14 узви хонаводаи бин Лодин аз Покистон ихроҷ шуданд

Чаҳордаҳ узви хонаводаи Усома бин Лодин бомдоди рӯзи ҷумъа аз Покистон ихроҷ ва ба Арабистони Саудӣ фиристода шуданд.
Усома бин Лодин дар моҳи майи соли гузашта дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои вижаи Амрико дар шаҳри Иббитободи Покистон кушта шуд.

Амир Халил, вакили дифои хонаводаи Усома бин Лодин ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст: «Занон ва 11 фарзанди Усома бин Лодин бо як парвози вижа ба Арабистон рафтанд.»

Маҳали нигаҳдории хонавододаи Усома бин Лодин дар Исломобод

Интиқоли хонаводаи Усома бин Лодин ба моҳҳо гумонзаниҳо дар мавриди сарнавишти занон ва фарзандони раҳбари пешини Ал-Қоида поён дод.

Вазорати умури дохилии Покистон, ки маъулияти нигаҳдории хонаводаи Усома бин Лодинро бар ӯҳда дошт, дар баёнияе эълон кард, ин 14 нафар бар асоси дастури додгоҳи ин кишвар ихроҷ шуданд: «Ин хонавода бар асоси интихоби худ имрӯз ба Арабистони Саудӣ фиристода шудаанд.»

Пештар додгоҳе дар Покистон се ҳамсар ва ду духтари Усома бин Лодинро ба иттиҳоми «иқомати ғайриқонунӣ» муҳокима ва ҳар кадоми онҳоро ба 45 рӯз зиндон ва пардохти 10 ҳазор рупия, баробар ба 114 доллар маҳкум карда буд.

Аз замони ҳамлаи нерӯҳои вижаи амрикоӣ ба маҳали будубоши бин Лодин ва кушта шудани ӯ, афроди хонаводаи раҳбари собиқи Ал-Қоида дар дасти мақомоти покистонӣ будаанд. Ҳамсарони Усома бин Лодин, ки ду тан аз онон шаҳрванди Арабистони Саудӣ ва яке шаҳрванди Яман аст, бо ҳамроҳии фарзандонашон дар хонае дар Исломобод нигоҳ дошт мешуданд.

Раҳбари пешини Ал-Қоида чанд соли ахир дар шаҳри Иббитободи Покистон ба таври махфиёна зиндагӣ мекард

Усома бин Лодин дар ҳоле, ки 25 миллион доллар барои пайдо карданаш ҷоиза таъйин шуда буд, тавонист ба муддати панҷ соли ахир дар Покистон ва дар шаҳри Иббитобод, дар шимолу ғарби ин кишвар ба ҳамроҳи занону фарзандонаш зиндагӣ кунад.

Омол Абдулфаттоҳ, ҳамсари ямании Усома бин Лодин ва ҷавонтарин зани ӯ мегӯяд, дар ҳамин чанд соле, ки махфиёна зиндагӣ мекарданд, соҳиби чаҳор фарзанд аз ҳамсари худ шудааст. Вай гуфта буд, ки ду тан аз фарзандонаш дар бемористонҳои давлатӣ ба дунё омадаанд вале фақат «барои ду ё се соат» дар бемористон будааст.