Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мадад"-и ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳо ба донишҷӯён


Ширкатҳои мобили Тоҷикистон тасмим доранд, ки ангезаи донишҷӯёнро ба омӯзишу таҳсил бештар кунанад ва сафи талабаҳои босаводро афзоиш диҳанд

Ширкатҳои мобили Тоҷикистон тасмим доранд, ки ангезаи донишҷӯёнро ба омӯзишу таҳсил бештар кунанд ва сафи талабаҳои босаводро афзоиш диҳанд. Бо ин ҳадаф баъзе аз онҳо стипендиҳояи донишҷӯӣ таъсис додаанд, ки насиби ба барандагони озмунҳои муайян хоҳанд буд. Ширкатҳои мобил мегӯянд, ин барнома ҳадаф дорад, ки мушкили молии донишҷӯёнро осонтар ва дили онҳоро ба таҳсилу пажӯҳиш гармтар кунад.

Ин шабу рӯз дафтари яке аз ширкатҳои мухобиротии кишвар маъруф бо номи Т-селл пур аз донишҷӯ аст. Агар аз канор ба ин гурӯҳ назар кунӣ, тавре менамояд, ки гӯё дар утоқ имтиҳон ҷараён дорад ва донишҷӯён дафтарчаи санҷишӣ дар даст навбати худро интизоранд. Вале дар асл ҷавонон барои гирифтани сим-корти бепул ва дақиқаҳон ройгон саф ороста буданд.

“Стипендияи бунафшӣ” чунин ном дорад ин иқдом ва донишҷӯи хубу аълохон бо пешниҳоди дафтарчаи имтиҳонотии худ метавонад, соҳиби кӯмакпулӣ дар шакли сим-корт ва дақиқаҳои ройгони сӯҳбат шавад. Аскаралӣ Саидов, котиби матбуотии ширкати Т-селл мегӯяд, онҳо бо ин роҳ мехоҳанд шумори донишҷӯёни аълохону лаёқатмандро афзоиш бидиҳанд: «Тавре президенти кишвар супориш дода буд, мо бояд насли наврасро дастгирӣ кунем ва яке аз иқдомҳои мо ҳам ҳамин идрорпулӣ дар шакли сим-корт аст, ки мусоидат мекунад дар ҷалби донишҷӯён ба донишомӯзӣ. Имрӯз маълум аст, ки аксари ҷавонон ба телефони мобил таваҷҷӯҳ доранд. Ва ин иқдом онҳоро ба таҳсил бо баҳои хубу аъло ҳавасманд мекунад. Барои донишҷӯён баъди ҳар сессия 600 дақиқаи SMS ва занги ройгон тақдим мешавад.»

Донишҷӯён мегӯянд, онҳо дарк мекунанд, ки ширкати мухобиротӣ дар асл мехоҳад бо ин роҳ шумори муштариёнашро боло бубарад, аммо аз сӯйи дигар ба қавли онҳо ин иқдом дар воқеъ барои кисаи донишҷӯ, ки имрӯз холиву хароб аст, кӯмак мекунад. Муҳассилин, ки аксарият аз манотиқи дурдаст барои таҳсил омадаву барои сӯҳбату тамосгирӣ бо волидони хеш то имрӯз маблағи зиёд сарф мекарданд, акнун талош мекунанд, то дар дафтарчаи худ баҳои бадро роҳ надиҳанд ва аз чунин як имтиёз бенасиб намонанд.

Абдунабӣ, донишҷӯе аз минтақаи Рашт, ки низ ба гирифтани сим-корти ройгон мушарраф шудааст, дар ин зимн гуфт: «Ин як дастгирии хуб аст барои мо донишҷӯён ва ин як сабаб мешавад то мо талоши бештари омӯзиш кунем. Чӣ қадаре ҳамин аксияву имтиёзҳо зиёд шавад, ба фикрам, ҳамон қадар шавқи дониошмӯзии муҳассилин ҳам бештару донишашон баланд мешавад.»

Дар ҳоле, ки ҷавонон аз ин иқдом истиқбол мекунанд, дар Вазорати маорифи кишвар, ки истифодаи телефонҳои мобил барои донишҷӯёнро манъ кардааст, ба мо гуфтанд, бо ин роҳи пешгирифтаи ширкатҳои мухобиротӣ наметавон дар боло бурдани донишу ҷалби ҷавонон ба таҳсил мусоадат кард. Алидод Саидов як масъули вазорат мегӯяд, онҳо барои ин аз як роҳи дигар кор мегиранд. Яъне вазорат дар ҳамкори бо бонкҳои кишвар талош дорад, барои донишҷӯёни аълохон стипендияҳои номиро таъсис бидиҳад: «Аллакай мактуб шудааст, бонкҳо розӣ шудаанд ва ман фикр мекунам маҳз бо ин роҳ мешавад донишҷӯёнро ба донишомӯзӣ ҷалб кард. На бо додани дақиқаҳои бепул, ин баръакс ба манфиати онҳо нест.»

Вале имтиёзҳо барои донишҷӯён имрӯз на танҳо аз сӯйи ширкатҳои мухобиротӣ балки аз сӯйи созмонҳои дигар низ ба назар мерасанд. Созмони ироакунандаи қарзҳои хурд, маъруф бо номи "Имон интернейшнл" ҳам ҳудуди як сол аст, барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар ба ҷавонони лаёқатманду фаъол ёрии молӣ мерасонад. Аниқтараш, ба гуфтаи масъулони ин созмон, дар шароите, ки маблағи шартномаи таҳсил дар донишгоҳҳори кишвар со то сол гарону дастнорас мешаванд, онҳо қарор доданд бо сарбахши кам ва бе гарав ба ҷавонон қарз бидиҳанд. Мадина як кормандони созмони мазкур мегӯяд, ҳадафи онҳо боло бурдани мавқеи доишҷӯи лаёқатманду аълохон аст, ки солҳои охир қариб аз миён рафта буд ва аълохонҳо ҳам қариб ҳеҷ нуфузу имтиёз надоштанд: «Донишҷӯён ҳоло фақат як ҳадаф доштанд, зуд хонда тамом кардану соҳиби диплом шудан, ба баҳо ва дараҷаи дониши худ онҳо аҳамият намедоданд. Бино бар ин тасмим гирифтем ба донишҷӯёни аълохон бе гарав қарз бидиҳем. Ин маҳсулоти қарзӣ барои 4 сол дода мешавад. Агар донишҷӯ соли таҳсилро бо баҳои бад хатм кунад, аз гирифтани қарзи мо маҳрум мешавад.»

Бояд гуфт имрӯз барои донишҷӯёни аълохони кишвар аз сӯйи донишгоҳ ва давлат аз 40 то қариб 80 сомонӣ стипендия муқаррар шудааст, ки ба гуфтаи худи муҳассилин ин маблағ ҳатто барои роҳкирои онҳо басанда нест. Аксари донишҷӯён имрӯз дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, ки нархи онҳо таври маълум гарон аст. Дар ин шароит ба андешаи Баҳманёр як донишҷӯи донишгоҳи миллӣ бояд соҳибкорону созмонҳои хусусӣ ба ҷавонон ёрӣ кунанд: «Масалан агар имрӯз як ширкате пайдо шавад, ки нақлиёти донишҷӯёнро то андозае арзону дастрас кунад ва ё ширкате пайдо шуавад, ки имрӯз барои донишҷӯён интернетро тахфиф кунад ва ё дигар мушкилоти доғи донишҷӯёнро ҳал кунанд, баъд донишҷӯ ҳам фикр мекунаду талош мекунад барои ояндаи ин кишвар хизмат кунад. Донишҷӯ имрӯз бояд ҳаматарафа дастгирӣ ёбад, чун ӯ фардои миллат аст.»

Гуфта мешавад имрӯз дар наздик ба 30 донишгоҳи Тоҷикистон 150 000 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Аксари ин донишҷӯён имрӯз барои бароварда сохтани ниёзҳои худ ва барои идомаи таҳсилашон, дар баробари донишомӯзӣ ба коре машғуланд ва ин ба раванди таҳсили онҳо низ бетаъсир намемонад.
XS
SM
MD
LG