Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Маҳкумияти ҳамсар ва духтарони Усома бин Лодин


Додгоҳе дар Покистон ҳамсару духтарони Усома бин Лодин, раҳбари пешини Ал-Қоидаро барои будубоши ғайриқонунӣ маҳкум кард.

Се ҳамсар ва ду духтари Усома бин Лодин ба иттиҳоми иқомати ғайриқонунӣ дар Покистон ҳар кадоме ба 25 рӯзи зиндон ва пардохти 10 ҳазор рупияи покистонӣ, баробар ба 114 доллар, маҳкум шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, вакили парванда рӯзи душанбеи 2-юми апрел ин ҳукмро таъйид карда ва гуфтааст, ин панҷ зан ҳудуди як моҳ аст, ки дар зиндон ҳастанд. Ба қавли ӯ, онҳо ду ҳафтаи дигар дар зиндон монда ва сипас аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.

Аз замони ҳамлаи нерӯҳои вижаи амрикоӣ ба маҳалли пинҳонии бин Лодин ва куштани ӯ, пайвандонаш дар дасти мақомоти покистонӣ будаанд. Мақомоти расмии Покистон гуфтаанд, шикояти қонунӣ ва иттиҳом алайҳи ҳамсару духтарони Усома бин Лодин ба таври расмӣ аз як моҳи пеш шурӯъ шуда ва додгоҳ марҳилаҳои қонунии худро тай кардааст.

Отиф Алихон, вакили муттаҳамони ин парванда гуфтааст, ҳамаи онҳо аз ин ҳукм розӣ ҳастанд ва умедворанд, ки зудтар мӯҳлати он тамом шавад ва битавонанд ба хонаводаи худ бипайвнаданд. Ӯ ҳамчунин гуфтаст, давлати Яман ибрози омодагӣ кардааст, ки Омил Абулфаттоҳ, ҳамсари 30-солаи Усома бин Лодин ва фарзандонашро дар кишвар бипазирад ва иҷозаи бозгашти онҳо ба Яманро низ содир кардааст.

Вакили ин парванда гуфта, ки музокирот бо давлати Арабистони Саудӣ дар мавриди дигар муттаҳамон дар ҷараён аст, вале ба эҳтимоли зиёд тафоҳуме ба даст омада ва онҳо ҳам ба ҳамроҳи фарзандонашон ба Арабистони Саудӣ фиристода хоҳанд шуд.

Дар ҳоле ки 25 миллион доллар барои пайдо кардани Усома бин Лодин ҷоиза таъйин шуда буд, ӯ тавонистааст панҷ соли ахирро дар Покистон ва дар шаҳри Абботобод, дар шимолу ғарби ин кишвар, ба ҳамроҳи занону фарзандонаш зиндагӣ кунад.

Омол Аблуфаттоҳ, ҳамсари яманӣ ва ҷавонтарини Усома бин Лодин мегӯяд, дар ҳамин чанд соле, ки махфиёна зиндагӣ мекарданд, соҳиби чаҳор фарзанд аз ҳамсари худ шудааст. Вай гуфта, ки ду тан аз фарзандонашро дар бемористонҳои давлатӣ ба дунё овардааст.

Тибқи таҳқиқоти мақомоти интизомии Покистон ин ҳамсари Усома бин Лодин дар соли 2000-ум вориди Покистон шуда, аз он ҷо ба Афғонистон рафта ва пеш аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар Амрико бо Усома издивоҷ кардааст. Вай гуфта, ки зиндагии сахту душворе дошт, чаро ки маҷбур шуда ба Карочӣ дар Покистон сафар кунад, баъд дар Пешовар бо бин Лодин дидор намуда ва аз он ҷо ба дараи Свот биравад.
XS
SM
MD
LG