Озмуни имсолаи “Eurovision Song Contest”-ро Эммилӣ Де Форести 20-сола аз Дания бурд. Ҷоми пирӯзиро дар марҳалаи ниҳоии ин омзун дар Малмёи Шветсия Эммилӣ бо таронаи “Only Teardrops” (“Танҳо қатраҳои ашк”) ба даст овард.
Дар даври ниҳоии “Eurovision Song Contest”, ки имсол барои бори 58-ум доир шуд, дар маҷмӯъ 26 овозхон аз саросари қораи Аврупо – аз Исландияву Бритониёву Норвегия то Малтаву Юнон ва аз Фаронсаву Олмон то Арманистону Озарбойҷон –роҳ ёфта буданд. Эммилӣ Де Форест дар даври ниҳоӣ, ки шоми шанбе баргузор шуд, дар раъйгирии аз сӯи тамошобинон ва ҳайъатҳои миллии ҳакамон дар 39 кишвари қора анҷомшуда, 281 имтиёз ба даст овард. Ба ин тартиб, “Eurovision-2014” дар Дания – ватани пирӯзи имсола доир хоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Only Teardrops” дар иҷрои Эммилӣ де Форест
Фарид Маммадов дар саҳнаи "Eurovision"
Фарид Маммадов аз Озарбойҷон бо таронаи "Hold Me" соҳиби 234 имтиёз ва ҷои дувум шуд. Озарбойҷон, ки ҳамагӣ дар соли 2008 ба ин озмун пайваст, билофосила дар радифи кишварҳои пештози “Eurovision Song Contest” қарор гирифт. Дар соли 2009 овозхони озарӣ Ойсел ҳамроҳ бо хонандаи маъруфи эронӣ Ораш ба намояндагӣ аз Озарбойҷон дар ин сабқат сазовори ҷойи дувум шуданд. Дар соли 2011 дуэти озарии Элдар Қосимов ва Нигор Ҷамол, мутахаллис ба Элл ва Никӣ, бо таронаи “Running Scared” барандаи “Eurovision Song Contest” шуданд ва ба ин далел ин озмун соли гузашта дар Боку, пойтахти Озарбойҷон доир шуда буд.
>
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таронаи "Hold Me" дар иҷрои Фарид Маммадов
Злата Огневич аз Украина бо таронаи "Gravity" дар мақоми севум қарор гирифт. Ҷолиб ин буд, ки Злата Огневичро як марди украиние, ки қадаш 2,4 метр буд, рӯи саҳна овард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таронаи "Gravity"-и Злата Огневич
Дина Ғарибова, овозхони тотор, ки аз Русия намояндагӣ мекард, сазовори ҷои панҷум шуд.
Бино ба ҳисобҳо, озмуни имсоларо дар саросари дунё дастикам 125 миллион нафар тамошо кардаанд.
Дания то кунун танҳо ду дафъа дар “Eurovision” баранда шудааст. Охирин пирӯзӣ ба ин кишвар соли 2000 бо шарофати таронаи "Fly on the Wings of Love"-и бародарон Олсенҳо муяссар шуда буд. Эммилӣ Де Форест баъди эълони пирӯзиаш гуфт, ин ғалаба сахт “мутаассир”-аш кардааст: “Дар давоми раъйгирӣ сабқат бо кишварҳои дигар хеле шадид гузашт ва аз ин рӯ, ман хеле хушбахтам ва мехоҳад ба Аврупо барои бовариашон ба ман ва бовариашон ба ин тарона, ва албатта, ба дӯстон ва хонаводаам барои пуштибонии ҳамешагиашон аз ман изҳори сипос кунам. Фикр мекунам, ки ман хеле мутаассир шудаам.” Эммилӣ афзуд, ки мехоҳад ин пирӯзиро ба модари худ ва ҳам ба падари фақидаш бубахшад.