Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаи Эрдуғон ва Перес дар Давос


Реҷеп Тайип Эрдуғон, нахуствазири Туркия
Реҷеп Тайип Эрдуғон, нахуствазири Туркия

Аз Реҷеп Тайип Эрдуғон, нахуствазири Туркия, субҳи рӯзи ҷумъа дар Истамбул ба унвони як қаҳрамон истиқбол карданд.

Вай аз Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод аз Давос бармегашт, баъд аз радду бадалҳои лафзии ғазаболуд бо Шимон Перес, раисҷумҳури Исроил, дар бораи ҳамлаҳои ин кишвар ба шаҳри Ғаззаи Фаластин. Ибтикори ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи Давос барои барқарории муносиботи дипломатии миёни Озарбойҷону Арманистон низ намунаи ошкорои нокомии ин нишаст буд.

Вақте, ки Реҷеп Тайип Эрдуғон, нахуствазири Туркия, баъд аз бархурди лафзӣ бо Шимон Перес, раисҷумҳури Исроил, ҷаласаи Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисодро тарк мекард, яке аз лаҳзаҳои ҳассос дар ҷаласаҳои Давос буд. Рӯзи панҷшанбе оқои Эрдуғон бо як вокуниши шадид бар зидди ҳимояти раисҷумҳури Исроил аз ҳамлаҳои Исроил ба Ғаззаи Фаластин толори ҷаласа ва сипас Давосро тарк кард.

Шимон Перес аз Реҷеп Тайип Эрдуғон пурсид, ки агар мушакҳо ё рокетҳо ба сӯи мардуми бегуноҳи Туркия партоб шаванд, вай чӣ кор хоҳад кард? Дар ҳоле, ки Эрдуғон сӯҳбат мекард, Перес бо садои баландтар ангушти ишора ба сӯи Ёрдуғон бурид ва пурсид: "Ҳар кишвар чӣ хоҳад кард? Шумо чӣ хоҳед кард, агар ҳар шаб ба Истамбул 10 рокет ё 100 рокет партоб шавад?"

Вокуниши Эрдуғон ба ин пурсиш шадидтарин интиқоди ошкорои Исроил аз ҷониби ҳукумати Туркия дар солҳои ахир буд. Реҷеп Тайип Эрдуғон гуфт, "президент Перес, шумо аз ман калонсолтар ҳастед ва садои шумо хеле қавист. Ман эҳсос мекунам, ки шумо худро шояд гунаҳгор ҳис мекунед ва шояд барои ҳамин садоятонро баланд мекунед. Садои ман ин қадар баланд намешавад, бовар кунед. Вақте, ки масъалаи куштор ба миён меояд, шумо медонед, ки мардумро чӣ тарз бикушед. Ман дар хотир дорам, ки шумо чӣ тарз кӯдаконро дар соҳилҳо куштед, ман ду нахуствазири собиқи шуморо дар хотир дорам, ки ба ман гуфта буданд, чӣ гуна хушҳол шудаанд, вақте ки савори танк вориди Фаластин шуда буданд".

Оқои Эрдуғон ҳамчунин аз намояндагони ҳукумати кишварҳо ва раҳбароне, ки дар толор ба нишонаи ҳимоят аз Перес каф мезаданд, интиқод кард. Перес бо эҳсосот аз ҷанги Исроил бар зидди гурӯҳи Ҳамос дар Ғазза сӯҳбат мекард. Дар ин ҷанг бино ба ҳисоби тақрибӣ 1300 нафар фаластинӣ кушта шуданд, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд.

Эрдуғон ҳануз суханони худро ба поён набурда буд, ки Дэвид Игнатиус, рӯзноманигори "Вошингтон Пост" ва гардонандаи ҷаласа, суханони вайро қатъ кард. Нахуствазири Туркия ба чунин рафтор вокуниши ғазаболуд нишон дод ва гуфт, "барои ман аз ҳамин рӯз Давос тамом шуд. Ман баъд аз ин ба Давос барнамегардам. Шумо нагузоштед, ки ман сӯҳбат кунам. Президент Перес 25 дақиқа сӯҳбат кард ва шумо ба ман иҷоза додед, ки танҳо 12 дақиқа сӯҳбат кунам. Ин ғайриқобили қабул аст".

