Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати 5 намояндаи Тоҷикистон ба "Шашмақом"-и Амрико


Шоираи Раҳимҷон
Шоираи Раҳимҷон

Панҷ намояндаи Тоҷикистон барои иштирок дар ҷашнвораи "Шашмақом" дар шаҳри Ню-Йорки Амрико даъват шудаанд. Фурқати Саид – раҳбари ансамбли "Шашмақом"-и Тоҷикистон – рӯзи 30 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷашнвора ба хотири садсолагии Нериё Аминов аз тарафи наздикону ҳаводоронаш ташкил шуда, рӯзҳои 12 ва 13 ноябри имсол баргузор мегардад.

Дар ин ҷашнвора ҳунарнамоии Малика Қаландарова, Роман Толмасов, Рошел ва Раъно Аминовҳо, Эзро Малаков ва дигарон низ дар назар гирифта шудааст.

Фурқати Саид гуфт, ба ин маҳфил аз Тоҷикистон ӯву Абдурашид Абдувалиев, Ситораи Кароматулло, Гулчеҳра Қурбонова ва адибу оҳангсоз Шоираи Раҳимҷон даъват шудаанд. Онҳо ҳанӯз раводиди Амрикоро нагирифтаанд ва барои ҳамин дар бораи нақшаҳои сафарашон зиёд тафсилот намедиҳанд.

"Мо рӯзи 1 ноябр бояд аз сӯҳбати консули Амрико дар Душанбе гузарем. Он вақт маълум мешавад, ки оё раводиди сафар медиҳанд, ё не. Агар визаро доданд, бо дили пур дар бораи сафар сӯҳбат мекунем. Дар ҳоли ҳозир панҷ нафар даъват шудаем, вале ҳамаи сафари мо аз дарёфти виза вобаста аст", - афзуд Фурқати Саид.

Эълони баргузории ҷашнвораи "Шашмақом" дар Амрико
Эълони баргузории ҷашнвораи "Шашмақом" дар Амрико

Дар ин ҷашнвора ҳунарнамоии Малика Қаландарова, Роман Толмасов, Рошел ва Раъно Аминовҳо, Эзро Малаков ва дигарон низ дар назар гирифта шудааст. Шоираи Раҳимҷон, адиб ва оҳангсози тоҷик, гуфт, онҳо дар ҷараёни сафарашон ба Амрико дар бораи "Шашмақом"-у осори Нериё Аминов ва маҳбубияти ӯ дар Тоҷикистон сӯҳбат хоҳанд кард. Вай афзуд, ки дар канори барномаҳои ҳунарӣ маҳфили шеъри ӯ ҳам барномарезӣ шудааст.

Шоираи Раҳимҷон гуфт, мунтазири дарёфти визаи ҳамроҳонаш ҳаст, то баъди он маълум кунад, ки маҳфили шеърашро чӣ гуна пеш хоҳад бурд. "Дар сурати гирифтани раводиди Ситораи Кароматулло ният ҳаст, ки маҳфили якҷоя баргузор кунем. Яъне, ҳам оҳангу тарона бошад, ҳам сӯҳбати шеър. Ҳоло мунтазири визаи ӯ ҳастем ва баъди дақиқ шудани сафар ҳатман эълони маҳфилро бо соати дидор нашру паҳн хоҳем кард", - таъкид кард Шоира.

Рошел Аминов бо Абдуҷаббор Раҳмонзода
Рошел Аминов бо Абдуҷаббор Раҳмонзода

Ҷашнвораи "Шашмақом" ба хотири Нериё Аминов, аз яҳудиёни Тоҷикистон, дар ҳоле дар Амрико баргузор мешавад, ки охири моҳи майи имсол дар Душанбе расман аз садсолагии ӯ таҷлил шуд ва писараш Рошел Аминов мизроби алмосии ин устоди «Шашмақом»-ро ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳадя дод. Рошел Аминов дар маросими таҷлил аз садсолагии падараш дар Театри опера ва балети пойтахт гуфт, "ин мизробро барои падарам махсус фармоиш дода будем ва, инак, мехоҳем, ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳадя кунем. Ин мизроб аз алмоси соф (бриллиант) ва тилло таркиб ёфтааст."

Овозхонҳои риштаи "Шашмақом" дар Тоҷикистон Нериё Аминовро натанҳо овозхон, балки эҷодкор ҳам ном мебаранд ва мегӯянд, шашмақомхонҳо зиёданд, вале он нафаре, ки дар баробари иҷро эҷодкорӣ мекунад, хеле кам аст.

Акси Нериё Аминов
Акси Нериё Аминов

Нериё Аминов, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравӣ, беш аз чиҳил сол дар дастаҳои ҳунарии шашмақомхон дар кишвар кор кардааст. Ҳоло сабти таронаҳое ба мисли “То боди сабо”, “Чӣ донӣ”, “Зулфи парешон”, “Гиря”, “Хубрӯён”, “Даромади ушшоқ” ва дигарон бо садои Нериё Ааминов дар хазинаии тиллоии Радиои Тоҷикистон низ ҳифз шудаанд.

Ин устоди “Шашмақом» дар солҳои 90-уми асри гузашта ба далели нооромиҳо Тоҷикистонро тарк карда, то охири умр дар Амрико зист ва фаъолият намуд. Феълан пайвандони ӯ дар Ню-Йорк зиндагӣ доранд ва Рошел Аминов мегӯяд, мактаберо ба номи падараш ифтитоҳ карда, беш аз 200 навраси муқими Амрикоро бо забони тоҷикӣ дарси “Шашмақом” медиҳанд.

Видео аз ҷашни садсолагии Нериё Аминов дар Душанбе

Мизроби алмосии "Шоҳи Шашмақом" ба Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

XS
SM
MD
LG