Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати меҳнатӣ -- дастаки наҷот ё печи гирдоб?


"Бо як бор риск кардан мешавад барои ҳамеша хушбахт шуд" - чунин садо медиҳат мақоли маъруфи муаллифи номаълум дар бораи ишқ, ки зиндагии бисёре аз муҳоҷирони меҳнатиии тоҷикро ҳам хеле хуб бозгӯ мекунад. Фақат ин ҷо дар натиҷаи таваккал ишқу хушбахтӣ не, балки мақоми муҳоҷири меҳнатиро метавон барои солиёни дароз ва шояд барои тамоми умр ба даст овард. Беруншудагон аз ин тилисм низ ҳастанд, вале ин "наҷот"-и онҳо аз гирдоби муҳоҷират маҷбурӣ ё тасодуфӣ дониста мешавад.

"Муваққатан, аммо ҳамешагӣ"

Мусо, муҳоҷири сивусесолаи тоҷик аст, ки дар Маскав дар бахши сохтмон кор мекунад. Ба наздикӣ расо ду сол мешавад, ки ӯ ба дунболи дарёфти маблағ ба Русия рафтааст, ки эҳтимолан на сафари охираш хоҳад буд.

"Бори аввал ман ин ҷо соли 2003 омадам, ки як ҷавони наврас будам. Он замон зиндагӣ дар Тоҷикистон бисёр вазнин буд ва додарони ман бисёр хурд буданд, ки бояд онҳо ва волидайнамро таъмин мекардам. Бо гузашти солҳо ҳадафҳои дигар пайдо шуд ва соли 2011 рафта хонадор шудам, соли 2012 барои хонадор кардани бародарам кор кардам, соли 2013 рафта хонаи падару модарамро таъмир кардам ва як соли баъд тӯйи хоҳарамро гузаронидем. Ҳоло маблағҳои коркардаамро барои табобати писарам масраф мекунам, ки рӯдаҳояш мушкил доранд ва дар беморхонаи Қаряи Болои Душанбе табобат мекунад. Агар ҳама чиз хуб бигзарад мақсад дорам барои худам хона бисозам",-мегӯяд бо умедворӣ Мусо.

Ӯ мегӯяд, нархи замин дар зодгоҳаш Панҷакент гарон шудааст ва барои хариди қитъаи он 50-60 ҳазор сомонӣ лозим аст. "Агар дар ватан муваффақ нашудам, дар Варанеж мехарам. Дӯстон мегӯянд, он ҷо мешавад бо 250-300 ҳазор рубл хона харид, ки ин арзонтар меафтад",-бовар дорад ин муҳоҷири тоҷик.

Мусо ҳанӯз шаҳрвандии Русияро нагирифтааст ва мегӯяд, ки чандест дар ин бора фикр мекунад. Вале пули дарёфтааш ҳоло барои ин кор намерасад ва риске калоне ҳам вуҷуд дорад, ки миёнравҳо пулро бигиранд ва фиребаш кунанд. Ӯ ҳанӯз ба таври ниҳоӣ тасмим нагирифтааст, ки дар Русия бимонад ё ба Тоҷикистон баргардад.

Муҳоҷирати меҳнатиро дар Тоҷикистон бисёриҳо муваққатан барои дарёфти маблағ ихтиёр мекунанд, ки мушкилиҳояшонро ҳал кунанд, аммо бо гузашти солҳо муҳоҷир нохудогоҳ тамоми давраи ҷӯшу хурӯши умрашро барои кор дар кишвари дигар мегузаронад.

"Муҳоҷир собиқ намешавад"

Олга Бредникова, ходими пешбари "Маркази мустақили тадқиқоти сотсиологӣ" дар Петербург дар як матлаби илмии худ "(Но)бозгашт: муҳоҷир метавонад собиқ шавад?" менависад, ки дар ин гуна рӯйкарди ҳадафнок ба муҳоҷирон гирифтори "дом" мешаванд.

"Тавре таҷриба нишон медиҳад, ниёзҳои хонаводагӣ яке пушти дигаре изофа мешаванд, талошҳои аввалияи дарёфти маблағ барои тӯй ба хоҳиши сохтани хона, харидани мошин ё пардохти ҳаққи таҳсили фарзандон табдил мешаванд. Бо гузашти солҳо хонаводаи муҳоҷир бузургтар мешавад ва мутаносибан ниёзмандиҳо ҳам бештар мешаванд", - менависад Бредникова.

Коршинос ин рӯйкардро "Сенарияи гастербайтер ё меҳнатӣ" ном мебарад, ки ин ҷо тамоми зиндагии муҳоҷир машрут ба ҳадафи хосест, ки бояд барои чизи мушаххасе пул кор кунад.

Бредникова таъкид мекунад, ки бозгашти муҳоҷир ба хонааш мушкилзо аст, зеро талаб мешавад, ки шароити иҷтимоӣ, нақшҳо, ҳамнишинҳо, дарёфти мавқеи худ дар воқеияти нави иҷтимоӣ бозбинӣ шавад.

Бояд як падидаи дигарро ҳам илова кард. Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, ки дар натиҷаи набудани дуру дарози онҳо, хонаводаҳояшон аз ҳам мепошад, якдигарфаҳмӣ дар хонавода дучори мушкил мешавад ва бархе аз онҳо тасмим мегиранд дур аз оила ба сар баранд.

