Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли баргузории даври дуввуми интихоботи Афғонистон бештар мешавад


Дар ҳолати мувофиқати комиссиюни интихоботии Афғонистон бо баргузории даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, раъйпурсӣ рӯзи 14-уми июн баргузор хоҳад шуд.

Раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфт, ки дар сурати баргузории даври дуюми интихоботи раёсарҷумҳурӣ, раъйдиҳии навбати 14 июн баргузор мешавад.

То эълони натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар панҷ рӯзи дигар боқӣ мондааст. Дар асл мақомот баргузории даври дуввумро аз эҳтимол дур намедонанд. Гузоришҳои ахир нишон медиҳанд, ки дар сурати баргузории даври дуввуми интихобот, рақобат миёни ду номзади пештоз - Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай баргузор мешавад.

Бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, агар дар давраи нахустини интихобот, ҳеҷ яке аз номзадҳо натавонанд бештар аз панҷоҳ дарсади раъйи мардумро ба даст оваранд, даври дувуми интихобот бо ширкати ду номзади пештози даври аввал баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳамин маврид масъулони Коммиссияи мустақили шикояти интихоботии Афғонистон дар нишасти хабарие рӯзи панҷшанбеи 8-уми май раванди баррасии шикояти интихботиро такмил кардаанд. Ин коммиссия ҳудуди 900 шикоятеро, ки ба гуфтаи масъулони он ба натиҷаи интихобот таъсир мерасонад, дар ҳузури хабарнигорон ва ҷомеаи маданӣ баррасӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде аз номзадҳои раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам аз тақаллубкорӣ дар раванди интихобот изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ду номзади пештоз аз натиҷаҳои ибтидоӣ розӣ нестанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Интизор меравад натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 14-уми май эълон шавад. Нур Муҳаммади Нур, сухангӯи Коммиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, «ин коммиссия барои баргузории даври дувуми интихобот омодагии комил дорад».

Аз рӯи Қонуни асосии Афғонистон агар барои баргузор кардани даври дувуми интихобот зарурат бошад он бояд ду ҳафта баъд аз эълони натиҷаҳои даври аввал баргузор гардад. Қаблан масъулони коммиссияи интихоботи Афғонистон таърихи баргузории эҳтимолии даври дувуми интихоботро рӯзи 27-уми май эълон карда буданд, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки ин таърихро ба 14-уми июн – чаҳор ҳафта баъд аз эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот муайян кардаанд.

Ба асоси эълони натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи 26-уми апрел эълон кард шуд доктор Абдулллоҳ Абдуллоҳ бо касби 44,9 дарсади орои интихобкунандагон, дар садри ҷадвал қарор дорад.

Дар мақоми дувум Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо дарёфти 31,5 дарсад қарор гирифтааст. Зулмай Расул 11,5 дарсад, Абдураб Расули Сайёф 7,1 дарсад, Қутбиддин Ҳилол, 2,7 дарсад,Муҳаммадшафиқ Гулоғо Шерзай 1,4 дарсад, Довуд Султонзай, 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсало 0,2 дарсад орои мардумро дарёфт кардаанд.

Муҳаммадюсуф Нуристон, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон зимни эълони натоиҷи ибтидоии интихобот гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд интихобот ба даври дувум кашида хоҳад шуд. Номзаде, ки беш аз панҷоҳ дарсади ороро ба даст оварад, бар асоси қонун баранда шинохта мешавад. Ҳоло ҳеҷ яке аз номзадҳо то кунун орои матлубро ба даст наовардаанд ва ин эҳтимол матраҳ аст, ки даври дувуми интихобот ҷойнишини Ҳомид Карзайро муайян хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG