Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б. Обама ва оташбас дар минтақаи Ғазза


Шаҳри Ғазза дар рӯзи аввали соли 2009
Шаҳри Ғазза дар рӯзи аввали соли 2009

Фиристодаи вижаи Барак Обама барои кумак дар барқарории сулҳ байни Исроил ва фаластиниён роҳии минтақа мешавад.

Бино бар гузориши хабаргузориҳои байнулмилалӣ, фиристодаи вижаи Барак Обама, раисҷумҳури ИМА, барои тақвияти оташбас ва азсаргирии музокироти сулҳ дар ҳафтаи равон ба ин минтақа сафар хоҳад кард.

Барак Обама ба Ҷорҷ Митчелл умед дорад
Ҷорҷ Митчелл, сенотури собиқ, ба унвони фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар ҷараёни ин сафар эҳтимолан дар Миср, Урдун, Исроил ва манотиқи ишғолии воқеъ дар ғарби рӯди Урдун таваққуф намояд.

Хабаргузории «Ройтерз», ба нақл аз давлатмардҳои ғарбӣ, исроилӣ ва араб, навиштааст, ки оқои Майкл дар ин сафар тамоси мустақиле бо раҳбарони «ҲАМОС» нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG