Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиби чинии ифшогари "корона" худ қурбонии ин вирус шуд


Табибони чинӣ. Акс аз бойгонӣ.
Табибони чинӣ. Акс аз бойгонӣ.

Бемористони марказии Вуҳан дар Чин эълом кард, ки Ли Венлианг, табиби чиние, ки барои аввалин бор дар бораи нишонаҳои паҳн шудани вируси корона ҳушдор дода буд, бар асари мубтало шудан ба ин вирус, ҷони худро аз даст додааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", субҳи рӯзи панҷшанбе гузоришҳои мутаноқизе дар мавриди марги ин табиби 34-солаи чинӣ нашр шуда буд ва бемористони марказии Вуҳан ҳам эълом карда буд, ки ҳоли ӯ "вазнин" аст. Аммо нимашаби гузашта ин бемористон эълом кард, ки Ли Венлианг ҷон бохтааст.

Дар баёнияи бемористони марказии Вуҳан омадааст, мутаассифона Ли Венлианг дар ҷараёни мубориза бо эпидемияи вируси нави корона, ба ин вирус мубтало шуд. Бемористони марказии Вуҳан нисбат ба марги ин пизишки чинӣ "амиқан" ибрози таассуф кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ли Венлианг мутахассиси чашм дар бемористони марказии Вуҳан дар моҳи декабр пас аз муоинаи чанд бемор ва мушоҳидаи нишонаҳои пайдо шудани вирус монанд бо вируси "САРС", бо шуморе аз табибон дар Донишкадаи тиббӣ мубодилаи афкор намуда, аз хатари паҳн шудани ин вируси нав ибрози нигаронӣ карда буд.

Тибқи ин гузориш, пулис ба бораи хабари паҳн шудани ин вируси нав ба Ли Венлианг ҳушдор дода буд. Гуфта мешавад, эҳтимолан маншаи паҳн шудани ин вируси нав аз тариқи бозори ғайриқонунии гӯшти ҳайвонот дар шаҳри Вуҳан аст.

Хабаргузории "Рейтерз" ҳам мегӯяд, то рӯзи панҷшанбе шумораи қурбониёни вируси корона дар Чин ба 636 тан расида, теъдоди мубталоён ба ин вирус низ беш аз 28 ҳазор тан эълом шудааст.

Син Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ҳам рӯзи панҷшанбе талош кардааст, ки ба мардуми кишвар ва ҷаҳониён итминон бидиҳад, ки Чин қодир аст вируси коронаро аз байн барад.

Си Ҷинпин дар гуфтугӯи телефонӣ бо подшоҳи Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки кишвараш бо тамоми қувва ва бо истифода аз дақиқтарин чораҳои пешгирона ва назорат, ҷанг алайҳи ин эпидемияро оғоз кардааст.

Бемории "САРС", ки дар солҳои 2002-2003 аз Чин оғоз шуда буд, боиси марги ҳадди ақал 800 нафар дар ҷаҳон шуда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG