Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ тавсия додааст, Тоҷикистон қимати нерӯи барқро боло барад


Зеристгоҳи барқӣ дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ бо тасдиқи барномаи кӯмаки 134-миллиондолларӣ барои устувории "Барқи тоҷик" гуфтааст, нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистонро бояд боло баранд, вагарна ширкат аз нигоҳи молӣ устувор нахоҳад буд. Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳоди бонкро қабул кардааст ва то соли 2025 қарор аст нархи нерӯи афзоиш диҳанд.

Дар гузориши 90-саҳифаии худ Бонки Ҷаҳонӣ менависад, "ширкати энергетикӣ (манзур "Барқи тоҷик") бидуни боло бурдани нархи нерӯи барқ, ки хароҷотро бароварда кунад … дар дарозмуддат аз ҷиҳати молиявӣ устувор нахоҳад буд".

Бонки Ҷаҳонӣ охиран барои "солим" кардани вазъи молии "Барқи тоҷик" барномаи кӯмаки 134-миллиондоллариро тасдиқ кард. Қарзи "Барқи тоҷик" ба ҳолати аввали соли 2020 ба 26 миллиард, сомонӣ муодили 2,6 миллиард доллар мерасад. Барои мисол, қарзии умумии ҷумҳурӣ каме беш аз 2,8 миллиард доллар аст.

Ян-Петер Олтерс, роҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, барнома иқтидори "Барқи тоҷик"-ро бештар мекунад, то ширкат тавонад "хадамоти муносиб ба аҳолӣ" пешкаш кунад, "сармояҳои хориҷӣ ҷалб намояд" ва аз имконияти "содироти барқ ба минтақа ба хубӣ истифода кунад".

То соли 2025 нархи барқ дар Тоҷикистон паёпай гарон мешавад...

Бонки Ҷаҳонӣ пайваста ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки нархи нерӯи барқро боло барад. Зоҳиран барномаи нави ёрии молии 134 миллиондоллариро ба "Барқи тоҷик" бо шарти ризоияти ҳукумат дар боло бурдани нархи нерӯи барқ тасдиқ кардааст. Ба фарқ аз барномаҳои қаблӣ, пулҳои ин тарҳи Бонки ҷаҳонӣ танҳо дар сурати иҷро шудани шартҳояш ба кишвар дода мешавад.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон то соли 2025 тадриҷан нархи барқро боло мебарад: то соли 2021 ҳар сол ба қадри 15 дарсад ва аз соли 2022 то 2025 ҳашт дарсадӣ. То замоне, ки нархи нерӯи барқ хароҷти тавлиди онро рӯйпуш кунад.

Айни замон нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам (2,3 сент) аст. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ин нарх хароҷоти тавлиди нерӯи барқро рӯйпӯш намекунад ва бояд афзуда шавад.

Ба ҳисоби "Барқи тоҷик" нархи ҳар як киловатт/соат барқи тавлидкардааш 28 дирам (2,8 сент) арзиш дорад ва бо ҷои фоида зарар мебинад.

Агар ҳукумат бинобар гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ дар ду соли оянда 15 дарсадӣ ва се соли баъди 8 дарсадӣ арзиши барқро гарон кунад, соли 2025 нархи ҳар киловатт/соат нерӯи барқ ҳудуди 35 дирам арзиш хоҳад дошт.

"Бонки Ҷаҳонӣ вазът иқтисодии моро дуруст намедонад!"

Мирзошариф Исломидинов, мутахассиси соҳаи энержӣ, ки таҷрибаи тӯлонии мудирият дар ширкатҳои бузургро дошт, мегӯяд, пешниҳоди боло бурдани нархи нерӯи барқ дуруст нест ва дар сурати иҷрои он бар зиёни иқтисоди кишвар тамом мешавад.

Исломиддинов мегӯяд, чанде аз машваратҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ислоҳот дар кишоварзӣ боиси рукуди ин соҳа шуд. "Агар Бонки Ҷаҳонӣ ҷонибдори аз ин ҳам қиммат кардани барқ бошад, вазъияти иқтисоди моро дуруст намедонад" - иброз дошт ӯ.

