Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сол бе Борис Немтсов


Аз кушта шудани Борис Немтсов, сиёсатмадор мухолифи Русия як сол гузашт. Мақомоти Русия дар робита ба ин куштор панҷ зодаи Чеченистонро боздошт карда, расидагӣ ба парвандаи онҳоро дар охири моҳи январи соли ҷорӣ ба анҷом расонд.

Рӯзи 28 феврал аз кушта шудани Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолифи Русия, як сол мегузарад. Ба ин муносибат тарафдорони ӯ рӯзи шанбе дар баъзе аз шаҳру вилоятҳои Русия роҳпаймоӣ доир хоҳанд кард ва мақомоти Маскав низ барои баргузории ин роҳпаймоӣ иҷозат додаанд.

Борис Немтсов, яке аз раҳбарони мухолифини ҳукумати кунунии Русия ва раҳбари ҳизби ПАРНАС шаби 27 ба 28 феврал дар наздикии бинои Кремл дар Маскав кушта шуд. Ӯ ҳамагӣ 56 сол дошт. Дар қиболи ин ҷиноят бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Русия – моддаи 105 (куштор) ва моддаи 222 (гардиши ғайриқонунии силоҳ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Мақомот алакай чанд рӯз баъд аз кушта шудани Немтсов 5 зодаи Чеченистонро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят дастгир карданд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар охири моҳи январи гузашта эълон кард, ки расидагӣ ба парвандаи куштори Борис Немтсов ба поён расида, ба Заур Дадаев, Анзор ва Шаҳид Губашевҳо, Темирлан Эксерханов ва Ҳамзат Баҳоев иттиҳоми куштори фармоишӣ дар таркиби гурӯҳи созмонёфта эълон шудааст.

Парвандаи Руслан Муҳуддинов, ки Кумитаи тафтишот вайро фармоишгар ва созмондифандаи ин куштор медонад, барои идомаи расидагӣ ба вақти дигар вогузор шудааст. Кумитаи тафтишот мегӯяд, ташкилкунандаи эҳтимолии қатли Немтсов дар ҳоли фирор ба сар мебарад. Ӯ ронандаи Руслан Геремеев, муовини фармондеҳи баталйони “Север” буд.

Геремеев аз афроди наздик ба доираҳои ҳокими Чеченистон маҳсуб мешавад. Ӯ аз хешовандони наздики муовини сарвазири Чеченистон Адам Делимхонов буда, як бародари ӯ – Сулаймон Геремеев – сенатор аз ҷумҳурии Чеченистон дар Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони Русия ва бародари дигараш - Ваха Геремеев - сардори идораи пулиси ноҳияи Шелковское мебошанд. Руслан Геремеев баъди кушта шудани Немтсов аз Русия фирор кардааст ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар Дубай ба сар мебарад.

Лилия Дубовая, сухангӯи пешини Борис Немтсов ва муаллифи китоби маъруфи "Немтсов, Хакамада, Гайдар, Чубайс. Қайдҳои котиби матбуот", дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ бо ин фарзияи Кумитаи тафтишот дар бораи фармоишгари асосии қатли Немтсов розӣ нест. "Ман бо духтари Немтсов Жанна комилан розиям, ки Кремлро айбдор мекунад. Аз ибтидо маълум буд, ки агар худи Путин фармоишгари мустақими куштор набошад, пас, бидуни шубҳа, касе ба кадом сабабе ба хулосае расид, ки бо куштори Немтсов Путинро хушҳол хоҳад кард, мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Лилия Дубовая, хонаводаи Немтсов ангушти иттиҳом сӯи Рамазон Қодиров мекунад ва аммо мегӯяд, ки Путин дар вазъи феълӣ ҳеҷ гоҳ ба Қодиров кордор намешавад. Ман фикр мекунам, ки онҳо шояд касеро ба истилоҳ, қурбонӣ кунанд ё шояд тафтишотро идома диҳанд, ман чизе гуфта наметавонам... Хуб, аҷаб нест, ки ягон чеҳраи камарзишро қурбонӣ кунанд, аммо номи фармоишгари ҳақиқиро то замоне, ки Путин сари қудрат аст, мо нахоҳем донист, гуфт мусоҳиби мо.

Борис Немтсов аз сиёсатмадорони маъруфи солҳои 90 дар Русия шинохта мешуд. Немтсов солҳои 1991-1997 волии вилояти Нижний Новгород ва солҳои 1997-1998 муовини якуми сарвазири Русия буд. Немтсовро дар поёни солҳои 90 ҳатто яке аз ворисони эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ном мебурданд.

Аммо интихоби хонаводаи пурнуфузи Елтсин дар масъалаи ворис дар ниҳоят рӯи Владимир Путин, ки он замон ҳанӯз дар як мақоми хурде дар маъмурияти президент кор мекард, қарор гирифт ва Путинро дар як муддати кӯтоҳ ибтидо раиси ФСБ, баъд сарвазир ва дар ниҳоят ба ҷои Елтсин президент карданд.

Баъди ба сари қудрат омадани Путин Борис Немтсов аз ҳукумат канор рафта, ба мухолифин пайваст. Ӯ дар солҳои охир яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Путин ба шумор мерафт ва дар бораи фасодзадагии мақомоти баландпояи ин кишвар чандин гузориши муфассал таҳия ва нашр кард. Наздиконаш мегӯянд, Немтсов замоне кушта шуд, ки ба нашри як гузориши муфассал дар бораи даст доштани Русия дар ошӯбҳои ҷудоихоҳон дар шарқи Украина омодагӣ мегирифт.

XS
SM
MD
LG