Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жириновский ваксинаи зидди коронавирус гирифт. ВИДЕО


Владимир Жириновский

Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии Русия, иҷоза додааст, дар бадани ӯ нахустин ваксинаеро озмоиш кунанд, ки баҳсу шубҳа дар бораи он зиёд аст.

Русия рӯзи 11-уми август гуфт, ки ваксина ба зидди COVID-19-ро расман сабт кардааст, вале шубҳаи зиёде дар бораи коромадии он вуҷуд дорад. Донишмандон дар дохил ва хориҷ аз Русия мегӯянд, "Спутник-V" марҳилаи саввуми озмоишро сипарӣ накардааст ва олимони мустақил ҳам таъсиру коромадии онро насанҷидаанд.

Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия яке аз ихтиёриёне шуд, ки ваксина ба зидди коронавирус бо номи "Спутник-V"-ро ба ӯ гузаронданд. Сиёсатмадори 74-сола бовар дорад, ваксина коромад аст.

Владимир Жириновский гуфт: "Ваксинаи мо беҳтарин дар ҷаҳон аст. Аз ҳама пештар офаридем ва тамоми Русия бояд солим бошад. Бигзор амрикоиҳо... Диламон барояшон месӯзад, вале онҷо миллионҳо нафар бемор шудаанд ва воқеан миллионҳо нафар шояд мемиранд. Аммо натиҷаҳои мо беҳтар аст."

Сиёстмадори ҳангомаҷӯи Русия баъди се ҳафтаи дигар ваксинаи дувумро мегирад ва ним сол зери назари табибон мемонад.

Русия аз ҳама пеш эълон кард, ки ваксинаи нав ба зидди COVID-19-ро барои истифода расман сабт кард. Онро дар Озмоишгоҳи ба номи Гамалей офариданд. Аммо на ҳама ба коромад будани ваксина бовар доранд ва мегӯянд, ваксина дуруст озмоиш нашудааст ва Русия шитоб мекунад. Ҳоло барои озмоиши “Спутник” 40 ҳазор нафарро ҷалб кардаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Владимир Жириновский ваксинаи зидди коронавирус гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG