Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 соли таҳсил = 700 сомонӣ маош?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар наздикии маркази савдои “Садбарг”-и шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми март ярмаркаи ҷойҳои холии кор баргузор шуд. Як нигоҳ ба пешниҳодҳо кофист, то бубинед андозаи маош дар идораҳои давлатӣ чандон баланд нест.

700 сомонӣ барои як моҳи кор? Нархи ғизо, арзиши обу хароҷоти коммуналӣ, хароҷоти нақлиётро ҳисоб кардаанд? 700 сомонӣ барои ягон чиз намерасад.

“Ин маош ба як бор харид дар Ашан намерасад”

Дар як гӯшаи ин ярмарка табиби асабшинос, бактериолог ё вирусологро меҷӯянд. Маоши пешниҳодӣ аз 450 то 700 сомонӣ аст. Бархе корҷӯён, аз ҷумла мутахассисони тиб, ки дар ин ярмаркаи ҷойҳои холии кор иштирок карданд, мегӯянд, як ҳисобу китоби оддӣ метавонад нокофӣ будани чунин маоши пешниҳодиро нишон диҳад.

Бо назардошти инки риштаҳои буҷавӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон то рафт камтар мешавад, аксар донишҷӯҳо, аз ҷумла дар Донишгоҳи тиббӣ бар асоси қарордод таҳсил мекунанд. Арзиши миёнаи созишномаи таҳсил 8400 сомонӣ, моудили тақрибан 1000 доллари амрикоист. Шахсе, ки бо ин маблағ панҷ сол дар донишгоҳ таҳсил кардааст ва мутахассиси кори худ аст, интизор дорад, маоши хубе ба даст орад.

Дар толори ярмаркаи кор се табло бо пешниҳоди кор гузошта шудааст. Аксар корҷӯён зоҳиран аз ин пешниҳодҳо розӣ нестанд. Як пизишке, ки дар ин ярмарка барои худ ҷои кор меҷуст, гуфт, “аз ҳад зиёд сарфа кунед кунед ҳам, дар як моҳ бо 400 сомонӣ зиста намешавад.” Ӯ гуфт, хариди якдафъаина дар фурӯшгоҳи “Ашан” ин пулро “фурӯ мебарад”.

Нархи ғизо, арзиши обу хадамоти коммуналиро ҳисоб кардаанд?

Абдуқаҳҳор, яке аз корҷӯёни миёнсоли ярмарка мегӯяд, “700 сомонӣ барои як моҳи кор? Нархи ғизо, арзиши обу хароҷоти коммуналӣ, хароҷоти нақлиётро ҳисоб кардаанд? 700 сомонӣ барои ягон чиз намерасад. Ҳадди ақал 1500 - 1600 сомонӣ мебуд, барои як оилаи иборат аз ду фарзанд мерасид. Писари ман дар идораи барқ кор мекунад. 7 фарзанд дорад. Ҳамсараш 93 сомонӣ нафақа мегирад. Афсӯс, пешниҳодҳо нокофианд”, - гуфт Абдуқаҳҳор.

Бисёриҳо дар ин ярмаркаи корӣ мегуфтанд, ки беҳтарин маош ҳоло дар созмонҳои байналмилалӣ ё ширкатҳои мухобиротӣ аст.

Дар ярмаркаи ҷойҳои корие, ки соли гузашта ҳукумати шаҳри Душанбе эълон кард, 700-800 сомонӣ маош пешниҳод мешуд. Ба ингуна корҳо маъмулан ҷавонҳо ва фарзандони афроди доро ё соҳибмансаб мераванд, ки мехоҳанд дар ҳукумат карйера кунанд.

“Ингуна пешниҳод дуруст нест”

Фарзона Раҳимхонова корҷӯи дигар аст. Ӯ мегӯяд, “солҳои тӯлонӣ дар созмонҳои байналмилалӣ кор кардам. Маош дар як вазорат 700 сомонӣ аст. Ин дуруст нест. Магар арзиши кори мутахассисро мешавад бо чунин ҳаҷми маош ҳисоб кард? Вақте маълумот дорӣ, чандин забонро медонӣ, ингуна пешниҳод дуруст нест”.

Ярмаркаи ҷойҳои кор маоши нисбатан беҳтарро барои касбу коре ба мисли тарроҳ, устои сантехника ва дӯзанда пешниҳод мекунад

Аксар корҷӯён мегӯянд, хароҷоти рӯзонаи як нафар – аз арзиши хадамоти мусофирбар (1,60 сомонӣ дар як хатсайр) сар карда, то ғизои нисфирӯзӣ (15-30 сомонӣ дар рӯз) ба хароҷоти коргар меафзояд.

Як корманди Вазорати молия ҳам корҷӯи дигари ярмарка буд. Ӯ нахост номаш нашр шавад, аммо гуфт, “чаҳор сол боз дар вазорат кор мекунам. Маошам 820 сомонӣ аст. Қариб ҳар ҳафта дар шанбегиҳо иштирок мекунем. Вале пули кор ё ғизои моро намедиҳанд. Ҳоло мехоҳам корамро иваз кунам. Бо ин маош зистан хеле душвор аст.”

Маоши бештар – ба тарроҳу дӯзанда

Маоши миёна дар аксар идораҳои буҷавӣ ҳамин аст. Мизони маош дар ширкатҳои мухобиротӣ як андоза баландтар будааст – аз 1200 то 1400 сомонӣ дар моҳ. Аксар корҷӯён мехоҳанд ба иловаи маош ҳавасмандии бештар бошад: иловапулӣ, кумаки иҷтимоӣ ва ғайра. Вале дар корхонаҳое, ки маоши беҳтару баъзе имтиёзҳо доранд, ҷои холӣ вуҷуд надорад.

Дар муқоиса бо кор дар сохторҳои буҷавӣ, ярмаркаи ҷойҳои кор маоши нисбатан беҳтарро барои касбу коре ба мисли моделер-конструктор ё тарроҳ, устои сантехника ва дӯзанда пешниҳод мекунанд. Масалан, барои чунин корҳо дар комбинати нассоҷӣ аз 900 то 2000 сомонӣ маош пешниҳод мешавад. Баландии маошро барои ин касбу кор ба камбуди мутахассисон рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG