Мобилҳои ғайриқонунӣ аз Чин дар бозорҳои Тоҷикистон

Дар пайи амалиёти вижаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон беш аз 4 ҳазору 500 телефони мобилӣ мусодира шуд, ки ғайриқонунӣ вориди бозори кишвар гардидаанд.

Ҳумайро Ашӯр, як масъули дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи амалиёти кормандони Хадамоти гумрук дар бозори «Корвон», ки рӯзи чоршанбе анҷом шуд, аз контейнер ё худ анборҳои соҳибкорони Чин 4 ҳазору 558 телефони мобил кашф гардид, ки бидуни ҳуҷҷатгузории гумрукӣ бо роҳи ғайриқоунунӣ ба фуруш бароварда шудаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Ҳумайро Ашӯр, телефонҳо бо роҳи ғайриқонунӣ на танҳо аз ҷониби соҳибкорони кишварҳои хориҷ, балки аз ҷониби тоҷирони тоҷик ҳам ворид мешаванд. Зеро ба таъкиди хонум Ашӯр, чанд моҳи пеш ғайриқонунӣ фурӯхта шудани телефонҳои мобилӣ аз ҷониби тоҷирони тоҷик низ ошкор шуда буд. Вай мегӯяд: «Дар бозори Тоҷикистон телефонҳои мобил ҳам аз ҷониби тоҷирони тоҷик ворид мешаванд ва ҳам аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ. Аммо бозор бештар дар дасти соҳибкорони ватанӣ аст. Аксари тоҷирони бозори телефонҳои мобил тоҷикон мебошанд.»

Ба ин тартиб шаҳрвандони Чин Чен Мингксинг ва Лин Ру, ки барои фурӯши ғайриқонии телефонҳои мобил гунаҳкор дониста мешаванд аз тарафи мақомоти гумрукӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шуда алайҳи онҳо парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Ҷумъахон, ки дар яке аз мағозаҳои Фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе телефонҳои мобилӣ савдо мекунад, гуфт, онҳо телефонҳоро бештар аз Чину Малайзия ва Дубай ворид мекунанд. Ба қавли Ҷумъахон, ки ба тиҷорати телефон машғул аст, тоҷирони хориҷӣ дар ҳамдастӣ бо савдогарҳои тоҷик ба фурӯши телефонҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Ба гуфтаи Ҷумъахон, тоҷирони хориҷӣ дар танҳоӣ ин корро анҷом дода наметавонанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, барои ғайриқонунӣ ворид кардани телефонҳо «одам» доштан лозим аст.

Ҷумъахон афзуд, «телефонҳо бисётар аз Чин бе ягон ҳуҷҷату иҷозатнома ворид мешаванд. Дар Дубай, Туркия ин кор камтар мешавад. Барои он, ки аз ин кишварҳо гузаронидани ин хел телефонҳо мушкилтар аст. Аз Чин бе проблема овардан мегирем. Вақте аз Чин бор меорем, на дар он ҷо зиёд тафтиш мекунанд ва на дар ин ҷо. Лекин дар Туркия, Дубай ва Малайзия ҳолате, ки қариб тафтиш ношуда боратро гузаронӣ ,кам аст.»

Ҳамчунин ба андешаи ин тоҷири тоҷик, азбаски телефонҳои чинӣ хеле арзон ва барои мардум дастрас аст, тоҷирон низ талош мекунанд бештар аз ҳамон ҷо мол биёранд. Азбаски имрӯз бозори телефоҳои ҳамроҳи Тоҷикистонро бештар моли пастсифати чинӣ ташкил медиҳад, сокинон онҳоро бо нархи хело арзон харидорӣ мекунанд.

Фирӯзи Шоҳназар, ки дар Фурӯшгоҳи марказӣ барои худ телефони тамғаи «Samsung galaxy» интихоб мекард, гуфт, як ҳафтаи пештар аз бозори «Корвон» телефони тамғаи «Nokia»-и ҳушманд харидорӣ карда буд, ки ба қавле «китайски» будааст ва баъди ду рӯз вайрон шудааст. Ин аст, ки Фирӯз мегӯяд, он телефонро бозпас дода, ҳоло дубора мехоҳад аз Фурӯшгоҳи марказӣ телефон харидорӣ кунад. Ба қавли Фирӯз, телефонҳое, ки дар мағозаҳои Фурӯшгоҳи маркази шаҳри Душанбе фурӯхта мешаванд, сифаташон нисбатан беҳтар аст, зеро дар маркази Душанбе назорат дуруст ба роҳ монда шудааст. Фирӯз мегӯяд: «Аз телефонбозор ё аз Корвон телефон мехарӣ, ягон хел кафолату ҳуҷҷат надорад.»

Зимнан, гуфта мешавад, телефоҳои мобилӣ ё ҳамроҳ дар Тоҷикистон бештар аз Чин, Туркия, Дубай, Русия ва Малайзия ворид мешавад

Мусодираи беш аз 4, 5 ҳазор телефон дар ҳолест, ки се моҳи пеш дар Фурӯшгоҳи марказии пойтахт ё СУМ дар натиҷаи рейди кормандони Хадамоти гумрук бештар аз 500 телефони ғайриқонунӣ ошкор шуда буд. Он замон телефонҳо аз сӯй тоҷирони тоҷик вориди бозор шуда буданд.