Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муоинаи 285 нафар, ки аз Чин ба Тоҷикистон баргаштанд. ВИДЕО


Мақомоти тоҷик мегӯянд, то кунун 285 нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, зери муоинаи пизишкон қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи мақомот, инҳо шахсоне мебошанд, ки аз нимаҳои моҳи январ то имрӯз аз Чин вориди Тоҷикистон шудаанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар миёни онҳо атбои Чин низ ҳастанд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бештари ин афрод донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд. "Дар миёни ин афрод нишонаҳои вирус то кунун ошкор нашудааст",-афзуд вай.

Ба гуфтаи ин масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ин афрод муддати 14 рӯз дар беморхонаҳои сироятӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва "дар ин муддат онҳо бо касе тамоси мустақим нахоҳанд дошт ва дар ҳолати ошкор шудани нишонаҳои вирус, дар ҳуҷраҳои алоҳида муолиҷа мегиранд".

Муоинаи 285 нафар, ки аз Чин ба Тоҷикистон баргаштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар ҳоли ҳозир ин афрод дар бемористонҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт, зери муоинаи табибон қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, афроди таҳти назорати табибон се дафъа бо хӯроки ройгон таъмин карда шуда, дар рӯз чанд бор ҳарорати бадан ва вазъи сиҳатиашон санҷиш мешавад. Феълан шаҳрвандони Тоҷикистону Чин аз тариқи 5 кишвари дигар вориди Тоҷикистон мешаванд. Онҳо аз фурудгоҳ тавассути нақлиёти махсус ба бемористонҳо интиқол шуда, номашон дар даромадгоҳи бемористон дар феҳристи махсус сабт мегардад.

Ирода Акрамова, сокини Душанбе, ки ҳоло духтари донишҷӯяш дар Бемористони сироятии Душанбе бистарист гуфт, "духтарам соати дуи имрӯз дар фурудгоҳ поин шуд. Тасмим доштанд ҳамроҳи дугонааш бо таксӣ ба хона биёянд. Дар фурудгоҳ ҳарорати баданашро санҷиданд. Ӯ дар як шаҳри Чин таҳсил дорад, ки дар он ҷой коронавирус паҳн нашудааст. Аз ин рӯ, бовар дошт ӯро ҷавоб медиҳанд. Либоси тунук дошт ва дар фурудгоҳ сахт хунук хӯрдааст. Баъди ин дар як автобуси хурд онҳоро савор карда, ҳамроҳ бо чандин нафари дигар ба бемористони сироятӣ оварданд".

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ субҳи душанбеи 3-юми феврал нишон дод, ки Бемористони сироятии Душанбе воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, таҳти назорати мақомоти қудратӣ қарор дорад.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки беморони дигари сироятиро дар бемористонҳои дигар қабул мекунанд ва ин шифохона дар ҳолати карантин қарор дорад ва танҳо афроди аз Чин омада, бистарӣ карда шудаанд.

Дар даромадгоҳи ин бемористон феҳристи афроди бистаришуда овезон карда шудааст ва наздикони онҳо танҳо аз табибони навбатдор дар мавриди пайвандонашон маълумот дарёфт мекунанд.

Баракатулло Азамхонов ёздаҳ рӯз боз дар бемористони сироятии ноҳияи Рӯдакӣ бистарист. Ӯ донишҷӯи соли сеюми яке аз донишгоҳҳои Чин аст ва рӯзи 22-юми январ тариқи ҳавопаймо аз Урумчӣ вориди Душанбе шуд. Ҳоло ӯ зери муоинаи пизишкон қарор дорад ва ба мегӯяд, натиҷаи ташхисҳои тиббӣ ӯро солим муайян кардааст.

Азамхонов ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте вориди Душанбе шуд, дар фурудгоҳ суроға ва рақами телефони пайвандонашро номнавис карданд ва баъд аз се рӯз ӯро барои бистарӣ кардан ба бемористон даъват намуданд. Ин ҷавон мегӯяд, дар аввал аз дарди гулӯ ва роҳҳои нафаскашӣ ранҷ мебурд ва ҳоло вазъаш беҳтар шудааст. Аммо он чӣ боиси нигаронии ин ҷавон аст, набуди шароити мусоид дар бемористон мебошад.

"Маро ду рӯзи пеш аз бемористон ҷавоб доданд, аммо дубора даъват карда ва гуфтанд, ки бояд 14 рӯз дар беморхона хоб кунам. Шояд бемористонҳои пойтахт шароити хуби нигаҳдории беморонро доранд, аммо инҷо ҳатто ҷои дастшӯӣ надорад".

Ҳузури мо дар ин бемористон нишон дод, ки Баракатулло дар як ҳуҷра танҳо нигоҳ дошта мешавад ва ҳатто ҳуҷраҳои ҳамсояро аз беморон холӣ кардаанд.

Аммо дар Шӯъбаи бемориҳои сироятии ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ аз додани ҳамагуна иттиллоъ худдорӣ карданд ва ҳатто нагуфтанд беморе бо номи Баракатулло дар ин беморхона бистарист.

Чин ҳамсояи ҳаммарз ва яке аз манбаъҳои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрок ва ашёи дигар ба Тоҷикистон аст.

Шумораи қурбониён ва гирифторон ба вируси нав дар Чин ҳоло рӯ ба афзоиш аст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 17 ҳазор нафар дар он кишвар ба ин вирус мубтало шуда, шумораи ҷонбохтагон ба 361 нафар расидааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG