7 АКС аз Шаҳбол Мирзоев баъди 40 рӯзи табобаташ дар Хуҷанд

Шаҳбол Мирзоев баъди 40 рӯзи табобат дар бемористони Хуҷанд

Падараш мегӯяд, вазни Шаҳбол Мирзоев қаблан 78 кило буд, вале дар 4 моҳи охир хеле хароб шудааст

Шаҳбол Мирзоев баъди ҷарроҳӣ дар Маскав 40 рӯз дар Хуҷанд шушашро табобат кард. Волидонаш ин ҳама вақт шабҳои худро дар дохили мошин рӯз кардаанд.

Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, барои табобати Шаҳбол то имрӯз қариб 50 000 доллар сарф кардааст.

Шаҳбол Мирзоев 2 рӯз боз баҳузур хӯрок мехӯрад, вале то ҳол нишаставу хеста наметавонад

Шаҳбол Мирзоев моҳи март дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз дасти ҳамхидматаш маъюб шуд.

 Усмоналӣ Ғайратов бо ҷурми маъюб кардани Шаҳбол ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, вале дар додгоҳ ҳатто аз пардохти 5000 сомонӣ товон сар печид. Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, онҳо аз ин ҳукм розӣ нестанд.