Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Балучзода: Иттиҳоди доктор Абдуллоҳ бо Зулмай Расул ба фоидаи ҳардуст


Доктор Абдуллоҳ бо Зулмай Расул ва Гулоқо Шерзуй, Кобул, 11 май.
Доктор Абдуллоҳ бо Зулмай Расул ва Гулоқо Шерзуй, Кобул, 11 май.

Сухангӯи Зулмай Расул мегӯяд, ҳимояти оқои Расул аз доктор Абдуллоҳ натиҷаи музокираҳои тӯлоние буд, ки байни ин ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон идома дошт.

Зулмай Расул, вазири пешини хориҷа ва яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон расман дар даври дувум аз номзадии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят кард. Дар ин бора 11 май ситоди интихоботии Зулмай Расул дар нишасти хабарие дар Кобул изҳорот дод. Зулмай Расул яке аз ёрони наздики Ҳомид Карзай - раиси ҷумҳури кунунии Афғонистон аст.

Вазири пешини хориҷаи Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон 44,9 дарсади ороро ба даст овард, бо ҳимояти Зулмай Расул, ки дар раъйгирии рӯзи 5 апрел ба 11,5 дарсади овозҳо соҳиб шуда буд, метавонад бо қотеъияти бештаре ба даври дувум биравад. Рӯзи 7 июн дар даври дувуми интихобот, қарор аст, Абдуллоҳ бо вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай вориди рақобат шавад.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Аҷмал Балучзода - сухангӯи ситоди номзад Зулмай Расул дар Кобул пурсидем, ин ду номзад бино ба шабоҳат доштани барномаҳои интихоботӣ бо ҳам эътилоф карданд ё ангезаҳои дигар дар назар буд?
Аҷмал Балучзода, сухангӯи ситоди Зулмай Расул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
Линки мустақим


Балучзода: Эътилофи имрӯзии байни Зулмай Расул ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бештар бар асоси орои мо сурат гирифт. Мо дар мақоми севум қарор доштем. Дар музокирот, ки байни гурӯҳҳои ин ду номзад сурат мегирифт, бар ин таъкид шуд, мо бояд аз ҳаққи ин оро дифоъ кунем. Дар бораи барномаҳоямон, яъне мубориза бо фасоди идорӣ, таъмини сулҳ, иқтисоди беҳтар, ҳукуматдории беҳтар, ҳокимияти қонун ва мисли ин бо доктор Абдуллоҳ сӯҳбатҳое сурат гирифт. Шабоҳатҳое дар барномаҳо вуҷуд дорад ва ин ду номзад ҳамкорони қаблӣ ҳам буданд, шинохти беҳтар аз якдигар доранд. Ин як нукта буд.

Доктор Абдуллоҳ ва Залмай Расул
Доктор Абдуллоҳ ва Залмай Расул
Нуктаи дуввум ин буд, ки даври дуввуми интихобот метавонист қавмӣ бошад ва ҷиноҳбандиҳои қавмӣ сурат бигирад. Барои ҳамин, оқои Зулмай Расул таъкид кард, ки мо бояд ваҳдати миллиро ҳифз кунем ва интихоботро мисли даври аввал пуршукӯҳ баргузор кунем. Интихоботро аз қавмӣ шудан наҷот диҳем. Тамоми ваъдаҳое, ки оқои Зулмай Расул дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ ба мардум дода буд, ин барномаҳоро оқои Абдулло пазируфтааст, ки онро ҷузви барномаҳои худ месозад ва дар ҳукуматдории ояндаи худ аз ин барномаҳо истифода хоҳад кард.

Озодӣ: Маъмулан вақте ки номзадҳо эътилоф мекунанд, тавофуқоте ҳам дар бораи ташкили ҳукумати эътилофӣ ба даст меояд. Оё дар ин бора ҳам гуфтушунудҳо сурат гирифтааст?

Балучзода: Гурӯҳҳое, ки дорои орои баланди мардумӣ ҳастанд, дар ҳукумати оянда саҳм хоҳанд дошт. Наметавон онҳоро аз ҳукуматдорӣ ҳазф кард. Бидуни шак онҳо ҷузви низоми оянда хоҳанд буд. Вале дар бораи наҳваи ташкили ҳукумати оянда баъдан гуфтугӯҳо сурат хоҳанд гирифт.

Озодӣ: Аз номзадҳо ба эътилофи ин ду номзад боз кадом номзадҳо пайвастаанд?

Балучзода: Бо доктор Абдуллоҳ номзади дагар Гулоқо Шерзай вориди саҳна шудааст. Аммо гурӯҳҳои дигаре, ки бо мо эътилоф карда буданд, метавонанд худашон мавзеъгирии худро таъйин кунанд ва тасмим бигиранд. Ба аъзои гурӯҳи мо бо назардошти мавозини демократӣ озодиҳое дода шуд, ки метавонанд бо номзади дигар эътилоф кунанд ва ё агар нахоҳанд метавонанд аз ширкат дар корзорҳои интихоботӣ канор раванд ва бетараф бошанд. Ин тасмимро мо дар ситоди интихоботии худ дар ихтиёри ҳамкорамон гузоштем.

Озодӣ: Дар матбуоти Афғонистон баъзе хабарҳои таъйиднашуда ҳам ба чашм мехӯрад, ки гӯё генерал Абдулрашид Дустум - муовини номзад Ашрафғанӣ Аҳмадзай - мехоҳад ба эътилофи Абдуллоҳ ва Зулмай Расул ҳамроҳ шавад. То чӣ андоза ин сару садоҳо воқеият дорад?
Генерал Дустум
Генерал Дустум
Балучзода: Бештар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд чунин ақидаҳо ба вуҷуд оранд ва фазоро таҳрик диҳанд, рақобатҳо ба вуҷуд оранд ва номзади дигарро заиф ҷилва диҳанд. Онҳо бо чунин кор мехоҳанд нишон диҳанд, ки гурӯҳи рақиб дар ҳоли фурӯпошист. Аммо аз чунин гуфтугӯҳо ва ё чунин гуфтугӯҳое, ки ҳадди ақал мо дар ҷараён бошем ва ё сурат гирифта бошад, ин мавридро мо рад мекунем ва чунин кор сурат нагирифтааст.

Озодӣ: Бо пайвастани Зулмай Расул ба Абдуллоҳ, мисли ин ки як эътилофи қаввӣ вориди саҳна мешавад. Оё метавон ба пирӯзии чунин эътилоф дар даври дуввум бовар кард?

Балучзода: Тасмимро мардуми Афғонистон мегиранд. Масалан, дар даври аввали интихобот мардуми ин кишвар бештарин раъйро ба доктор Абдуллоҳ доданд. Даври дуввум эҳтимолан ба ҳамин шакл хоҳад буд. Гурӯҳи мо вақте ки бо доктор Абдуллоҳ эътилоф кард, ба умеди ин буд, ки ин эътилоф пирӯз мешавад, дар даври дуввум бештарин ороро хоҳад дошт ва ҳукуматдории ояндаро ба даст хоҳад гирифт. Аммо мардуми Афғонистон интихоб мекунанд ва мардуми Афғонистон ҳастанд, ки аз ду номзад ба яке раъй медиҳанд, ба номзаде ки метавонад беҳтар сарнавишти ояндаи Афғонистонро таъйин кунад ва раҳбариро дар даст дошта бошад.
XS
SM
MD
LG