Бозгаште, ки "барои баъд" гузошта мешавад

Миёни муҳоҷирон онҳое, ки дар кишвари пазиранда омезиш бо ҷомеаро бо муваффақият пушти сар гузоштаанд, бисёранд, вале бо ин вуҷуд талош доранд дер ё зуд ба ватан бозгарданд.

Орзу Даҳбошиев ба Русия бори нахуст ҳамроҳ бо дӯстонаш соли 1995 сафар кард, то дар заводи "Зил" кор кунад. "Мо мақсад доштем каме маблағ ба даст биоварему сипас кори худро дар ватан роҳандозӣ кунем. Аммо баъдан шаҳрвандӣ дарёфт кардем. Пасон кӯдакҳо таваллуд шуданд, мо ин ҷо мондем",-мегӯяд ҳамсуҳбати мо. 12 сол аст, ки Даҳбошиев дар вилояти Твер кору зиндагӣ мекунад. Ба соҳибкории хурд сару кор дорад ва раиси Ҷамъияти тоҷикон дар ноҳияи Рамушкии ин вилоят аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни тоҷикистониҳои муҳоҷиршуда ба ин вилоят ҳоло мешавад пулис, муҳандис, муаллимон ва намояндаи тахассусҳои дигарро дид. "Фарзандони мо ин ҷо зода шудаанд ва худро дар хонаи худ эҳсос мекунанд, вале мо то кунун бар ин назарем, ки имрӯз ё фардо ба ватан бармегардем",-мегӯяд Даҳбошиев.

"Муҳоҷират ҷузъи зиндагӣ боқӣ мемонад"

Бисёре аз муҳоҷирон дар сӯҳбатҳои хусусӣ эътироф мекунанд, ки агар манбаи даромад дар Ватан пайдо мешуд, онҳо бармегаштанд. Бо вуҷуди ин, ба андешаи мутахассисон, муҳоҷират қисми ҷудонопазири равандҳои дунёи имрӯз гаштааст.

"Агар мо ба намунаҳои кишварҳои дигаре, ки дорои таърихи муҳоҷират ҳастанд, аз қабили Туркия, Лаҳистон ва Мексика бингарем, мебинем ки, муҳоҷирати меҳнатӣ аз ин ҷойҳо сарфи назар аз ин ки ин давлатҳо нишондодҳои баланди иқтисодӣ ва дар саноат ба андозаи кофӣ зерсохтҳои муваффақ доранд, қатъ намешавад. Ҳатто рушди иқтисодӣ раванди муҳоҷиратро боз намедорад. Ба ин тартиб, муҳоҷират ба як одати зиндагӣ новобаста аз чигунагии вазъ дар кишвар ва ҳаёти мардум, табдил шудааст",-мегӯяд коршиноси масоили муҳоҷират, профессор Сергей Абашин.

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷират хосияти силсилавӣ дорад ва дар сурати рушди бомуваффақияти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳаҷми он коҳиш меёбад, вале ҳеҷ гоҳе қатъ намешавад, зеро ҷузъи ҳаёти ин ҷомеаҳо аст.

Бозгашти иҷборӣ

Аз ин ҷо, ки маблағҳои интиқолёфта амалан ба омили зинда мондани иқтисоди Тоҷикистон ва хонаводаҳои муҳоҷирон табдил шудаанд ва дар солҳои гуногун то 40 дарсади ММД расидаанд, дар солҳои ахир бозгашти иҷбории онҳо мушкил эҷод кардааст. Дар ҳоли ҳозир бештар аз 200 ҳазори онҳо ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд, ки ин бар пайи шадид шудани қонунгузории Русия ба миён омад.

Соли 2018 "Маркази рушди навоварона" бо пуштибонии "Институти ҷомеаи кушода", Фонди мусоидат-Тоҷикистон таҳлили мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷирони бозгаштаро гузаронид. Тадқиқот 1352 нафар аз тамоми вилоят, пойтахт ва шаҳру навоҳиро фаро гирифт.

Умед Раимдодов, яке аз пажӯҳишгарони ин тарҳ дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 45 дарсади бозгаштаҳо дар бахшҳои ғайрирасмии иқтисод кор пайдо кардаанд. Ҳастанд афроде, ки кори муваққат ёфтаанд ва бештарашон онҳоеанд, ки мунтазири тамом шудани замони ҳаққи вурудашон ҳастанд.

"Танҳо 1 дарсади пурсидашудаҳо тавонистаанд тиҷорати худро роҳандозӣ кунанд. Инҳо соҳибони даромадҳое аз 45 то 60 ҳазор рубл будаанд. Боқӣ аз 15 то 25 ҳазор ё аз 25 то 30 ҳазор маош доштаанд. Ин маблағҳоро асосан барои таъмини хона - маводи хӯрдан, сохтмону таъмири хона масраф шудаанд ва тақрибан чизе барои роҳ андохтани тиҷорат боқӣ намондааст",-гуфт Раимдодов.

Бар пайи тадқиқот як қатор тавсияҳо ба ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади реинтегратсияи муҳоҷирони бозгашта пешниҳод шуд. Дар ин феҳрист чораҳое чун ироаи машваратҳои инфиродӣ, ташкили давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, коромӯзӣ, ёрӣ барои корёбӣ ва ғайра шомиланд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар навбати худ харитаи роҳеро барои муҳоҷирони бозгашта коркард намуд. Аммо талошҳои мо барои дарёфти натиҷаҳои ин иқдом дар Вазорат ноком шуданд.

Дар Русия бино ба додаҳои гуногун дар ҳоли ҳозир бештар аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (11)

XS
SM
MD
LG