Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Хоруғ: "Зиндагӣ бе телефони мобил мушкил будааст"


Қатъ шудани робитаи мобилӣ ва Интернет дар Бадахшон мардумро якбора ба давраи шӯравӣ ва "маркази алоқа" баргардонд.

Кариб 20 рӯз аст, ки телефонҳои мобилии сокинони Хоруғ, навоҳии Шуғнон ва Роштқалъа хомӯшанд. Дар ҳоле ки мавҷгирҳои ширкатҳои хусусии мобилӣ аз кор мондаанд, бошандагони Хоруғ ба сӯи ягона нуқтаи гуфтугӯи ва табодули хабарҳо -- идораи «Тоҷиктелеком» , воқеъ дар маркази вилоят рӯ овардаанд. Мардум аз саҳар то бегоҳ ба ин ҷо меоянд ва бо хешони худ дар шаҳрҳои дигар гуфтугӯ мекунанд ва ҳамчунин бо хабарҳои гоҳо росту гоҳи дигар дурӯғи ҳамсӯҳбатҳо ошно мешаванд.

Сокини Хоруғ Рустами Содиқиён дар бунбасти мухобиротӣ қарор додани Бадахшонро амали ғайримантиқӣ меномад ва чунин мешуморад, ки он бар зиёни худи ҳукумат аст, зеро камбуди мухобирот сабаби паҳн шудани ҳар гуна овозаҳо дар бораи воқеияти ҳодисаҳои охир дар Хоруғ мешавад. Вай гуфт: "Мо бояд аз ин бунбаст бароем, алоқа бояд пайваст шаванд, то мардум тавонанд, ки тавассути телефони мобилӣ бо хешу ақрабои худ дар тамос бошанд."

Ҳунарманди мардумӣ Мавлодод Бахтиёров мегӯяд, "ман ҳайронам, ки алоқа ва мардум чӣ гуноҳ доранд, ҳозир мо наметавонем, ки роҳат бо хешовандонамон дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он тамос гирем ва ба онҳо гӯем, ки дар Хоруғ ҳама тинҷӣ, осудагиву амонӣ аст."

Аммо бархе аз ҷавонони шаҳр, ки ба телефони мобилӣ дилбастагии шадид доранд ва дар навбат истодан намехоҳанд, роҳи дигари мухобироти мобилиро пайдо карданд. Нозир Ҳозиршоев, як ҷавони шаҳрӣ мегӯяд, ки бархе аз ҳамсолони ӯ 70-80- километр роҳро бо мошин тай карда ба ноҳияи Рӯшон мераванд ва дар он ҷо соатҳои хомӯширо бо гуфтугӯҳои тӯлонӣ ҷуброн мекунанд.

Дар ноҳияи Рӯшон, ки қисмате аз мардум дар рӯзи аввали амалиёт бо нигаронӣ аз талафтоти зиёди тарафҳо, қисми марзбонӣ ва шӯъбаи корҳои дохилиро дар муҳосира гирифтанд, робитаи мобил ба дунболи музокирот бо мардум ва пароканда шудани онҳо барқарор гардид.

Аз чанд рӯз ба ин сӯ, Интернет дар идораву муассисаҳо фаъол шудааст, вале маҳдудият барои корбарандагони маъмулӣ ҳанӯз вуҷуд дорад.

Набуди мухобирот аз ҳама бештар ба соҳибкорон зарбаи молӣ ворид кардааст. Зеро онҳо наметавонанд бо коршарикони худ дар хориҷи кишвар дар тамос шаванд ва муомилоти нимкораро ба итмом расонанд. Ҳамчунин бархе аз довталабон ва донишҷӯён мегӯянд, ки имкони ширкат дар барномаҳои табодули академикиро аз даст доданд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятии Тоҷикистаон ҳанӯз як ҳафта қабл дар мулоқот бо устодони донишгоҳи Хоруғ гуфтаанд, ки робитаи мобилӣ дар наздиктарин фурсат барқарор мешавад. Раиси вилоят ҳам дар ҷаласаҳо изҳор дошт, ки телефонҳои мобил базудӣ ба кор медароянд ва тамоси мардумро бо манотиқи дигар таъмин мекунанд. Аммо то ба ҳол ягон нафари масъул дар бораи рӯзи мушаххаси фаъол шудани робитаи телефонҳои мобилӣ чизе намегӯяд. Ин вазъият нигарониеро дар зеҳни мардум ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимолан амалиёти амнмятӣ дар минтақа ҳанӯз ба поён нарасидааст.
XS
SM
MD
LG