Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Гулрухсор бо сарнавишти Яман печид


Гулрухсор Рофиева
Гулрухсор Рофиева

Сарнавишти пизишки рабудашудаи тоҷик Гулрухсор Рофиева дар авҷи нооромиҳои Яман монанди ояндаи ҳокимияти ин кишвар номаълум мондааст.

Қабилаи шиъаҳои шимоли Яман – ҳусиҳо - пойтахти ин кишвар – шаҳри Санъоро зери назорат гирифтанд ва ҷудоихоҳони суннии тундрав чаҳор вилоятро дар ҷануби мамлакат. Раисиҷумҳур Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва сарвазир Холид Баҳа рӯзи 22-юми январ аз мақомҳои худ рафтанд, вале порлумон ҳанӯз истеъфои онҳоро напазируфтааст. Ҳукумати Яман пароканда эълон шуд. Гуфтушунидҳои чандҷониба қарор аст, бӯҳрони қудратро дар ин кишвари арабӣ ҳал кунанд.

Суқути ҳукумати Яман гуфтушуниди озодии парастори тоҷик Гулрухсор Рофиеваро, ки наздик ба 4 моҳ боз дар асорат аст, барои мӯҳлати номуайян ба таъхир гузошт. Манучеҳр Абдуев, ки ҳамчун намояндаи як ширкати русии кордиҳандаи Гулрухсор дар Яман бо мақомоти ин кишвар музокира дорад, мегӯяд, охирин масъули ҳалли қазия аз тарафи ҳукумат вазири дифои Яман Маҳмуд ас-Субайҳӣ буд, ки нимаҳои моҳи январ бо бад шудани вазъият дар атрофи Санъо ба пойтахт баргашт.

Ба қавли хабаргузориҳо, Субайҳӣ рӯзи 20-уми январ аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд, вале имкон дорад, захмӣ шуда бошад. Илова бар ин раиси вилояти Маъриб низ аз вазифа барканор шуда, ҳанӯз касе ба ҷои ӯ таъин нагаштааст ва алҳол маълум нест, масъулияти гуфтушунид бо одамрабоёнро кӣ бояд бар дӯш дошта бошад.

Ҷангиёни ҳусӣ дар роҳ ба сӯи Санъо
Ҷангиёни ҳусӣ дар роҳ ба сӯи Санъо

Зоҳиран, то ҳал шудани бӯҳрони ҳокимият дар Яман сарнавишти парастори тоҷик зери суол боқӣ хоҳад монд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин музокирот хеле печида ба назар мерасанд. Бархе аз аъзои порлумони Яман ба “The New York Times” гуфтаанд, раисиҷумҳури пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар нооромиҳои ахир даст дорад ва бо ёрии ҳусиҳо ҳукуматро ронд ва ҳоло ду қутби мухолифи шиъа ва сунниро рӯбарӯи ҳам қарор додааст.

Коршиноси яманӣ Нобил Абдулраб мегӯяд, “ҳоло Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар Яман нерӯи рақами як аст”, зеро ӯ бо дасти ҳусиҳо рақиби асосии худ ва ҳусиҳо – фармондеҳи аршади артиш Алӣ Мӯҳсин ал-Аҳмарро ба фирор аз кишвар маҷбур намуд. Аҳмар дар давраи раёсати Солеҳ ба саркӯби хунини ҳусиҳо дар шимол сарварӣ кардааст. Ва дертар, дар инқилоби “Баҳори Араб”-и соли 2011 Солеҳро аз мақомаш барканор намуд. Акнун ҳусиҳо ва тарафдорони Солеҳ бояд раҳбари ояндаи Яманро муайян кунанд. Номзадҳои асосӣ дар ин байн ё худи Солеҳ хоҳад буд ё писараш Аҳмад Алӣ Солеҳ.

Муҳаммад ал-Фақеҳ, узви дафтари равобити иҷтимоии Солеҳ гуфтааст, президенти собиқ рабте ба пирӯзии ҳусиҳо надорад. Вай афзуд, ки ҷаноби Солеҳ дар ин қазия бетарафиро авлотар донистааст. “The New York Times” менависад, ин ба маънои додани “аломати ризоият” ба ҳусиҳо буд, зеро тарафдорони Солеҳ дар ниҳодҳои қудратӣ аз ҳукумати акнун собиқи Яман ҳимоят накарданд ва ҳусиҳо дар ишғоли Санъо бо муқовимате рӯбарӯ нашуданд.

Яке аз тарафдорони ҳусиҳо дар Санъо
Яке аз тарафдорони ҳусиҳо дар Санъо

Раисиҷумҳури барканоршуда Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва сарвазир Холид Баҳа акнун ба Арабистони Саудӣ рафтаанд, то амали ҳусиҳоро “дасти Эрони шиъа” муаррифӣ кунанд ва аз ҳимояти “ходими Ҳарамайни шарифайн" - малик Салмон - бархӯрдор шаванд. Дар ин байн Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, амалиёти худро дар Яман зидди “Ал-Қоида” қатъ мекунад. Нооромиҳо дар пасманзари хабарҳое рӯй доданд, ки ҳамла ба дафтари маҷаллаи ҳаҷвии “Шарлӣ Эбдо”-ро дар Порис шабакаи Ал-Қоидаи Яман анҷом додааст. Ба ин тартиб, рӯшан нест, гиреҳи ин ҳама бӯҳрони дарҳаму барҳам кай ва чӣ гуна боз хоҳад гашт.

Аммо модари Гулрухсор Рофиева - холаи Матлуба - ба ин ҳама моҷароҳои қудратталабӣ дар Яман коре надорад. Вай мегӯяд, фақат ҳаминро мехоҳад, ки духтараш ба хона баргардад. Аммо рад намекунад, ки хабарҳои Яман ӯро ба ҳолати амиқи афсурдагӣ афкандаанд: “Ман хоб надорам, рӯзу шабро намедонам. Гӯш ба занг ҳастам, ки кош, як кас ба ман расонад, ки Гулрухсорам озод шуд.”

Бародари Гулрухсор - Шоҳрух - талош мекунад, хабарҳои вазъи Яман дар фазои хонадон садо надиҳанд. Вай мегӯяд, писарони Гулрухсор – Искандаршоҳ ва Суннатулло бесаброна интизори модари худанд, ки ҳанӯз 10-уми ноябр мебоист ба Ватан бармегашт.

Гулрухсор ва фарзандонаш Искандару Суннатуллоҳ
Гулрухсор ва фарзандонаш Искандару Суннатуллоҳ

Манучеҳр Абдуев мегӯяд, пас аз мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қатар, Ардашер Қодирӣ бо вазирони умури хориҷӣ ва дифои Яман дар аввалҳои январ пизишкони тоҷик дар Яман интизори инро доштанд, ки баъд аз ду ё се рӯзи дигар Гулрухсор озод мешавад. Раиси бемористони низомии Маъриб Аҳмад Дамас ҳатто як маҳфили шодиро дар ин бемористон ба нақша гирифта буд, то аз ҳамаи онҳое, ки дар раҳоии парастори тоҷик саҳм доштанд, пазироӣ кунад.

Вале акнун ҳомии ҳуқуқи инсон Абдул Алим ал-Мудайё мегӯяд, мақомоти давлатӣ натавонистанд, тавоноии худро исбот кунанд ва ба мушкилоти бадтаре рӯбарӯ шуданд. Сабаби асосӣ, ба ақидаи ӯ, ин буд, ки “аз 15 одамрабоии солҳои охир дар Маъриб ҳеч яке то охир таҳқиқ нашуд ва касе барои чунин ҷиноят ҷазо надид.” Ин ҳам дар ҳоле ки полис рабояндагони Гулрухсор Рофиева ва ҷои нигаҳдории ӯро муайян карда буд.

Гулрухсор Рофиева
Гулрухсор Рофиева

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд.

Дар Яман тақрибан 70 пизишку парастор аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Дар гузашта ду дафъа – як бор дар соли 2007 ва бори дуюм дар соли 2011 – табибони тоҷик аз сӯи гурӯҳҳои одамрабо дар ин ҷо рабуда шуданд. Дар ҳарду маврид гаравгонгирон дар ивази озодии асирони худ пул ва аз зиндонҳои Яман озод кардани ҳамқабилаҳои хешро талаб карда, бо иҷрои ин шартҳо гаравгонҳои тоҷикро озод кардаанд. Вале бори аввал аст, ки асорати яке аз онҳо то чаҳор моҳ тӯл мекашад.

XS
SM
MD
LG