Вай афзуд, дар ниҳоят вазъияти иқтисодро масъулони ҳукумат беҳтар медонанд, аммо ба назари ӯ, дар ояндаи наздик набояд нархи нерӯи барқ гарон карда шавад.

Ӯ гуфт: "Агар ба даромади миёнаи ҳозираи аҳолӣ ва ҳолати воқеии иқтисод назар андозем, нархи барқ гарон аст. Нархи барқ, ки барои корхонаҳо муайян шудааст, ниҳоят гарон аст. Ин нарх ба рушди саноат мусоидат намекунад. Ба назари мо, ҳамин нархеро, ки ҳоло ҳаст, аққалан барои се соли оянда нигоҳ доштан зарур аст. Агар мо хоҳем, ки баъзе соҳаҳои иқтисод рушд кунад, нархи ҳозираи барқро барои корхонаҳо, ки ҳоло дандоншикан аст, баръакс арзон кардан лозим аст".

Гарон кардани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон масъалаи ҳассос аст. Бисёре аз хонаводаҳо нархи кунуниро барои худ гарон мешуморанд. Баҳригули Шодӣ, сокине аз канори шаҳри Душанбе, ки чархи рӯзгорашро ба танҳои пеш мебарад, мегӯяд, пули барқи хонааш дар зимистон ҳудуди 200 сомонӣ мешавад ва агар нархи аз ин ҳам гарон шавад, ӯ намедонад аз даромади ками пешхидматӣ ӯ "чӣ гуна рӯзгори худ ва ду кӯдаки мактабхонашро пеш мебарад".

Кӣ суд ва кӣ зарар мебинад?

Ҳар боре, ки нархи нерӯи барқ боло бурда мешавад ва хабари он дар расонаҳо ба нашр мерасад, корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши тунде нишон медиҳанд.

Бонки Ҷаҳонӣ низ дар гузориши худ эътироф кардааст, ки дар сурати паёпай гарон кардани нархи нерӯи барқ то соли 2024, ҳудуди 58 ҳазор нафар дар Тоҷикистон зери хати фақр қарор хоҳанд гирифт. Бонки Ҷаҳонӣ ба хотири пешгирӣ аз чунин таъсири манфӣ пешниҳод дорад ҳукумат ба хонаводаҳо нодор кӯмаки молиявӣ расонад, то гаронии нархи барқ ҷуброн шавад.

Айни замон ҳаҷми ин гуна кӯмакҳо ба хонаводаҳои нодор 400 сомонӣ дар як сол аст. Бонки ҷаҳонӣ нархи кунунии барқро дар Тоҷикистон ноодилона мешуморад ва мегӯяд, аз ин нархи арзон бештар хонаводаҳои доро суд мебинанд, на қишри нодор.

Гарон кардани нарх роҳи ҳал аст?

Аммо коршиносон мегӯянд, ҳисобдории "Барқи тоҷик" тоҷик шафоф нест ва намешавад бар пояи он нархи барқро арзон ҳисоб кард. Анатолий Колесниченко, як корманди бахши энержӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон кор кардааст, мегӯяд, мушкили соҳаи барқ дар Тоҷикистон бештар дар интиқол ва тақсими он аст, ки ҳудуди 30 дарсади хароҷоти нерӯи барқ ба он рост меояд.

"Дар Тоҷикистон худи хароҷоти тавлиди барқ чандон зиёд нест. Бештари барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ ҳосил мешавад, ки хароҷоташ зиёд нест. Аммо ҳангоми интиқол мизони талафот зиёд аст, дуздӣ ҳам кам нест". Колесниченко гуфт, танҳо бо гарон кардани нархи нерӯи барқ мушкили "Барқи тоҷик" кам намешавад, балки тақсиму фурӯши барқро бояд пурсамар кард.

Ба ҷуз аз ВМКБ, боқӣ қаламрави Тоҷикистонро ширкати "Барқи тоҷик" бо барқ таъмин мекунад. Ин ширкат айни замон 26 нерӯгоҳро дар ихтиёр дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкати "Помир энержӣ" сокинонро бо барқ таъмин мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (50)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG