Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси корона. Бемористоне ки Чин дар 10 рӯз сохт, ба кор оғоз мекунад


Бемористон бо 1000 тахти хоб, ки ҳукумати Чин барои муқобила бо вируси корона дар шаҳри Вуҳан зарфи тақрибан 10 рӯз бунёд кард, фаъолияти худро оғоз мекунад.

Ҳамзамон бо омода шудани ин бемористон, мақомҳои чинӣ эълон карданд, ки шумораи ҷонбохтагон бар асари ин вирус дар он кишвар ба 361 тан расидааст. Ин рақам бештар аз шумораи қурбониёни вируси САРС дар Чин дар солҳои 2002-2003 мебошад.

Расонаҳои давлатии Чин мегӯянд, бунёди бемористони нав дар шаҳри Вуҳан дар рӯзи 24-уми январ оғоз шуд ва қарор аст имрӯз, душанбеи 3-юми феврал оғоз ба пазириши беморон кунад.

Марҳилаи аввали бунёди бемористони нав замоне оғоз шуд, ки дигар каму беш мушаххас шуда буд Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон бо вазъияти фавқулодда рӯбарӯ шудаанд. Танҳо чанд рӯз баъд, рӯзи панҷшанбеи 30-юми январ Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳолати фавқулоддаи байналмилалӣ эълон кард.

Бемористони нав дар Вуҳан дар 25 ҳазор метри мураббаъ бо ҳазор тахти хоб сохта шуда ва масъулияти он низ бо бахши тиббии артиши Чин вогузор шудааст. Дар ин бемористон дар дараҷаи аввал касоне бистарӣ хоҳанд шуд, ки вируси корона дар онҳо муайян шудааст.

Хабаргузориҳо ва расонаҳои давлатии Чин гуфтаанд, бемористони дигаре низ дар минтақа дар ҳоли бунёд кардан аст, ки ба гуфтаи онҳо, то рӯзи чаҳоршанбе омодаи баҳрабардорӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, шумораи қурбониён ва гирифторон ба вируси нав дар Чин ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 17 ҳазор нафар ба ин вирус мубтало шуда, шумораи ҷонбохтагон ба 361 нафар расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд назорат дар марз бо Чинро шиддат бахшидаанд ва афроде, ки аз Чин вориди кишвар мешаванд, таҳти муоина қарор мегиранд.

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз сокинон хостаанд, ки дар авҷи паҳн шудани вируси хатарноки нав дар Чин, аз сафар ба он кишвар худдорӣ кунанд. Аз Тоҷикистон асосан тоҷирон барои харид ва овардани мол ба Чин мераванд.

Аз ин пеш, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода хабар дод, ки дар Вуҳан, маркази кашфи вируси нав, ҳоли ҳозир 43 донишҷӯи тоҷик мондаанд. 18 нафари дигар чанде пеш барои таътил ба кишвар омадаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, "дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона сабт нашудааст".

Чин ҳамсояи ҳаммарз ва яке аз манбаъҳои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрок ва ашёи дигар ба Тоҷикистон аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG