингуна ниҳодҳоро надорад. Шеъру фарҳанг матои бозоргир нест. Яъне, худкифо нест, харидору муштарӣ надорад ва агар аз ҷониби давлат пуштибонӣ наёбад, гумон аст, ки боқӣ бимонад. Бо Иттифоқи нависандагони Қирғизистон ҳамкории наздик дорам. Зимнан, дар соли гузашта ман ба ҳайси намояндаи Иттифоқи нависандагони Қирғизистон ба ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон даъват шуда будам ва ширкат кардам.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло ки ин чанд рӯз ҳаминҷоед, бо доираҳои адабии Тоҷикистон суҳбатҳо доштед? Ба назаратон вазъи адабӣ ва шеър дар чӣ сатҳ қарор дорад?

Сиёвуш: “Ин суоли Шумо хеле густарда аст. Ман бо шоирони хусусан ҷавон суҳбатҳои зиёд доштам. Шавқу шӯру алоқаи онҳо ба шеър ҳаст, вале як нукта маро нигарон кардааст. Дар ҳаёти адабии Тоҷикистон як холигӣ ё халое ҷой дорад. Фикр мекунам, ин халои системӣ аст ва далели он ҳам набуди як идеология аст. Дар замони Шӯравӣ як идеология буд ва шеъру адаб ҳам таҳти ҳамон идеология буд, ки падидаҳои манфӣ ва мусбати зиёд дошт.”

Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Сиёвуш Ҷунайдӣ
Лаҳзае аз суҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Сиёвуш Ҷунайдӣ

Радиои Озодӣ: Ҳоло чӣ?

Сиёвуш: “Ҳоло ҳамчунин чизе вуҷуд надорад. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ Тоҷикистон талошҳои зиёде ба харҷ дод, ки идеологияи хоси худро дошта бошад. Мо шоҳид будем, ки чанд соли қабл як идеологияи хоси миллӣ буд ва он иддаои ориёӣ буд. Хеле муваффақона пеш ҳам мерафт, вале мунтаҳо ба далелҳои мухталиф натавонист ба идеологияи аслии миллии мо табдил шавад. Натавонист ҳунару шеърро зери боли худ бигирад.”

Радиои Озодӣ: Шумо тайи чанд сол аст, ки дар Бишкек ба сар мебред. Оё қирғизҳо ҳамчунин идеологияи мушаххас доранд?

Сиёвуш: “Қирғизҳо баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ба далоили мухталиф идеологияи миллии худро бар мабнои демократия сохтаанд. Демократияи ғарбӣ (албатта, демократия шарқиву ғарбӣ намешавад). Яъне, Қирғизистон таҷрибаи ғарбиро ҳадафи миллии худ барои расидан ба ҷомеаи озоду рифоҳ интихоб кардааст. Ҳоло Қирғизистон дар роҳи демократия пешрафтатар аст. Театру синамо хеле рушд кардааст ва қирғизҳо чанд сол аст, ки барандаи беҳтарин ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ мешаванд. Дар Тоҷикистон ҳам филму намоишномаҳои ҷолиб таҳия мешаванд, вале бинобар мушкили молӣ онҳо дучори мушкил ҳастанд. Фикр мекунам, ки дар оянда ин соҳа хубтар пеш хоҳад рафт.”

Ҳоло сохтмон ончунон пешрафт кардааст, ки дар як майдони холӣ ҳам дар зарфи чанд рӯз мешавад бинои бошукуҳ ва беҳтарин сохт. Агар чанд бинои таърихӣ боқӣ монда бошад, ақаллан ҳамонҳо ҳифз шаванд.

Радиои Озодӣ: Тавре аз ҳарфҳои Шумо бармеояд, дар як сол ақаллан як бор ба Тоҷикистон меоед. Хуб, аз он омадан то ин омадан дар шаҳри Душанбе чӣ дигаргуниҳоро мебинед? Фазои шаҳр чӣ хел аст?

Сиёвуш: “Воқеан, тайи ин чанд соли охир шаҳр хеле дигаргун шудааст ва баъзе биноҳо ба ҳусни шаҳр афзуда, баъзе биноҳои нав аз ҳусни шаҳрро коҳидаанд.”

Радиои Озодӣ: Бар асоси “нақшаи генералӣ” дар хиёбони марказии пойтахт низ чандин биноҳои қадима тахриб шудаанд ва дар ҷои онҳо сабза коридаанд...

Сиёвуш: “Аксари биноҳои таърихӣ дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд. Ҳоло сохтмон ончунон пешрафт кардааст, ки дар як майдони холӣ ҳам дар зарфи чанд рӯз мешавад бинои бошукуҳ ва беҳтарин сохт. Агар чанд бинои таърихӣ боқӣ монда бошад, ақаллан ҳамонҳо ҳифз шаванд.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG