Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як моҳи талотум дар Белорус. Оянда чӣ хоҳад буд? ВИДЕО


Саҳнае аз тазоҳуроти норозиён дар Белорус. Минск, 9-уми сентябри 2020
Саҳнае аз тазоҳуроти норозиён дар Белорус. Минск, 9-уми сентябри 2020

Бори аввал дар аҳди 26-солаи ҳукуматаш Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ба тазоҳуроти оммавӣ, саросарӣ ва давомдоре рӯ ба рӯ шудааст. Бо вуҷуди як моҳи тазоҳурот ҳеч аломате аз тан додани ӯ ба талаби тазоҳургарон барои истеъфо дида намешавад. 

Дар 26 соли ҳукумати раиси ҷумҳур Александр Лукашенко дар Белорус ба ин ҳад мардуми зиёд ба зидди ӯ тазоҳурот накарда буданд. Тахмин мешавад, ки рӯзи 6-уми сентябр дар Минск 100 ҳазор кас ба хиёбонҳо рехтанд, аммо инҷо на рақам, балки давом кардани тазоҳурот муҳим аст.

Аввалин тазоҳурот шаби 9-уми август оғоз ёфт. Назарсанҷиҳои расмии баъди раъйдиҳӣ нишон додаанд, ки Лукашенко 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, айни натиҷаро мақомот ҳам эълон карданд. Рақаме, ки солҳои гузашта ҳам такрор шудааст.

"Вазъ ба монанди об шудани яхи сахт аст"

Ҳеч яке аз интихоботҳои аҳди Лукашенко, ба гуфтаи ҳукуматҳо ва нозирони ғарбӣ, холисонаву демократӣ сурат нагирифтааст. Мухолифон ҳам маъмулан гуфтаанд, Лукашенко натиҷаҳоро сохтакорӣ мекунад. Эътирозҳои пас аз интихоботҳои гузашта, зуд тамом шудааст, аммо ин дафъа не.

Глеб Павловский, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, “дар умум, вазъ шабеҳи об шудани яхи сахт аст. Мардум дар ранҷ ях баста буданд ва вазъро ғайриоддӣ ва мисли шахси хоболуд қабул доштанд. Агар шаш моҳ пеш мепурсидед, вазъ дар Белорус чӣ гуна аст, посухаш ин буд, ки оромии комил ҳукмфармост.”

"На раҳбар доранд, на созмонёфта ҳастанд"

Ҳоло мусиқиву рақс аст ва ҳатто ҳолу ҳавои ҷашнӣ ҳам. Аммо саҳнаҳои дилхарошро ҳам мебинед. Маъмурони амниятӣ бо як бераҳмии хос бо тазоҳургарон рафтор мекарданд. Ҳамин саҳнаҳо ва ё шояд чизи дигаре азми мардумро барои истодагарӣ дар рӯ ба рӯйи мақомот мустаҳкамтар кардааст.

Ба қавли таҳлилгари сиёсӣ Игор Ляш, “ин эътирозҳо аз он назар нодир ҳастанд, ки на раҳбар доранд, на созмонёфта ҳастанд ва барномарезӣ ҳам нашудаанд. Мардум худашон онро ташкил мекунанд. Онҳоро худи тазоҳурот ва худи идеяи ягонаи мухолифат бо режими Александр Лукашенко муттаҳид мекунад.”

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Як моҳи талотум дар Белорус. Ояндааш чӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:05 0:00

Бо тазоҳуроти оммавиашон дар ҳар рӯзи якшанбе мухолифон ба як нерӯи муқовиматнопазир табдил ёфтаанд. Ҳарчанд Лукашенко ҳам мисли санги ноҷунбон шудааст, ҳафтае як бор гӯшаҳоеро аз Минск ва шаҳрҳои дигар ба дасти издиҳоми бузург медиҳад.

Рӯзҳои дигаре, ки тазоҳурот хурд аст, пулиси зидди шӯриши ӯ ва ҳамкоронашон бо бераҳмии хос амал мекунанд. Бисёре аз намояндагони шинохтаи мухолифон дастгир шудаанд, баъзе аз кишвар гурехтаанд.

Даъват ба таҳрими шахсе, ки "сахт ба қудрат часпидааст"

Рақиби Лукашенко дар интихобот Светлана Тихановская аз рӯзи 11-уми август инҷониб дар Литва аст.

Ӯ рӯзи 4-уми сентябр дар як нишасти ғайрирасмии Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва 8-уми сентябр дар Маҷмааи Порлумони Шӯрои Аврупо суханронӣ кард.

Светлана Тихановская гуфт: “Зарур аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба ин режим, ба ин фард, ки ба қудрат часпидааст, фишор биёрад. Зарур аст, ба зидди шахсоне, ки бо дастурҳои ҷинояткорона, меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, таҳрим ҷорӣ шавад.”

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки ҳамин корро мекунад, аммо бо вуҷуди гузашти як моҳ аз шаби аввали тазоҳуроти хушунатбор, нагуфтааст, маҳз кирову чӣ гуна таҳрим ё танбеҳ мекунанд.

Амрико ҳам гуфтааст, дар масъалаи таҳримот бо шариконаш “машварат” дорад, вале ҳанӯз эълони мушаххас надодааст. Муттаҳиди аслии Лукашенко, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, чаққонӣ кард ва рӯзи 27-уми август чунин изҳор кард: “Александр Григориевич аз ман хост, нерӯи муайяни изофӣ аз ҳисоби маъмурони пулис ташкил диҳем. Ман ин корро кардам. Вале мо маслиҳат кардем, онҳоро то замоне ки вазъ аз контрол хориҷ нашавад, сафарбар намекунем.”

Дар ҳамин рӯз Лукашенко гуфт, ки Русия розӣ шудааст, Белорус қарзи як миллиарддоллариашро дертар баргардонад. Қурби пули миллии Белорус дар як моҳи гузашта дар баробари доллар 10 дар сад поин рафт.

Дар кишвар коршиканиҳои пароканда сурат гирифт, Интернетро зуд-зуд қатъ карданд ва ҳоло сарнавишти бахши пешрафтаи технологияҳои нав зери суол рафтааст. Дмитрий Навоша дафтари ширкаташ Sports.ru- ро дар Минск баст.

Ӯ гуфт, “фармоишгарони хориҷӣ, албатта, ба ширкатҳое, ки ба сабаби қатъи интернет, ё ҳабси кормандонашон фармоишро иҷро карда наметавонанд, ба сахтӣ ягон фармоиш медиҳанд. Ҳамчунин бренди Белорус дар замони Лукашенко чизе наздик ба Куриёи Шимолӣ шудааст.”

Баъд аз тазоҳуроти оммавии рӯзи 6-уми сентябр мақомот гуфтанд, 600 нафарро дар саросари кишвар дастгир кардаанд. Дар эътирозҳои Минск Мария Калесникая, мунтақиди сахти Лукашенко ҳам дида шуд. Ӯро рӯзи 8-уми сентябр дар марзи Украина ва баъди пора кардани шиносномааш дастгир кардаанд.

Бо гузашти як моҳи пурталотум дар Белорус, аломате аз ақибнишинии тазоҳургарон ва ҳам коҳиши саркӯби онҳо ба назар намерасад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG