Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус пеши маҷрои сармоя ба Тоҷикистонро "бастааст". ВИДЕО


Фаррух Ҳамрализода

Густариши бемории COVID-19 дар ҷаҳон вуруди сармояҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз идомаи вазъи буҳронии коронавирус нигарон аст ва эҳтимоли то 50 дарсад кам шудани сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ рӯзи 28-уми июл гуфт, "мо тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дорем, ки бештари онҳо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аст. Вале интизор дорем, ки сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон аз 30 то 50 дарсад коҳиш меёбад."

Ҳамрализода бо такя ба маводи пешниҳодкардаи ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ мегӯяд, тахмин мешавад, то охири имсол сармояи мустақими хориҷӣ аз 15 то 40 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Буҳрони сармоягузории хориҷӣ соли оянда низ идома карда, то 10 дарсад кам шудани он пешбинӣ мешавад.

Коронавирус пеши маҷрои сармоя ба Тоҷикистонро "бастааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Ин буҳрон таъхири иҷрои тарҳҳои муштарак бо сармоягузорони хориҷиро низ дар пай доштааст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, "ба сабаби паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои вобаста ба ҳамлу нақл мутахассисон наметавонанд ба ҷумҳурӣ биёянд. Таҷҳизоти заруриро ҳам фиристода наметавонанд. Ва ин таъсири худро ба татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, албатта, расонида истодааст."

Фаррух Ҳамрализода афзуд, ҳоло ниҳоди зертобеаш ҳафт созишномаи сармоягузории хориҷиро баррасӣ мекунад, вале боз ҳам COVID-19 ба иҷрои онҳо монеъ мешавад. Ба ин далел, Ҳамрализода гуфт, ба ҳукумат дар бораи роҳандозии парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Душанбе пешниҳод фиристодааст.

Ба гуфтаи вай, "тавассути ин парвозҳо сармоягузорони хориҷӣ метавонанд барои идомаи музокирот вориди Тоҷикистон шаванд."

Ҳарчанд Тоҷикистон талош дорад бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ монад, солҳои ахир Чин ҳамчун шарики стратегӣ ва сармоягузори аслии тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон мондааст.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии ҳафтаномаи "Азия-Плюс", мегӯяд, "коҳиши сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон хеле бад аст. Тоҷикистон худ маблағ надорад, ки корхонаҳои нав бисозад. Дар сурати набудани сармояҳои зарурии хориҷӣ вазъи иқтисоди Тоҷикистон сахт душвор мешавад."

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дурнамои иқтисодии кишварро бознигарӣ ва рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ на 7,8 дарсад, балки 4,7 дарсад баровард кардаанд, масъалаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон пеш аз пандемия низ бо мушкилоти фасод ва ношаффофият рӯбарӯ будааст. Бо вуҷуди дарёфти беш аз 300 миллион доллар гранту ёриҳои хориҷӣ ва ҳам аз ниҳодҳои молии байналмиллалӣ дархости кумак карданаш, кишвар барномаи рӯшани ҳифзи иқтисодро аз пайомадҳои пандемия нашр накардааст.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи сешанбе ҳамчунин гуфт, интизор меравад, қисми даромади буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон аз ҳисоби тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ 1 миллиард сомонӣ (ҳудуди 100 миллион доллар) кам шавад.

Дар маҷмуъ, ба гуфтаи вай, бо назардошти вазъи пешомада қисми даромади буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон 3,7 миллиард сомонӣ (ҳудуди 370 миллион доллар) кам карда шуд. Ин ҳама амр дар зиндагии сокинони кишвар бетаъсир намондааст.

Созмонҳои молии байнулмилалӣ ҳамвора мегӯянд, таъмини зиндагии бештаре аз аҳолии Тоҷикистон дар пайи пулҳои фиристодаи муҳоҷирони тоҷик сурат мегирад. Аммо имсол ба далели баста будани роҳҳо ба ба Русияву Қазоқистон ва бекор мондани муҳоҷирон, хонаводаҳои онҳо бе таъмини молӣ монданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG