Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии тоза: "Суръати рушди Тоҷикистон соли оянда кунд мешавад"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ дар як арзёбии тоза гуфтааст, иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи гузашта мунтазам рушд кард, вале мумкин аст, суръати ин пешрафт дар ду соли оянда сусттар шавад.

Дар ин арзёбӣ, ки рӯзи 29-уми ноябр дар вебсайти Бонки Ҷаҳонӣ нашр шуд, омадааст: “Дар ҳар семоҳаи соли 2019 дар Тоҷикистон афзоиши қавии тавлидоти нохолиси дохилӣ мушоҳида шуд, ки солона 7.2 дар садро ташкил медиҳад.”

Аммо суръати ин афзоиш ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли оянда ва соли 2021 шояд сусттар шавад ва сабабҳои он ҳам суръати кунди рушди иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши қимати ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди Русия сахт пойбанд аст, зеро муҳоҷирони зиёде дар ин кишвар кор мекунанд ва солона миллиардҳо доллар ба Тоҷикистон мефиристанд.

Бар тибқи арзёбиву пешбиниҳои мутахассисон: “Дар миёнамӯҳлат маҷрои пулҳои интиқолӣ ба Тоҷикистон кам мешавад,” аммо айни замон ба гуфтаи мутахассисони бонк, истихроҷи маъданҳои табиӣ, сохтмон ва саноат ҳамчунон ба пешрафти иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Болоравии қимати ашёи хом аз ҷумла алюминий ва пахта ҳам ба даромади Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад, чун ин ду ашё аз манобеи аслии арзи хориҷии нақд барои кишвар аст.

Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки суръати тавлидоти нохолиси дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 тақрибан 5.5 то 5 дар садро ташкил медиҳад. Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор додааст, ки агар ҳукумат барои нерӯи тоза бахшидан ба бахши хусусӣ, ки солҳои ахир заиф шудааст, ислоҳоти зарурӣ ва ба таъхирафтодаро анҷом надиҳад, вазъи соҳибкорон бадтар мешавад. Дар чанд соли ахир дар кишвар раванди кам шудани шумораи тоҷирони хурду миёна мушоҳида мешавад. Оҷонси омори Тоҷикистон хабар дод, ки то якуми октябр 260 ҳазор соҳибкор корашонро қатъ кардаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, аз ҳама бештар иқтисоди Тоҷикистон шоҳиди хатароти молӣ мешавад, чун кишвар саъй дорад, барои иҷрои зербунёд ва иншооти азим қарзи зиёдтар бигирад. Қарзи хориҷии Тоҷикистон то охири соли 2018 2 миллиарду 900 миллион доллар буд, ки 40 дар сади тавлидоти нохолиси дохилиро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, таҳлилҳои тоза нишон додааст, ки хатари баланди он вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон натавонад, саривақт қарзҳои хориҷии худро бипардозад. Ҷалби қарзҳои хориҷӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ метавонад, дар дарозмуддат ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистонро боз ҳам зиёдтар кунад.

Дар арзёбӣ ҳамчунин омадааст, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти низоми молӣ ба пешрафт ноил шудааст, аз ҷумла қарзҳои мушкилзои бонкҳо то 25.5 дар сад дар нимаи имсол камтар шудаанд. Айни замон сарнавишти ду бонки дигари гирифтори мушкил «Агроинвестбонк» ва «Тоҷикисодиротбонк» ҳамчунон муаллақ мондааст. Ҳарду бонк чанд сол аст, ки мушкилоти молӣ доранд ва наметавонанд уҳдадориҳои худро дар назди муштариён дуруст иҷро кунанд.

XS
SM
MD
LG