Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ: "Зиёни телефонҳои мобилӣ муайян нашудааст"


Телевизионҳои Тоҷикистон як моҳи охир рекламаи иҷтимоиеро ба такрор нишон медиҳанд, ки аз зиёни телефони мобилӣ ҳушдор дода, аз сокинон даъват мекунад, то телефонҳои ҳамроҳашонро дар наздикии дил ва ҷайби шимашон нагузоранд.

Ахиран тариқи барномаи иттилоотии “Ахбор”-и Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гузориши пахш шуд, ки дар он муҷрӣ аз зиёни бенадозаи телефонҳои мобилӣ ҳушдор дода дар такя ба тадқиқотҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки истифодаи телефонҳои ҳамроҳ боиси мубтало шудан ба бемории саратон мешавад.

Таҳмина Алимаҳмадова, сухангӯи дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 25 уми октябр гуфт, вай шахсан дар ин маврид ба хабарнигорони телевизиони давлатӣ ҳеҷ иттилое надодааст. Вай афзуд: “Ман бисёр шубҳа дорам, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ боиси мубтало шудани ба ин гуна бемориҳои вазнин (манзур бемории саратон) шавад. Бинобар ин, ман бояд аниқ кунам, ки аз куҷо Шабакаи аввал ин гуна иттилоъро гирифтааст ва бо боварии том ба мо истинод мекунад.”

Зимнан дар гузориши тозаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки моҳи октябр дар торнамои расмии ин созмон ба нашр расидааст, гуфта мешавад, “тайи 20 соли охир тадқиқотҳои зиёде баҳри муайян кардани хатароти телефонҳои мобилӣ ба саломатии инсон гузаронида шуд. То ба имрӯз ягон таъсири манфӣ ба саломатӣ аз истифодаи телефони мобилӣ муайян нашудааст.”

Ин бори аввал нест, ки телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ба такрор аз зиёни телефонҳои ҳамроҳ гузориш пахш мекунанд. Таблиғоти телевизионҳои давлатӣ алайҳи истифода аз телефонҳои мобилӣ пас аз як ҳушдори президент Раҳмон зимни ироаи паёмаш ба парлумон шурӯъ шуд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни ин паёми хеш гуфт, тайи соли охир хароҷоти сокинони кишвар “барои пардохти хизматрасониҳои операторони мобилӣ беш аз 1,7 миллиард сомониро ташкил додааст.”

Дар ин идомаи ин паём, раисҷумҳур аз сокинони кишвар гила кард, ки маблағҳои ҳангуфтеро барои гуфтугӯ бо телефони мобилӣ масраф мекунанд, аммо дар амри пардохти пули хидматрасониҳои коммуналӣ мисли барқу об саҳлангорӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Ғафурҷон Эркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ мегӯяд, аз соли 1995 ба ин сӯ аз телефони мобилӣ истифода мекунад, аммо зиёни онро ба саломатӣ эҳсос накардааст. Вай мегӯяд: “Аз соли 1995 замоне, ки аввалин ширкати телефони мобилӣ Тоҷик тел дар Тоҷикистон пайдо шуд, ман аз телефони мобилӣ истифода мекунам. Баъд аз он шукри Худо фарзанддор ҳам шудам, солим ҳастам ва ҳеҷ зарари телефони мобилиро эҳсос накардаам.”

Ҷаноби Эркаев афзуд, вай ва маъмурияти ширкатҳои телефони мобилӣ тарафдори густариши фарҳанги истифода аз телефони ҳамроҳ ҳастанд. Аммо телевизионҳо набояд бар пояи иттилооти носанҷида мардумро аз истифодаи телефони ҳамроҳ тарс диҳанд. Зимнан, ба таъкиди Эркаев бо вуҷуди ин ҳама таблиғоти телевизион, вақти гуфтугӯи сокинон бо телефонҳои мобилӣ кам нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки телевизионҳои давлатӣ баъд аз ҳушдори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши рекломҳои марбут ба ширкатҳои мобилӣ даст кашид ва дар Душанбе бархе аз тоблуҳои таблиғотии марбут ба ширкатҳои мобилӣ низ барчида шуданд.

Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет мегӯяд, дар Тоҷикистон телевизионҳои давлатӣ як фазои телефон ва интернетбезориро ба вуҷуд оварданиянд, ки номи ин тамоюлро ӯ "феодализми соҳавӣ" мехонад. Атоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, “ҳамаи технологияҳои нав, аз ҷумла ҳамон худи телевизион ҳам зарар дорад. Аммо вақте мо мебинем, ки зиёни ин технологияи аз фоидааш кам тар аст, мо аз он истифода мекунем. Ин коре, ки телевизион мекунад, ин инкори бозор ниммиллиардаи бозори телекомуникатсия аст”.

Ҷаноби Атоев афзуд, ки телевизионҳои давлатӣ ба ҷои таблиғ алайҳи телефонҳои мобилӣ, бояд истифодаи дуруст аз онро ба мардум нишон диҳад. Чунки ба гуфтаи Атоев, бозори мухобирот дар Тоҷикистон дар сол 15 фисад афзоиш меёбад ва дар сурати дуруст идора шудан, ин соҳа яке аз арсаҳои даромадноки будҷаи кишвар шуда метавонад. Аммо ба таъкиди Атоев, бурхӯрди нодуруст ба ин соҳа дар Тоҷикистон боиси кунд шудани рушди он дар кившар шудааст.

Дар Тоҷикистон бинобар оморҳои охир 6 милллион муштарии алоқаи мобилӣ вуҷуд дорад ва ба онҳо умдатан чор ширкати бузурги мобилӣ, Вавилон, Мегафон, Тселл ва Билайн хизмат мерасонанд.

XS
SM
MD
LG