Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои 675 миллион доллар барои мубориза бо вируси нав. ВИДЕО


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки барои мубориза бо вируси нав ва пешгирӣ аз густариши он 675 миллион доллар ҷудо кунанд. Вируси нав, ки охири моҳи декабри соли гузашта пайдо шуд, то ҳол беш аз 560 нафарро кушт ва 28 ҳазор каси дигарро бемор кард. Дар кишварҳои дигари ҷаҳон 191 нафар ба ин бемории нави роҳҳои нафас гирифтор шудаанд.

Чин ба мардуми зиёдтаре амр дод, ки дар хонаҳояшон бимонанд, то аз сирояти вируси нав эмин бошанд.

Сонг Шули, намояндаи Вазорати тандурустии Чин, гуфт, "ҳоло 3219 бемории вазнин дорем. 892 каси дигарро муолиҷа карда, аз шифохона ҷавоб додем."

Тарс аз густариши беморӣ дар ҷаҳон меафзояд. Вирус ба 40 нафар аз мусофирони киштии бузурге, ки дар Ҷопон лангар андохтааст, сироят кардааст. Киштӣ 3700 мусофиру маллоҳ дорад.

Дейвид Эйбл, яке аз мусофирон мегӯяд, онҳо бояд то ду ҳафтаи дигар дар утоқҳояшон бимонанд. "Толеи мо баландӣ кард, чун утоқи мо айвон дорад ва метавонем дарро боз кунему нафаси тоза бигирем. Агар ҳавои офтобӣ бошед, дар айвон мешинем. Дили ман ба онҳое месӯзад, ки дар утоқҳои баста ҳастанд, на офтобро мебинанд, на ҳавои тоза доранд", – гуфт ӯ.

Видео дар инҷост:

WHO барои мубориза бо вируси нав 675 миллион доллар хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Рӯзи 5-уми феврал садҳо амрикоиро аз Чин ба Калифорния бурданд. Мусофирони ҳавопайморо барои муоина дар шифохонаҳои чаҳор пойгоҳи низомӣ тақсим карда, ду ҳафта нигаҳ медоранд. Дар як нишасте дар Вашингтон як пажуҳишгар сиёсатҳои Амрикоро дар ин замина суолбарангез номид.

Ҷеннифер Нуззо аз Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс гуфт, "ба забони оддӣ бигӯем, ин вирус бисёр зуд ва босуръат ва сокит паҳн мешавад. Назорати мо маҳдуд аст ва мо намедонем, вирус аз кадом кишвар меояд. Вирус метавонад, аз кишварҳои дигаре ба Амрико биёяд, на он кишваре, ки вуруд аз онҷоро маҳдуд кардем."

Дар Женева мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хост, ҷомеаи байналмилалӣ бештар саъй кунад. Тедрос Гебрейеус, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, "мо имрӯз барномаи стратегии омодагӣ ва муқобиларо оғоз мекунем, то барои пешгирӣ ташхису ошкор кардани вирус ба кишварҳо кумак расонем. Барои иҷрои барнома дар се моҳи оянда ба 675 миллион доллар эҳтиёҷ дорем."

Ба қавли ӯ, тамаркуз набояд фақат ба Чин бошад, зеро мумкин аст, беморӣ дар кишварҳои фақир назар ба Чин бештар хуруҷ кунад ва онҳо ба кумак эҳтиёҷ хоҳанд дошт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG