Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили Интернет дар рӯзи адои савганд


Бархе муштариён мегӯянд, дар рӯзи адои савганди Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи дастрасӣ ба хадамоти ширкатҳои мобил ба мушкил дучор шудаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки иллати ин масоили фаннист ё амниятӣ?

Аз чунин мушкилот бештар муштариёни ширкати «Мегафон» изҳори норозигӣ мекарданд. Чанд нафар аз муштариёни ин ширкати русии телефонҳои ҳамроҳ дар Душанбе ба Озодӣ гуфтанд, ки наметавонанд ба наздиконашон тамос бигиранд ва ҳамчунон бо симкорти ин ширкат дастрасӣ ба интернет низ маҳдуд шудааст.

Заррина, як сокини шаҳри Душанбе, ки аз хадамоти интернети ширкати «Мегафон» истифода мебарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз субҳи 16 ноябр то зӯҳр натавонист, ба Интернет ворид шавад:«Дар планшетам аз интернети ширкати «Мегафон” истифода мекунам, ҳамин рӯз то соати 3 қариб кор намекард. Намедонам барои чӣ? Чанд рӯз пеш ҳамин хел гап буд, ки симкартаҳо хуб кор намекунад, лекин имрӯз интернет низ кор накард. Мумкин ин ба ҳамин савганди ҷаноб вобаста буд, чунки баъди соати 15 боз кушода шуд, лекин ҳоло ҳам хуб кор намекунад.»

Мушкили робита бо "Мегафон" дар рӯзи савганди президент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00
Линки мустақим

Чанд нафари дигар низ мегӯянд, аз субҳ натавонистаанд аз хизматрасонии ин ширкат истифода кунанд. Шамшод, мусоҳиби дигари мо, ки барои пардохти маблағ ба яке аз қароргоҳҳои ин ширкат дар марказии Душанбе омада буд, дари ин ширкатро баста ёфтааст: «Ман аз ширкати "Мегафон" истифода мекунам. Пулсупорӣ омадам, ки маҳкам будааст.»

Дар даромадгоҳи яке аз марказҳои ширкати "Мегафон" эълоне сабт шуда буд, ки ин ширкат аз 15 ноябр соати 14-00 то 17 ноябр баста аст. Дар сӯҳбат бо Озодӣ як масъули ширкати "Мегафон", ки худро Сиёвуш муаррифӣ кард, маҳдудияти иртибототи телефонӣ ва интернетии ин ширкатро ба омилҳои фаннӣ рабт дод: "Дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои дигар низ корҳои техникӣ рафта истодааст. Бисёри муштариён бо ин мушкил рӯбарӯ шуданд. Бояд то ҳамин бегоҳ ҳал шавад."

Аммо Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани миллии корбарони Интернет дар Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, фикр намекунад, ки маҳдуд шудани иртибототи ин ширкати мобилӣ бо маросими савганди президент рабт дошта бошад: «Агар ин барои таъмини амният мешуд, ба ҳамаи шикратҳо дастури маҳдудият дода мешуд. Шояд мушкили ин ширкат техникӣ бошад.»

Аммо муштариёну масъулони шаркатҳои дигари мобил, аз чумла Вавилон-мобайл ва Тcell мегуфтанд, дар хизматрасониҳои ин ширкатҳо дар рӯзи савганди раисиҷумҳур ягон маҳдудият вуҷуд надошт. Ҳарчанд бархе дар шабакаҳои мобилӣ дар бораи маҳдуд шудани гуфтугӯҳои телефонии шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор дода гуфта буданд, ки телефонҳои ҳамроҳ дар бархе аз манотиқи Душанбе ва атрофи он аз замони баргузарии интихоботи раёсати ҷумҳурии фаъол нестанд.

Ҳамин тавр, нирӯи барқ сарфи назар аз лимит дар соатҳои пахши гузориши мустақим аз маросими савганди президент бидуни маҳдудият ба мардум дода шуд. Аммо хурсандии сокинон дер давом накард. Зӯҳро, як сокини ноҳияи Рудакӣ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, баробари хатми гузориш аз ин маросим барқи онҳо ҳам хомӯш шуд.

Зимнан аз 15 ноябр фаъолияти фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои воқеъ дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе низ қатъ шуда буд. Тоҷирони мағозаҳои воқеъ дар хиёбони марказии пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин як дастурро аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар дарёфт кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев - сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ба хотири он ки макони баргузории бархе ҷорабиниҳои марбут ба адои савганди президент дар маркази пойтахт доир мешавад, мақомот маҷбуранд, ки аз чунин чораҳои амниятӣ кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG