Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиб вазъи шахси кордхӯрда дар "карантин"-ро шарҳ дод


Зоиршо Қодиров
Зоиршо Қодиров

Зоиршо Қодиров, корманди 35-солаи Академияи давлатии идоракунии назди президенти Тоҷикистон, ки охири ҳафтаи гузашта бо захмҳои шадиди корд дар бемористон бистарӣ карда шуд, мегӯяд, ҳоло вазъи саломатиаш беҳтар аст. Ин ҳодиса замоне иттифоқ уфтод, ки ӯ дар истироҳатгоҳе дар ноҳияи Варзоб таҳти "карантин" қарор дошт.

Мақомот ба наздикони Зоиршо Қодиров гуфтаанд, гӯё ӯ ба бадани худ чанд дафъа корд зада, аз ошёнаи севум сарозер шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо Зоиршо рӯзи 2-юми апрел дар бемористони Қарияи Боло суҳбати кӯтоҳ кард ва дар ин бора назари ӯро ҳам пурсид.

Қодиров ба Радиои Озодӣ гуфт: "Сӯзанро як бор дар даст гузор, чӣ хел мешавад. Мантиқан фикр кунем, чӣ хел бо корд худро мезанӣ?" Вай аз ин бештар тафсилот надод ва гуфт, баъди пурра сиҳҳат шуданаш дар ин бора суҳбат мекунад.

Пизишкон гуфтанд баъди беҳтар гардидани саломати Зоиршо Қодиров ӯро аз шуъбаи эҳёгарӣ ба "шуъбаи осеби омехта ва ҷарроҳии фаврӣ" оварданд. Давлатёр Давлатов, пизишки Зоиршо Қодиров, рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, як зарби корд дар қафаси сина, се зарби корд дар шикам ва як захми дигар дар пешонии ӯ буда, аз пушти сараш низ ҷароҳат бардоштааст.

Мусоҳиби мо афзуд, "дар рӯзи аввал дар як амалиёт ду ҷарроҳӣ, яке дар қафаси сина ва дигаре дар шиками Зоиршо Қодиров анҷом ёфт. Захмҳои девори қафаси сина аз чап, захми деворҳои пеши шикам, захми пешонӣ аз тарафи рост ва захми паси сар маълум карда шуд. Ҳангоми афтодан косаш низ шикастааст", -- шарҳ дод Давлатов.

Ӯ таъкид намуд, ки "се захми ҳиссаҳои сеюму чаҳоруми ҷигар ва меъдаи ӯ коркард ва дӯхта шуда, поксозии шикам гузаронида шудааст. Коркарди захмҳои пешонӣ ва паси сар низ гузаронида шуд. Айни ҳол вазъияташ вазнини муътадил мебошад, хӯрокро қабул мекунад".

Қодир Қодиров, падари Зоиршо Қодиров, рӯзи 28-уми март дар бемористони Қарияи Боло ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ба фарзияе, ки ӯ худро бо корд задааст, бовар надорад ва аз мақомот мехоҳад, "ҳодисаро мунсифона таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ҷазо диҳанд".

Раёсат ва ҳайати кормандони Академияи идоракунии давлатии назди президент дар оғози ин ҳафта бо фиристодани номае ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ҳодисаи мазкур аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ пурра зери назорат қарор дорад".

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гузашти тақрибан як ҳафта аз ин ҳодиса, дар ин бора расман маълумот надоданд. Рӯзи 2-юми апрел як масъули ин ниҳод, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқ оғоз шудааст ва то анҷоми тафтиш чизе гуфта наметавонанд.

Зоиршо Қодиров, сардори шуъбаи илм, инноватсияи Академияи давлатии идоракунии назди президенти Тоҷикистонро баъди он ки яке аз ҳамкоронаш аз сафари хидматӣ аз Олмон баргаштаву зуком шудааст, ба карантини чордаҳрӯза фиристодаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ин дам ягон мавриди гирифторӣ ба бемори ҳамагири КОВИД-19 дар кишвар сабт нашудааст, аммо беш аз шаш ҳазор нафаре, ки аз хориҷ баргаштанд, ба карантин фаро гирифта шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG