Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи байналмилалӣ «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017», ки аз 20-ум то 24-уми сентябр дар Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Тзюйтзини музофоти Хэйлунтзяни Чин доир мегардад, дастаҳои мунтахаби ҷавонони Мексика, Тоҷикистон, Умон ва Чин иштирок мекунанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Футболбозони ҷавони тоҷик нахустин бозиашонро 20-уми сентябр бо дастаи Мексика, бозии дувумашонро 22-юми сентябр бо мунтахаби Чин ва бозии хотимавиро 24-уми сентябр бо дастаи Умон анҷом медиҳанд.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар Ҳисор доир хоҳад шуд, маҳсуб меёбад. Дар марҳилаи интихобӣ футболбозони ҷавони тоҷик барои роҳ ёфтан ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо дастаҳои мунтахаби Бангладеш (31 октябр), Шри-Ланка (4 ноябр), Молдив (6 ноябр) ва Узбакистон (8 ноябр) рақобат мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин:
Дарвозабонҳо: Ҳомидҷон Исҳоқов («Барқчӣ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Вахш»), Меҳвар Сулаймонов («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Султоншо Мирзоев, Ваҳат Ханонов, Ҳусейн Нурматов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдо Малиев, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама – «Барқчӣ»), Алишер Баротов («Вахш»);
Нимҳимоятгарон: Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Тоҳир Малодӯстов, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров (ҳама – «Барқчӣ»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»), Умарҷон Шарифов («Вахш»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев, Шериддин Бобоев, Шаҳзод Давлатов (ҳарсе – «Барқчӣ»), Атҳамҷон Абдуллоев («Кӯктош»).
Сармураббӣ: Мубин Эргашев.
Мусобиқоти байналмилалӣ «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017»
Даври 1-ум
20 сентябр (чоршанбе)
13:00 – Мексика (U-19) – Тоҷикистон (U-19)
16:30 – Чин (U-19) – Умон (U-19)
Даври 2-юм
22 сентябр (ҷумъа)
13:00 – Умон (U-19) – Мексика (U-19)
16:30 – Тоҷикистон (U-19) – Чин (U-19)
Даври 3-юм
24 сентябр (якшанбе)
13:00 – Тоҷикистон (U-19) – Умон (U-19)
16:30 – Чин (U-19) – Мексика (U-19)
Эзоҳ: оғози замони бозӣ – ба вақти Душанбе.
Оре. Маълум. Барои ҳамин иҷозат намедиҳад
Масҷиди марказии пойтахт ба номи Имом Тирмизӣ (ё Ҳоҷӣ Яъқуб), воқеъ дар кӯчаи Шодмонӣ, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва биноҳои атрофи он пас аз ифтитоҳи масҷиди бузурги қатарӣ, вайрону валангор карда мешавад. Ба ҷойи он бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Ин сахна барои мо мардуми точик даркор нест,манкуртиён ин таърихи мугулу ,кыргизхо хастанд,ки двалати Сомониёнро точикорно бархам додаги,чи лозим дар театри точик намоиши ин маркут?Дар бораи тахрихи точик сахна кунел,Айни романи Дохунда ,Чалол Икроми Духтар оташ ,мархамат мо бо як эхсосот рози хастем .
Манкурт и дар бораи чист?ва кист? каме тасавурот шахр медодед.таърихи кадом халк аст?
Даҳ сол пеш ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, президент санги асоси Театри миллии Тоҷикистонро гузошта, оғози корҳои сохтмониро фотиҳа дода буд. Истиқлолият 30-сола шуд, театр нимсохт, пули буҷет “обу лой”?!