Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайхони Яман озодии Гулрухсорро талаб кардаанд (3 АКСИ НАВ)


Таҷаммӯъи занон ба нишони ҳимоят аз Гулрухсор Рофиева дар Маъриб
Таҷаммӯъи занон ба нишони ҳимоят аз Гулрухсор Рофиева дар Маъриб

Шайхони қабоили Яман бо пахши як изҳорот тавассути шабакаи телевизионии Ал-Арабия раҳоии фаврии ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистон Гулрухсор Рофиеваро тақозо кардаанд. Ба тарафдорӣ аз Гулрухсор дар Яман силсилаи нави ҳамоишҳо баргузор шудааст. Дар рӯзи аввали маъракаи "16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон" дар Маъриби Яман фаъолони ҳуқуқи башар раҳоии ҳамшираи тиббӣ Гулрухсор Рофиеваро талаб кардаанд.

Дар рӯзи аввали маъракаи "16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон" дар Маъриби Яман фаъолони ҳуқуқи башар раҳоии ҳамшираи тиббӣ Гулрухсор Рофиеваро талаб кардаанд.

Нахустин тазоҳурот ба тарафдорӣ аз ин шаҳрванди Тоҷикистон дар чорчӯби ин маърака рӯзи 25 ноябр доир шуда, чунин ҳамоишҳо, ба гуфтаи фаъолон, дар тӯли 16 рӯзи маъракаи мубориза бо хушунат алайҳи занон пайваста баргузор карда хоҳанд шуд.

Ахиран аз тариқи шабакаи телевизионии Ал-Арабия муроҷиати шайхони қабилаҳои Яман бо талаби раҳоии фаврии ин ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистон нашр шуд.

Манучеҳр Абдуев, намояндагони як ширкати русии масъули истихдоми табибони тоҷик дар Яман, ки дар баробари Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар, масъулияти пайгирии қазияи гаравгонгирии Гулрухсор Рофиеваро бар ӯҳда дорад, рӯзи 26 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиати шайхони қабоил баёнгари ба сатҳи наву хеле баландтаре баровардани талошҳо барои раҳоии ин ҳамшираи тоҷик аз асорат аст.

Манучеҳр Абдуев мегӯяд, дар ҳоли ҳозир се фарзияи асосӣ дар қиболи ин қазия матраҳ аст: “Фарзияи асосӣ марбут ба лӯлаи нафтест, ки аз маҳалли зисти қабилаи оли Ҳариқдон дар ноҳияи Ал-Водӣ мегузарад. Қаблан ҳукумат барои ин лӯла ба аҳли ин қабила ҳаққи муайяне медод ва шояд дар давоми ҳарҷумарҷҳои сиёсии солҳои охир додани ҳаққи ин мардум ”фаромӯш” шуда бошад ва онҳо акнну бо гаравгон гирифтани як хориҷюӣ, яъне Гулрухсор Рофиева мехоҳанд ҳаққи худро аз ҳукумат талаб кунанд.”

Фарзияи дувум, ба гуфтаи ӯ, эҳтимоли ҷанбаи хусусӣ доштани қазия буда, бино ба фарзияи сеюм, “шояд Гулрухсорро барои нигоҳубини ягон маризи дар ин қабила хеле обрӯманде бурда бошанд.”

Гулрухсор Рофиева
Гулрухсор Рофиева

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд. Ӯ аз тариқи як ширкати Русия барори кор дар Яман истихдом шуда буд.

Вазорати умури дохилаи Яман чанде пеш эълон кард, ки ин ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистонро аҳли қабилаи Оли Ҳариқдон Оли Мазъа Убайда аз ноҳияи Ал-Водӣ, ки дар гузашта низ ба роҳзанӣ машғул будаву чандин хориҷии дигарро низ рабудаанд, гаравгон гирифтаанд. Бар пояи иттилои вазорати умури дохилии Яман одамрабоён Али Носир Солеҳ Ҳариқдони 45-сола, Муҳаммад Носир Солеҳ Ҳариқдони 30-сола ва Носир Носир Солеҳ Ҳариқдони 27-сола мебошанд.

Аммо Манучеҳр Абдуев мегӯяд, бо гузашти инак қариб як моҳ дар ивази раҳоии Гулрухсор Рофиева ягон талабе аз сӯи гаравгонгирон ироа нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи раҳоии ҳамшираи тоҷик дар Яман маъракаи густардае сурат гирифт, ки дар гузашта собиқа надошт ва дар мавриди ҳеҷ яке дигар аз гаравгонҳои хориҷӣ чунин талоше аз сӯи ҳам мақомоту ҳам матбуот ва ҳам аҳли ҷомиаи ин кишвари арабӣ мушоҳида нашуда буд.

Бино ба ҳисобҳо, дар Яман тақрибан 70 табиб аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бо аҳли хонаводаҳояшон шумори ҷамъияти тоҷикон дар Яман ба тақрибан 200 нафар мерасад. Гуфта мешавад, дар Яман барои табибон маоши нисбатан беҳтар – дар ҳудуди 1000 доллар – пешниҳод мекунанд, ки ин сабаби бо вуҷуди мушкилоти зиёди амниятӣ дар ин кишвари арабӣ боз ҳам азми кор дар инҷоро кардани табибони тоҷик мешавад.

XS
SM
MD
LG