Иттиҳодҳои ҷудоиандози интихоботи Исроил

Пешвои ҳизби Кадима Тзипӣ Ливнӣ мегӯяд, на Ликуд, балки ӯ пиирӯз шудааст. Тел-Авив, 11 фервали 2009

Дар интихоботи порлумонии Исроил ҳеҷ як аз ҳизбҳои сиёсӣ натавонист пирӯзии ҷиддӣ ба даст оварад.
Зоҳиран натиҷаҳои интихобот мавқеи ҳар ҳизбро дар порлумон муайян кард, аммо акнун ҳафтаҳои тӯлонии музокираҳо барои ташкили ҳукумати эътилофӣ дар пеш аст.

На ҳизби марказгарои Кадимаи вазири умури хориҷӣ Тсипӣ Ливнӣ ва на Ликуди ростгарои нахуствазири собиқ Бенямин Нетаняҳу натавонистанд аксари кулли курсиҳои Кнессети иборат аз 120 курсиро ба даст оранд.

Бар тибқи натиҷаҳои пешакии овоздиҳии 10 феврал, Кадима барандаи 28 ва Ликуд соҳиби 27 курсии парлумон шуданд. Ҳизби "Йисраэл Бейтейну"-и сиёсатмадори миллатгаро Авигдор Либерман, ки муҳоҷир аз Шӯравии пешин аст, дар мақоми сеюм ҷо гирифт.

Барои Либерман ва ҳизбаш акнун дар Кнессет 15 курсӣ пешбинӣ мешавад, ки чаҳор курсӣ бештар назар ба парлумони пешина будааст.

Ҳизби Кори вазири дифоъ Эҳуд Барак, ки замоне тӯли даҳсолаҳо ҳизби ҳокими Исроил буд, дар интихоботи ахир фақат 13 курсиро ба даст овард. Ва акнун чунин ба назар мерасад, ки ҳатто дар сурати муттаҳидшавии яке аз ҳизбҳои пирӯз бо гурӯҳҳои дигар таҳти чатри як эътилоф, аммо на Кадима ва на Ликуд нахоҳанд тавонист аксарияти порлумонро ташкил кунанд.

Дар маҷмӯъ, аҳзоби ростгарову мазҳабӣ дар Исроил 65 курсиро ба даст овардаанд, ки барои ташкили ҳукумати эътилофӣ дар муқоиса бо 55 курсии ҳизбҳои марказу чапгарои арабӣ кифоят мекунад.

Таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, ки дарсадҳои бадастовардаи ҳизби Либерман ба Нетаняҳу шонси беҳтари таъсиси ҳукумати эътилофиро бо нирӯҳои барояш наздики сиёсӣ хоҳад дод. Аммо бархе ҳизбҳои мазҳабии сиёсӣ мухолифи Либерман ҳастанд. Ва ин воқеият метавонад Нетаняҳуро барои ҷустуҷӯи шарикони дигари эътилофӣ водор кунад.

Нетаняҳу дар баробари тарафдоронаш баъди анҷоми интихобот гуфт, ки вай метавонад як ҳукумати хубу мӯътадиле ташкил кунад, ки тавонад, ба чолишҳои амниятву иқтисодӣ посухгӯ бошад. Вай гуфт:

"Ҳамонтавре ки ваъда дода будам, ман барои ташкили эътилоф пеш аз ҳама ба шарикони табиии худ дар пойгоҳи миллатгароҳо муроҷиат мекунам. Ман аллакай шоми имрӯз бо раҳбарони ҳизбҳо сӯҳбат кардам ва мо қарор кардем, ки аз фардо барои ташкили ҳукумати нави Исроил музокира кунем".

Либерман, ки сиёсати тундрави миллатгароёна ва зиддиарабиро пеш гирифтааст, ҳанӯз мавқеи худро дар заминаи ҳамроҳшавӣ бо ин ё он ҳизби пирӯз баён накард. Вай ба тарафдоронаш гуфт, ки мехоҳад як ҳукумати ростгаро ташкил шавад, аммо афзуд, ки посухи мушаххаси худро ба ҳеҷ яки онҳо надодааст:

"Ман хушбахтам, ки мо як ҳизби муҳим, яъне савумин бузургтарини ҳизби давлати Исроил шудем".

Дар ҳамин ҳол, раҳбари Кадима Ливнӣ ҳам, ки кӯрпаи пирӯзиро ба тарафи худ мекашад, гуфт, ки худро раҳбари ҳукумати нави Исроил мебинад. Ҳарчанд пурсишҳои афкори умум дар ҳафтаҳои охир пирӯзии қобили мулоҳизаи ҳизби Ликудро пешгӯӣ мекардаанд, натиҷа чунин шуд, ки Кадима 15%- и раъйи нафаронеро аз они худ кард, ки дар пешорӯи интихобот ҳанӯз мавқеи худро мушаххас накарда буданд. Ва баъди шунидани натиҷаҳои аввалияи интихобот Ливнӣ гуфт:

"Шоми имрӯз ман ба Бенямин Нетаняҳу муроҷиат мекунам. Пеш аз он ки таърихи интихобот таъин мешуд, ман аз шумо даъват кардам, ки таҳти раҳбарии ман ба таъсиси як ҳукумати ваҳдати миллӣ бипайвандед, то бо мушкилоте, ки давлати Исроил рӯбарӯ шудааст, ҳамроҳ муқобила кунем. Шумо инро рад кардед. Шумо рад кардед ва гуфтед, ки мардум бояд ҳал кунанд, мардум бояд таъин кунанд. Мардум имрӯз тасмим гирифтанд ва ин тасмим Кадима аст!".

Аммо Ливнӣ ишора кард, ки омодааст дар баробари Ликуди ростгаро инчунин бо ҳизби чапгарои Кори вазири дифоъ низ имконияти таъсиси ҳукумати эътилофиро баррасӣ кунад.

Натиҷаҳои мазкур ҳанӯз мавқеи сарбозонеро инъикос намекунад, ки дар интихобот ширкат карданд. Қарор аст рӯзи панҷшанбе натиҷаҳои овоздиҳӣ дар миёни воҳидҳои низомӣ баршумурда ва баъдан натиҷаҳои охирин эълон шавад. Овоздиҳии сарбозҳо сарнавишти як ё ду курсии парлумонро таъин хоҳад кард.

Дар ниҳояти амр аз раиси ҷумҳурӣ Шимон Перес вобаста аст, ки бигӯяд оё Ливнӣ ё Нетаняҳу ҳаққи ташкили ҳукуматро ба даст меоранд. Ӯ як ҳафта вақт дорад, ки баъди шунидани машваратҳои раҳбарони ҳизбҳо дар ин замина тасмим бигирад.

Таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди ин ки чӣ касе раҳбари ҳукумати нави Исроил мешавад, гумон аст, ки ӯ дафъатан дар самти музокираҳои сулҳ бо Фаластин иқдом кунад. Ба эҳтимоли ғолиб, ҳоло ихтилофи назареро бо ҳукумати раиси ҷумҳурии нави Амрико Барак Обама интизор бояд шуд, ки гуфтааст, созиши сулҳ дар Ховари Миёна барномаи асосии ӯ хоҳад буд.