Ин бори аввал набуд, ки Эрдуғон аз Исроил интиқод мекард. Вай дар Мисру Урдун ва Арабистони Саъудиву Сурия низ ба ин маънӣ сӯҳбат карда буд ва саъй мекард дар оташбаси миёни Исроилу Фаластин миёнҷигарӣ кунад. Дар асл Эрдуғон на танҳо норизоятии худро аз Исроил нишон дод, балки бо чунин рафтори рӯшани худ аз боздид аз Исроил канорагирӣ кард, ки он бахше аз боздидҳои Ховари Миёнаи вай дониста мешавад. Гузашта аз ин, вай нақши миёнҷигарии Туркия дар музокироти Исроилу Сурияро низ бекор кард.



Реҷеп Тайип Эрдуғонро дар фурӯдгоҳи Истамбул чун қаҳрамон пешвоз гирифтанд
Аз соли 1996 ба ин сӯ Туркия дар Ховари Миёна яке аз муттаҳидони камшумори Исроил мебошад, яъне аз замоне, ки ин ду кишвар байни худ паймони низомӣ имзо карданд. Баъзе таҳлилгарони Туркия чунин иқдоми Эрдуғон дар Давосро навъе саҳнасозӣ хондаанд, ки вай дар остонаи интихоботи маҳаллии моҳи март нишон дааст.

Хонум Лола Сариброҳимуғлу, таҳлилгар аз нашрияи "Замон", мегӯяд, фишори дохилӣ ба Эрдуғон зиёд буд, то ки баъд аз ҳамла ба Ғазза муносиботаш бо Исроилро бозбинӣ кунад. Вай меафзояд, тазоҳуроти хиёбонӣ бузургу густарда аст, то сиёсатмадоронро водор созанд, ки тавофуқоти низомии худро бо Исроил бекор кунанд. Яке аз чунин тавофуқоти ахир ду рӯзи пеш аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза имзо шуд.

Вокуниши мардуми Туркия ба тасмими Эрдуғон дар Давос аслан мусбат аст. Диловар Аъзамҷонов, донишҷӯи тоҷик дар Истамбул, мегӯяд, рафтори Эрдуғон дар Давос мавриди истиқболи донишҷӯён қарор гирифтааст. Вай меафзояд, "мо ҳам дар хобгоҳ ҳамроҳи туркҳо баромади сарвазирро гӯш мекардем, ҳатто бисёрии ҷавонҳо, студентҳо қарсак мезаданд дар хобгоҳ".

Баъзе таҳлигарон мегӯянд, ғазаби Эодуғон мумкин аст ба масъалаи узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо асари манфӣ гузорад ё талошҳои Туркияро барои гирифтани қарз аз Сандуқи Байнулмиллалии Пул барои рафъи бӯҳрон ба нокомӣ рӯ ба рӯ созад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ғазаби оқои Эрдуғон натиҷаи вазъи ба вуҷуд омада дар ҳамон лаҳза буд ва набояд ба муносибот бо Туркия асар гузорад. "Фикр мекунам, ин ҷо ҳолате буд, ки воқеъият руй зад ва набояд Аврупо ҳам ин ҳодисаро ҳамчун як милод барои баҳо додан ба ҳукумати Туркия ё ба муносибатҳо бо Туркия кунад", - меафзояд ӯ.

Қарор буд, дар ҷаласаи Давос бахше аз ҷаласаро оқои Эрдуғон гардонандагӣ кунад ва барои барқарории муносиботи дипломатӣ миёни Арманистону Озарбойҷон талошҳое ба харҷ диҳад. Созмондиҳандагони ҷаласаи Давос низ саъй карда буданд, ки раҳбарони Арманистону Озарбойҷонро ба Давос оранд. Вале танҳо вазирони хориҷа ба Давос омаданд. Даргириҳои лафзии миёни Эрдуғон ва Перес нишон дод, ки мунозира дар чунин ҷаласаҳо метавонад бар зарари кор низ анҷом бигирад.
XS
SM
MD
LG